Аз рӯзгори одамони наҷиб

Ӯ раҳ ба раҳ дона ба хирмани илм афзудааст

№21 (4604) 06.02.2023

Њомид СаидовҲамеша ғарқи андеша мебинам. Симои нуронӣ ва мӯи мошубиринҷӣ ба ӯ салобати хос мебахшад. Ҳамеша шитоб дорад, ҷониби коргоҳи азизаш Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон. Дар ин боргоҳи маърифат ӯро шогирдонаш интизоранд. Профессор Ҳомид Саидов баробари корҳои илмӣ-пажӯҳишӣ ба касби омӯзгорӣ дилбастагии қавӣ дорад, чунки шуғли  омӯзгорӣ дар хонаводаи онҳо пешаи  меросӣ аст. Бародари калониаш зиндаёд Маҷид Саидов зиёда аз сӣ сол роҳбарии мактаби зодгоҳро бар дӯш дошт ва  барои фаъолияти пурсамар Аълочии маорифи халқи СССР гашта буд. Бародари дигараш Ҳамид низ яке аз  омӯзгорони  шинохтаи ноҳия маҳсуб меёфт. Ҳомид Саидов низ аз айёми мактабхонӣ орзуи  омӯзгор шуданро дар дил мепарварид.

Он айём дар мактаби деҳаи Файзободи ноҳияи Москва (ҳоло Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ) бо баҳои аъло таҳсил мекард. Офтоби бахт ба рӯи Ҳомиди ҷавон хандид. Баъд аз хатми мактаб ба факултети шарқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикис­тон дохил шуда, бо ҳидояти устодонаш аввалин маротиба ба иншо ва таҳияи мақолаҳои илмӣ, таҳлилӣ даст зад.

Соли 1976, баъд аз хатми донишгоҳ, бо тавсияи устодон дар он даргоҳи маърифат ба кор даромад ва ба таври ҷиддӣ пайи эҷоди рисолаи илмӣ ва корҳои мукаммали тадқиқотӣ гардид. Солҳои 1979-1982  ба ҳайси тарҷумон ба Афғонистон рафт. Аз рӯзҳои аввал аз пайи омӯзиши таъриху тамаддуни мардуми кишвари ҳамсоя шуда, мавзӯи рисолаи илмии хешро ба ҳаёти мардуми он бахшид.

Солҳои 1985 — 1988 бори дуюм ӯро ба Афғонистон даъват намуданд. Ин даъфа ӯ корманди масъули ҳайати мушовирони низомии Иттиҳоди Шӯравӣ дар Афғонистон буд.

Ҳомид Саидов баъди аз Афғонистон  баргаштан соли 1989 рисолаи  илмияшро дифоъ намуда, номзади илмҳои фалсафа гардид. Таҳқиқоти илмиро идома дода, ҳамроҳи ховаршиноси машҳури рус академик А. А. Клесов перомуни ҳаёт ва таърихи яҳудиёну паштунҳои Афғонистон китобе навишт, ки бо забонҳои русӣ ва англисӣ ба нашр расид. Ду асари таҳқиқотии дигари ӯ дар бораи  муносиботи миллию фарҳангии  давлатҳои Афғонистону Эрон ва як силсила мақолаҳояш низ дар  маҷаллаҳои хориҷа  интишор шуданд.

Ҳомид Саидов соли 2010 дар назди Академияи хизматчиёни давлатии назди Президенти Федератсияи Россия рисолаи илмӣ дифоъ карда, доктори илмҳои  сиёсатшиносӣ гардид. Фаъолияти мавсуф серҷабҳа аст.  Аз соли 1993 то 2000 дар Консулгарии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон кор карда, солҳои 2001 то 2008 масъули барномаҳои САҲА дар Тоҷикистон ва аз соли 2012  то соли 2015 мудирии кафедраи таърих ва назарияи муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикис­тонро ба зимма дошт.

Солҳои 1994-1995 дар Академияи дип­ломатии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон таҳсил намуд. Солҳои 1995-1998 дабири аввал – консули Сафоратхонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Эрон буд. Як муддат сарварии идораи таҳлил ва тадқиқоти стратегии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистонро ба уҳда дошт. Соли 2008 фаъолияташро дар Сафоратхонаи Тоҷикистон дар Ҳиндустон идома дод.

Қаҳрамони матлаб муаллифи китоб­ҳои таълимии «Курси лексияҳо доир ба материализми диалектикӣ», «Назарияи иҷтимоӣ-сиёсӣ» ва беш аз 70 пажӯҳиши илмӣ ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ, арабӣ буда, дар ҳамоишҳои байналмилалии илмӣ дар шаҳрҳои Деҳли, Теҳрон, Стокголм, Женева, София ва Анқара суханронӣ намудааст.

Асарҳояш аз ҷониби олимони хориҷи кишвар баҳои баланд гирифтаанд. Масалан, китоби ӯ «Паштунҳо дар ҳошияи таърихи даҳ қавми гумшудаи Бани Исроил», ки дар Ҷумҳурии Федеративии Германия ба забонҳои русӣ ва англисӣ ба нашр расидааст, дастоварди бузург маҳсуб меёбад. Китобхонаи миллии Германия ин асари Ҳомид Саидовро дар рӯйхати адабиёти машҳури библиографии дунё дохил намуда, нусхаи англисии онро серхонандатарин китоб эълон кард.

Китоби дигари профессор Ҳомид Саидов «Афғонистон ва Эрон: тавозуни рушди этномиллӣ» ном дошта, соли 2010 дар шаҳри Москва бо забони русӣ аз чоп баромад. Он аз панҷ боб иборат буда, равандҳои этномиллӣ, омилҳои пешрафти ҷомеа дар Афғонистону Эрон, муқобилиятҳои муҷоҳиддину толибон, масъалаҳои сиёсӣ-мазҳабӣ, афзоиши аҳолӣ ва иқтисодиёт бо далелҳои дақиқ баён шудаанд.

Самти дигари фаъолияти профессор Ҳомид Саидов омӯзгорӣ аст. Ӯ тайи солҳои фаъолияти илмӣ-педагогиаш ба тар­бияи кадрҳои ҷавон таваҷҷуҳи хос зоҳир менамоянд. Бо роҳбарии ӯ ёздаҳ нафар   рисолаи номзадӣ дифоъ намудаанд ва панҷ унвонҷӯи дигар дар арафаи ҳимояи рисолаҳои илмӣ мебошанд.

Профессор Ҳомид Саидов барои фаъолияти пурсамараш бо ордени «Барои хизмати Ватан», медали «70 — солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ», медали «Аз халқи шукргузори Афғонис­тон»,  унвонҳои Корманди фахрии таҳсилоти олии Федератсияи Россия, Корманди шоистаи маълумоти олии Федератсияи Россия ва Ифтихорномаи Вазорати маорифи Тоҷикистон қадр шудааст.

Роҳи умри Ҳомид Саидов пур аз баракат аст. Ӯ раҳ ба раҳ рафтаву дона-дона ба хирмани илмаш афзудааст.

Маҷид САЛИМ,

 нависанда