Нашриёти «Русская литература» — и шаҳри Душанбе дар остонаи ҷашни Истиқлолият китоби «Шуғнон»-ро ба нашр расонд.
Муҳаррири китоб Тилло Некқадамов ва рӯзноманигор Шакарбек Қурбонбеков дар гирд овардани мавод ва суратҳои китоби нав саҳми калон гузоштанд.
Китоби «Шуғнон» таҳти назари академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Мамадшо Илолов ва доктори илмҳои филологӣ, профессор Парвона Ҷамшедов интишор гардид.
Маводи гирдовардашудаи ин китоб асосан ба ду давра ихтисос дода шудаанд. Даври аввали он то Инқилоби Октябр ва қисмати дуюми он аз замони Ҳокимияти Шӯравӣ то даврони Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро дар бар мегирад, ки аз ҳаёти сокинони Шуғнон ва таъриху бостоншиносии мардуми ин сарзамин ҳикоят мекунад. Ҳамчунин дар китоб роҷеъ ба ҳаёт ва фаъолияти фарзандони фарзонаи ин диёр, рӯзгори мардуми ин минтақаи кӯҳистон маълумоти мухтасари энсиклопедӣ гирд оварда шудааст.
Дар робита ба даврони соҳибистиқлолии кишвар гуфта шудааст, ки маҳз дар ҳамин давра маркази маъмурии ноҳияи Шуғнон, ки қаблан дар шаҳри Хоруғ мустақар буд, бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташаббуси Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷамоати деҳоти «Поршинев» интиқол дода шуд. Бо бунёд ёфтани шаҳрак маркази маъмурии Шуғнон Ваҳдат номгузорӣ гардид.
Китоби мазкур, ки беш аз 700 саҳифаро дар бар мегирад, бо кумаки Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон бо теъдоди ҳазор нусха нашр гардид.
АМИТ «Ховар»