Тавре сардори Раёсати рушди иқтисод ва савдои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Латиф Шоҳзодаев иброз дошт: дар соли 2012- ум сохтмони 222 адад иншооти хурду бузург бо арзиши харҷномавии 380 миллион сомонӣ оғоз гардида, 80 иншоот бо арзиши умумии 57 миллион сомонӣ мавриди истифодабарӣ қарор дода шуд. Сохтмон, таъмир ва азнавсозии иншооти дигар идома дорад. Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2012 барои сохтмонҳои нотамоми вилоят 4,5 миллион сомонӣ равона карда шуд.
Сохтмони қасрҳои фарҳанг дар деҳоти «Қурбоншоҳ Гадолиев»- и ноҳияи Роштқалъа ва маркази ноҳияи Рӯшон, мактаби дуошёна дар деҳаи Барсеми деҳоти «Сучон»- и ноҳияи Шуғнон идома дорад.
Тибқи дастуру супориши Сарвари мамлакат асосноккунии техникӣ ва иқтисодии неругоҳҳои барқи обии «Себзор» ва «Санобод» бо иқтидори лоиҳавии 125 мегаватт дар арафаи анҷомёбист.