Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи номгӯи мол ва маҳсулоти аз ҷиҳати иҷтимоӣ зарурӣ, ки нархҳояшон таҳти танзими давлатӣ қарор дода мешаванд» дар сурати дар муддати як моҳ зиёда аз 20 дарсад беасос баланд шудани нархи молу маҳсулоти шомили номгӯй нархи он таҳти танзими давлатӣ қарор дода мешавад.
Дар нишасти матбуотии Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳафтуми феврали соли равон баргузор шуд, мо аз сардори хадамот Абдулмаҷид Муминзода вобаста ба иҷрои қарори мазкур пурсидем. Номбурда дар посух изҳор дошт, ки 19 номгӯи молу маҳсулоти муайяншуда зери назорати доимӣ қарор дорад. Соли гузашта аз 19 номгӯи молу маҳсулоти нархҳояшон таҳти танзими давлатӣ қарордошта арзиши тухми мурғ, пиёз ва сӯзишвории дизелӣ якбора баланд шуд, ки Хадамоти зиддиинҳисорӣ якҷо бо дигар мақомоти дахлдор сари вақт гурӯҳҳои корӣ ташкил намуда, сабабҳои баланд шудани нархро таҳлил кард. Аз ҷониби хадамот фармоиши дахлдор қабул гардида, болонархӣ барои истеҳсол ва воридоти тухм то 10 дарсад муқаррар карда шуд.
Номбурда баланд шудани нархҳоро ба омилҳои беруна вобаста донист. Аз ҷумла, нархи тухм бинобар баланд шудани қимати хӯрока дар давлатҳои истеҳсолкунанда, пиёз бо сабаби сард омадани ҳаво ва мушкил шудани интиқоли он аз минтақаҳо ба шаҳри Душанбе ва сӯзишвории дизелӣ аз ҳисоби ҳодисаҳои ҷараёндошта дар давлати истеҳсолкунанда арзёбӣ шуд.
Абдулмаҷид Муминзода гуфт, ки дар қиёс ба давлатҳои ҳамсоя нархи молу маҳсулот дар кишвари мо нисбатан муътадил боқӣ мондааст.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ,
«Садои мардум»