Аз нишастҳои матбуотӣ

Дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон корбарии электронӣ ҷорӣ гардид

№22 (4605) 08.02.2023

mahmadyorzoda-mamurДар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур соли таҳсили 2022-2023 барои 53 ихтисос мутобиқи талаботи байналмилалӣ ва принсипҳои Болония барномаҳои нави таълимӣ таҳия шуд, ки Вазорати маориф ва илми кишвар онҳоро барои истифода дар раванди таълим иҷозат дод, — гуфт ректори донишгоҳ Маҳмадёрзода Усмон зимни нишасти матбуотӣ дуюми феврали соли ҷорӣ.

Номбурда афзуд, ки ҷиҳати амалисозии ҳукумати электронӣ дар донишгоҳ фаъолият пурра электронӣ роҳандозӣ шуда, толори китобхонаи электронӣ аз ҳисоби шарикони рушд таъмир ва бо мизу курсӣ, моноблок ва дигар воситаҳои техникӣ таъмин гардид.

Ин муддат 37 чорабинии илмӣ, аз ҷумла конферен­сияҳои байналмилаливу ҷумҳуриявӣ, илмӣ-амалӣ, суҳбатҳои гирди миз баргузор шуд. Донишҷӯёни донишгоҳ дар озмунҳои «Илм-фурӯғи маърифат», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Олими пурмаҳсул», «Навовари беҳтарин», «Донишҷӯи сол», «Беҳтарин ихтироот» ва амсоли инҳо фаъолона иштирок намуданд.

Ректори донишгоҳ зикр кард, ки донишгоҳ бо 125 ташкилот ва муассисаҳои таҳсилоти олии хориҷи кишвар шартномаи ҳамкорӣ дорад.

Гуфта шуд, ки дар баробари пеш бурдани корҳои таълиму тарбия ва рисолаҳои пажӯҳишӣ раёсати донишгоҳ ба донишҷӯёни ятим, маъюб ва устодони барҷомонда ­пайваста кумаки моддӣ мерасонад.

Дар маҷмӯъ, роҳбарият, раёсат ва устодони донишгоҳ бо мақсади тарбияи мутахассисони хуби соҳаи кишоварзӣ дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кор қарор додаанд.

Ворис,

 «Садои мардум»