Аз нишастҳои матбуотӣ

Соли 2022 кормандони МТС ду таҳқиқоти сотсиологӣ гузарониданд

№23 (4606) 10.02.2023

МТС (1)- Соли 2022 Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути ба роҳ мондани фаъолияти самараноки олимону таҳлилгарон ва кулли кормандони сохторҳои таркибӣ дар самти иҷрои корҳои илмию таҳқиқотӣ, таҳияи гузоришҳои таҳлилӣ ва иттилоотию машваратӣ, ташкил ва баргузор намудани ҳамоишҳои илмӣ — амалӣ, ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ, ниҳодҳои байналмилалию минтақавӣ ва ғайра ба натиҷаҳои мусбат ноил гардид, — иброз намуд директори маркази зикршуда Хайриддин Усмонзода 8 — уми феврали соли ҷорӣ дар нишасти матбуотӣ.

Раванди ташаккули система ва масоили таъмини амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва минтақаи Осиёи Марказӣ яке аз самтҳои асосии фаъолияти таҳқиқотии кормандони маркази мазкур маҳсуб меёбад. Таҳия ва пешниҳоди гузоришҳои таҳлилӣ ва иттилоотию таҳлилӣ низ ҷузъи муҳими фаъолияти кормандони МТС-ро ташкил медиҳад. Дар соли 2022 кормандони МТС ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати мамлакат ва дигар ниҳодҳои давлатӣ 378 гузориши таҳлилӣ, иттилоотию таҳлилӣ дар ҳаҷми умумии 2338 саҳифа пешниҳод карданд.

Қайд гардид, ки тавсеаи фаъолияти иттилоотӣ ва нашриявӣ имкон фароҳам меорад, ки маҳсули фаъолияти коршиносони МТС ба муҳити васеътар роҳ ёбад. Сомонаи интернетии МТС ва нашри маҷаллаҳои илмии «Тоҷикистон ва ҷаҳони имрӯз» ва «Муносибатҳои байналмилалӣ ва амният» низ дар рушди ҷаҳонбинии илмӣ, тарғиби дастовардҳои илмии кормандони ин марказ ва таъмини устувории мавқеи ҷамъиятии аъзои ҷомеа саҳмгузоранд

Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи ҳисоботӣ бо як қатор марказҳои таҳлилӣ ва пажӯҳишии дигар давлатҳо, аз ҷумла, бо марказҳои тадқиқоти стратегии Федератсияи Россия, Қазоқистон, Хитой, Ҳиндустон, Эрон, Ӯзбекистон, Озарбойҷон, Туркманистон, Кореяи Ҷанубӣ ва ғайра ҳамкориҳои самарабахш дошт.

Дар соли 2022 анҷом додани ду таҳқиқоти сотсиологӣ аз ҷониби кормандони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба масъалаҳои мубрами ҳаёти ҷомеа, минтақа ва ҷаҳон дар шароити хеле мураккаби имрӯза низ аз дастовардҳои назаррас арзёбӣ гардид.

Б. КАРИМЗОДА,

 «Садои мардум»