Сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Санъат гуфт, ки соли 2022 аз тарафи нозироти хадамот 40 ҳодисаи нохуши истеҳсолӣ ба қайд гирифта шуд. Дар натиҷа, 25 нафар ҳалок ва 46 кас ҷароҳати гуногуни ҷисмонӣ бардоштааст.
Сабаби асосии ҳодисаҳои нохуш бемасъулиятии муҳандисони корхонаҳо, беаҳамиятии коргарон ҳангоми кор риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ва набудани мутахассисони соҳавӣ мебошад.
Аз ҷониби кормандони хадамот нисбат ба шахсони масъули корхонаҳо барои риоя накардани қоидаҳои бехатарии саноатӣ 297 шахси ҳуқуқӣ, мансабдор ва воқеӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, ба маблағи 1 миллиону 212 ҳазору 632 сомонӣ ҷарима шуданд. Ҳангоми гузаронидани назорати техникӣ ҷиҳати бартараф намудани камбудӣ ва қонунвайронкуниҳо 130 санад нишондод пешниҳод гардид.
Дар Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 2592 корхона ва 11 ҳазору 408 иншооти зериназоратӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар давраи мавриди назар аз ҷониби 8 нозироти давлатии марказӣ ва 3 нозироти комплексии назорати бехатарии саноатӣ 130 назорати техникӣ гузаронида шуд, ки аз ин 96 назорати нақшавӣ ва 34 назорати ғайринақшавӣ мебошад.
Мафтуни ҲИСОРӢ,
«Садои мардум»