Нигаронӣ

Тахти сангин

№22 (4605) 08.02.2023

Тахти сангинПешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаббус зоҳир намуданд, аммо масъулин саҳлангоранд

Тавре  огоҳем,  соли 2021 пешниҳоди Тоҷикистон ҷиҳати дар доираи Феҳристи ҷашнвораҳои муҳим (солҳои 2022 — 2023) таҷлил намудани 2500 — солагии яке аз мавзеъҳои таърихии кишвар -Тахти Сангин  аз ҷониби ЮНЕСКО ҷонибдорӣ ёфт. Ҷашни мазкур имсол таҷлил мегардад, ки он аз рӯйдодҳои муҳими фарҳангии сол хоҳад буд.

Ёдгорие, ки дар борааш кам медонем

Тахти Сангин, ки дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон, наздикии сарҳади Тоҷикистону Афғонистон ҷойгир аст, аз нодиртарин ёдгориҳои  замони тоисломии Осиёи Марказӣ ба шумор меравад. Аз арк, истеҳком­ ва маҳали шаҳрнишин иборат аст. Ин мавзеъ миёни мардум бо «Дафинаи Амударё» ё «Хазинаи Окс», ки  аз 1300 тангаву зарфҳои дигари нуқрагину зарандуд иборат асту ҳоло Осорхонаи марказии Лондонро зеб медиҳад, машҳур мебошад. Чӣ гуна рабудани хазина ва чӣ тавр ба осорхонаи ин шаҳр роҳ ёфтани он мавзӯи баҳси ҷудогона мебошад, аммо ғановати мавзеъ танҳо ин хазина нест. Тахти Сангин маъбад, иншооти шоҳонаи замони Искандари Мақдунӣ ва садҳо далели дигари ҷолиби таърихро маҳфуз медорад, ки ҳам гувоҳи  аз азал тамаддунофар будани  миллати мо ва шаҳодати арзиши башарӣ дош­тани ёдгорӣ мебошанд. Вале аз ин махсусият бештар муаррихон огоҳанд. Мутаассифона, мо — хоса насли ҷавон бинобар кам тарғиб шудан ё майл надоштан ба таърих дар ин маврид камтар медонем ё чизе намедонем.

Аҳамияти ҷаҳонии Тахти Сангин

Омӯзиши ёдгорӣ солҳои 70-уми асри гузашта  оғоз шуд, ки ин Экспедитсияи бостоншиносии ҷанубии Тоҷикистон ном дорад. Роҳбари экспедитсия Борис Анатолевич Лит­винский буд. Баъдан, ба гурӯҳ ­И. Пичикян ҳамроҳ шуд ва онҳо солҳои тӯлонӣ дар ин мавзеъ корҳои ҳафриётӣ гузаронданд. Бостоншиносон дар ин ҳудуд се қабати зиндагии инсонҳоро пайдо намудаанд, ки ҳар кадом бозгӯйи давраҳои гуногуни давлатдорӣ ва таърихӣ мебошанд. Қабати қадимааш ба асрҳои VI — V (пеш аз мелод) рост меояд, ки  ин замони давлатдории Ҳахоманишиён аст. Тибқи сарчашмаҳои таърихӣ, давлатдории Ҳахоманишиён аз ҷониби империяи Юнону мақдуниҳо забт ва дар ҳудуди Осиёи Марказӣ давлати пуриқтидоре бо номи Селевкиён ва Юнону Бохтар пайдо мешавад. Баъдан, ин давлат аз ҷониби Кӯшониён фурӯ пошид. Бос­тоншиносон собит намуданд, ки ин мавзеъ на танҳо таҷассумгари миллати тамаддунофари мо — тоҷикон мебошад, балки дар пайдоиш ва инкишофи тамаддуни башар нақши мондагор дорад. Ин далел аз лиҳози илмӣ собитшудае мебошад, ки мо онро бояд донем ва ҳифз намоем.

Насрулло Убайдулло, директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон масъаларо чунин шарҳ дод: «Ҳудуди Тахти Сангин ниҳоят калон аст. Бостоншиносон зимни корҳои ҳафриётӣ аз ин мавзеъ маводи замони тоисломӣ, тоюнонӣ ва ҳам юнонӣ пайдо намуданд. Баъд аз он ки Искандари Мақдунӣ Осиёи Марказиро забт намуд, ин ҷо як муддат тамаддуне пайдо шуд, ки  эленистӣ (маданияти  омехта) номаш мебаранд. Яъне, тамаддуне, ки дар натиҷаи омезиши  фарҳанги Ғарбу Шарқ ба вуҷуд омадааст ва аҳамияти ҷаҳонии мавзеъ низ маҳз дар ҳамин таҷассум ёфта, он инъикосгари омезиши ду фарҳанг мебошад».

Ҳафриёти охир чӣ натиҷа дод?

Тобистони соли сипаришуда кормандони Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши назди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар ҳудуди ёдгорӣ корҳои ҳафриётӣ гузаронданд. Ҷойи ҳафриёт байни маъбад ва дарё интихоб гардид. Бостоншиносон дар қабати болоӣ иншооти замони Кӯшониёнро пайдо карда, давраҳои гуногуни зиндагии одамонро маълум намуданд. Манзилҳои васеи кашфшуда, ки қад-қади деворҳои он суфаҳо сохтаву гаҷмолӣ шудаанд, унсурҳои меъморӣ ва тарзи зиндагии гузаштагони моро возеҳ месозад. Коршиносон дар қисмати поёнии биноҳо, росткунҷаҳои аз санг сохташуда ва паҳлуи онҳо сӯрохӣ мушоҳида намуданд. Ба гуфти бостоншиносон,  ин сӯрохиҳо бар асари истифодаи дарозмуддати оташ пайдо шудаанд. Аз поёни ин қабат анбори хӯрок ва устохонаи давраи Юнону Бохтар пайдо гардид.

