Муъминобод: Нақшаи андоз 102 фоиз иҷро гардид

№22 (4605) 08.02.2023

davСоли 2022 нақшаи андоз ва дигар пардохт­ҳои ҳатмӣ дар ноҳияи Муъминобод 102,7 фоиз иҷро гардида, ба буҷет 20 миллиону 673 ҳазору 555 сомонӣ ворид шуд.

Тавре сардори Нозироти андози ноҳия Абдуқаҳҳорзода Меҳроҷ изҳор дошт, то якуми январи соли 2022 бақияпулиҳои андоз дар ноҳияи Муъминобод беш аз ду миллион сомониро ташкил медод. Бо мақсади кам кардани онҳо дар ин давра як қатор корҳо анҷом дода шуда, ин нишондиҳанда беш аз 148 ҳазор сомонӣ кам гардид.

Дар ноҳия 326 соҳибкори инфиродӣ тибқи патент, 165 соҳибкор бо шаҳодатнома, 457 шахси ҳуқуқӣ ва 4760 хоҷагии деҳқонӣ фаъолият мекунанд.

Ҷиҳати маҷбуран ситонидани бақияпулиҳои қарзи андоз аз тарафи мутахассисони Нозироти андози ноҳия чораҳои таъсирбахш андешида, ба суроғаи 1034 андозсупоранда ба маб­лағи 2 миллиону 82 ҳазору 737 сомонӣ огоҳӣ ирсол шуд.

Иттилоъ гирифтем, ки нисбат ба 191 андоз­супоранда ба маблағи 1 миллиону 435 ҳазору 700 сомонӣ қарор қабул гардида, аз ин ҳисоб 935 ҳазору 700 сомонӣ ба буҷети давлатӣ ворид гардид. Нисбат ба 55 андозсупорандаи дигар ба маблағи 105 ҳазору 874 сомонӣ протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, аз ин ҳисоб 74074 сомонӣ ситонида шуд.

Исломи РАҶАБАЛӢ,

 «Садои мардум»