Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 16 июли соли 2014 ба Президенти Комиссияи Аврупо Жан-Клод Юнкер барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла чунин омадааст:
«Ҷаноби Олӣ!
Бо камоли хушӣ Шуморо ба муносибати интихоб гардиданатон ба маснади олии Президенти Комиссияи Аврупо самимона табрик ва таҳният менамоям.
Тоҷикистон барои густариши ҳамаҷонибаи ҳамкориҳои судманд бо Иттиҳоди Аврупо ҳавасманд аст ва мо аз сатҳи имрӯзаи ин ҳамкориҳо қаноатмандем.
Табиист, ки мо ба ояндаи неки равобити ҳасана бо Иттиҳоди Аврупо итминон дорем ва барои рушду густариши онҳо пайваста саъю талош хоҳем кард.
Изҳори умедворӣ менамоям, ки дар замони роҳбарии Шумо ба ин ниҳоди бонуфуз ҳамкорӣ ва шарикии гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо сатҳи сифатан навро касб намуда, ба пояҳои баландтар хоҳад расид.
Бо истифода аз ин фурсати фараҳбахш ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, сиҳатии комилу саодат ва пирӯзиву комёбиҳои ҷадид орзу менамоям.
Лутфан, Ҷаноби Олӣ, эҳтиромоти фоиқаи маро бипазиред».