Ба суол вобаста ба фаъолияти Парки технологии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ, ки хабарнигори «Садои мардум» 1-уми феврали соли равон зимни нишасти матбуотии донишгоҳ матраҳ намуд, директори он Маҳмадамон Абдулло аз ҷумла гуфт, ки аслан дар парк баъзе таҷҳизоте, ки натиҷаи кори илмии олимон ва донишҷӯён мебошанд, танҳо дар шакли намуна сохта мешаванд. — Солҳои пештар барои муассисаҳои таълимӣ таҷҳизоти лобаратории фанни физика сохта мешуд. Мутаассифона, соли рафта дар парки технологӣ чунин таҷҳизот истеҳсол нашуд. Дар сурати пайдо шудани фармоиш мо имкони истеҳсоли чунин таҷҳизотиро дорем. Як сол қабл якҷо бо донишҷӯён дастгоҳи намунавии омехтасозии хӯроки чорво сохта шуд, ки дар Озмуни ҷумҳуриявии «Ихтироъкори беҳтарин» ҷойи намоёнро сазовор гардид»- илова намуд директори парк.
Ректори донишгоҳ Давлатзода Қудрат Қамбар таъсиси «Маркази таҷрибавӣ ва таълимоти касбии Тоҷикистону Чин — Лубан»-ро аз рӯйдодҳои муҳими фаъолияти донишгоҳ дар соли гузашта арзёбӣ намуд. Тавре таъкид гардид, он дар доираи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» бунёд ва бо таҷҳизоти наву замонавӣ муҷаҳҳаз гардидааст.
Илова бар ин, бо ҷалби лоиҳаҳои байналмилалӣ «Озмоишгоҳи лоиҳакашӣ – истеҳсолии чопи 3D», «Озмоишгоҳи моделсозӣ дар сохтмон» ва «Озмоишгоҳи иқтисоди рақамӣ» таъсис ёфтанд.
Фарзонаи ФАЙЗАЛӢ,
«Садои мардум»