Зимни нишасти матбуотӣ сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барно Саидвализода зикр кард, ки дар давраи ҳисоботӣ ба дастгоҳи марказии хадамот ва воҳидҳои сохтории он дар маҳалҳо 40 ҳазору 860 мавод ва арзу муроҷиати шахсони воқеию ҳуқуқӣ вобаста ба масъалаҳои таъмини иҷрои санадҳои судӣ ва дигар санадҳои мақомоти давлатӣ ворид гардидааст.
- Соли 2022 ба хадамот 11 ҳазору 636 истеҳсолоти иҷро оид ба ситонидани маблағи алимент ворид гардид, ки назар ба соли 2021-ум 1662 истеҳсолоти иҷро камтар мебошад. Бо тадбирҳои андешидаи хадамот ва мақомоти марбута, ки корро дар ин самт тақвият доданд, шумораи истеҳсолоти иҷро оид ба ситонидани алимент камтар гардид. Айни замон аз солҳои пешин дар маҷмӯъ, 94 ҳазору 934 ҳуҷҷати иҷро вобаста ба ситонидани маблағи алимент дар баррасии иҷрочиён мавриди иҷро қарор доранд. Аз ҷониби иҷрочиён ба манфиати модару кӯдак зиёда аз 39,9 млн. сомонӣ маблағи алимент ситонида шудааст, ки назар ба соли қаблӣ 18,4 млн. сомонӣ зиёд мебошад, — гуфт Барно Саидвализода.
Бинобар барқасдона саркашӣ кардани қарздорон аз пардохти маблағи алимент нисбат ба 538 нафар қарздор тибқи талаботи моддаи 177 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди иҷрочиён аз ҷониби мақомоти прокуратура парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст. Нисбат ба 398 нафар қарздор барои сари вақт напардохтани маблағи алимент ва пинҳон кардани суроғаи ҷои зисташон бо таъиноти суд ва қарори иҷрочиёни мақомоти иҷро кофтуков эълон шудааст.
Гуфта шуд, ки яке аз мушкилоти истеҳсолоти иҷро саркашӣ кардани падар аз супоридани маблағи алимент ба шумор меравад. Бинобар ин, хадамот дар ҳамбастагӣ бо шарикони рушд наворҳои иҷтимоии видеоӣ вобаста ба алимент ва оқибатҳои пардохт накардани он, инчунин феҳристи ягонаи қарздоронро омода намудаанд, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ пахш карда мешавад.
Мафтунаи ҲИСОРӢ,
«Садои мардум»