Миёни бозёфт пораи санге мавҷуд аст, ки рӯи он матни бохтарии давраи Кӯшониён маҳфуз мондааст. Ин навиштаро, ки  тақрибан ба асри I пеш аз милод рост меояд, бостоншиносон нодир арзёбӣ мекунанд.

Бино ба иттилои роҳбари экспедитсия Тура Хуҷагелдиев, бозёфти ҷолиби дигари экспедитсия ин марқад аст.

- Онро аз соҳили дарёи Ому кашф кардем. Ин аввалин гӯрхона мебошад, ки дар ҳудуди ёдгорӣ ёфт шуд, аммо ба кадом давраи таърихӣ тааллуқ доштанаш ҳоло муайян нашудааст. Ба ин хотир ба озмоишгоҳи Донишгоҳи шаҳри Орхуси Дания баъзе маълумотро фирис­тодем, ки натиҷаҳои он ояндаи наздик муайян хоҳад шуд, — гуфт  Т. Хуҷагелдиев.

Ашёҳои дигари ёфтшудаи сафолин, оҳанин, сангину шишагин, шадда ва ҳалқаҳои биринҷӣ аз ҳунармандии гузаштагонамон гувоҳӣ медиҳанд.

То ҷашн фурсат андак аст…

Пос доштани арзишҳои ниёкон ва ба ҷаҳониён муаррифӣ намудани он кори чандон саҳл нест, бо вуҷуди ин, ба ташаббус ва роҳнамоиҳои Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон тавонистем, баъзе аз ёдгориҳои таърихиамонро дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ ва ҳимоя намоем. Аз ҷумла, ин муддат шаҳраки Саразм ба Феҳристи мероси фарҳангии ЮНЕСКО шомил ва соли 2020-ум 5500-солагии он дар доираи ҷашнвораҳои ЮНЕСКО таҷлил гардид. Иқдоми ҷашнгирии 2500 — солагии Тахти Сангин идомаи мантиқии ибтикороти дурандешонаи Сарвари фарҳангпарвари Тоҷикистон маҳсуб меёбад, ки боиси фараҳмандӣ ва ифтихори ҳар яки мо мебошад. Вале дар ҳамовозӣ ба ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оё масъулони дигар, хоса Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён, Вазорати фарҳанг, Кумитаи рушди сайёҳӣ, кори чашмрас анҷом доданд?

Мурод аз таҷлили солгарди мавзеъ, агар аз як ҷониб, муаррифии миллат дар сатҳи ҷаҳон бошад, аз ҷониби дигар, ҳифзи ёдгорӣ ва ба ин роҳ ҷалб намудани сайёҳони хориҷӣ ба кишвар аст. Варақаҳои иттилоотӣ, барномаҳои гуногуни радиову телевизион, ки бо забонҳои тоҷикиву ғайр пешкаши мардум мегарданд, албатта, ҷиҳати муаррифии ёдгорӣ муфид мебошанд, аммо дар ин самт корҳои муҳимтар анҷом бояд дод.

Дар ҳудуди ин мавзеъ Маъбади Окс мавриди таҳқиқи бештар қарор гирифта, дар ин бора се ҷилд китоб ҳам таълиф шудааст. Дар маҷмӯъ, то имрӯз бостоншиносон зимни корҳои ҳафриётӣ беш аз 12 ҳазор ашёи гуногуни тилло, нуқра, биринҷ, оҳан, оҷ (устухони фил), шиша, санг, гаҷ, гил пайдо карда бошанд ҳам, аммо худуди шаҳристони Тахти Сангин пурра таҳқиқ нагардидааст. Медонем, ки барои комил омӯхтани мавзеъ солиёни зиёд лозим аст, аммо ба ҳар сурат интизор будем баъди ба Феҳристи ҷашнвораҳои муҳими  ЮНЕСКО шомил шудан, корҳои ҳафриётӣ — омӯзишӣ дар ин мавзеъ лоақал вусъат меёбанд, аммо чунин нашуд. То имрӯз дар ёдгорӣ танҳо як экспедитсияи илмӣ (шунидам, ки моҳи апрел корҳои ҳафриётӣ дар мавзеъ идома меёбанд) анҷом пазируфтааст.

Бо он арзишҳои махсуси фарҳангиву башарие, ки ёдгорӣ дорад, аз муҳимтарин мавзеи тамошогоҳи сайёҳон арзёбӣ мешавад. Аммо то ёдгорӣ ҳатто роҳи дурусту ҳамвор ҳам надорем. Агар медоштем ҳам,  ба сайёҳон дар ин ҳудуд чизи қобили таваҷҷуҳ манзур дошта наметавонем, зеро он ҳанӯз ба шеваи сангтӯдаву хоктӯда боқӣ мондаву интизори ободгарист.

Аз замони ба  Феҳристи ҷашнвораҳои муҳими ЮНЕСКО шомил шудани солгарди Тахти Сангин беш аз як сол сипарӣ шуд ва барои анҷом додани чунин корҳои ҳам барои ёдгорӣ ва ҳам таърих муфид ин муддатро аз даст додем. То ҷашн фурсат андак аст. Дар ин муддат чӣ корҳо анҷом мепазиранд, вақт нишон хоҳад дод.

Фарзонаи ФАЙЗАЛӢ,

«Садои мардум»