Сеюми феврали соли равон зимни нишасти матбуотӣ директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» Давлатзода Усмоналӣ иттилоъ дод, ки дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар соли 2022 ба истифодабарандагон ба миқдори 54 миллиону 882,7 ҳазор метри мукааб оби нӯшокӣ дастрас гардида, 21 миллиону 770,03 ҳазор метри мукааб партовобҳо бароварда шуданд.
Бино ба гуфти ӯ, соли 2022 аз шумораи зиёда аз 10 миллион аҳолии ҷумҳурӣ 65,8 фоиз ё ин ки 6 миллиону 579 ҳазор нафар бо оби нӯшокии мутамарказонидашуда таъмин мебошанд, ки нисбат ба соли 2021-ум 650 ҳазор нафар зиёд аст. Номбурда ҳамчунин иброз намуд, ки соли сипаригардида барои таҷдиду барқарорсозии 42 адад иншооти оби нӯшокӣ, рафъи обҳои партов ва хоҷагии манзилию коммуналии шаҳру ноҳияҳо ва деҳоти мамлакат аз ҳисоби маблағҳои мутамаркази ҷумҳуриявӣ 14 миллиону 500 ҳазор сомонӣ ҷудо шудааст, ки нисбат ба соли 2021 — ум 1 миллион сомонӣ зиёд аст. Маблағи мазкур барои сохтмону барқарорсозии иншооти коммуналии шаҳру ноҳияҳо ва деҳоти вилояти Хатлон — 8 миллиону 12 ҳазор сомонӣ, вилояти Суғд- 2 миллиону 659 ҳазор сомонӣ, ВМКБ — 1 миллиону 380 ҳазор сомонӣ ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 2 миллиону 270 ҳазор сомонӣ равона карда шуд.
Раҳмоналӣ ҲАБИБОВ,
«Садои мардум»