Даҳуми феврали соли 2023 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода дар доираи иштирок дар нахустин Форуми байнипарлумонии давлатҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Туркистони Ҷумҳурии Қазоқистон бо Раиси Сенати парлумони Ҷумҳурии Қазоқистон Маулен Ашимбаев мулоқот кард.
Маҳмадтоир Зокирзода ба Маулен Ашимбаев барои истиқболи гарм ва меҳмоннавозии самимиаш аз ҳайати тоҷикистонӣ ва баргузории нахустин Форуми байнипарлумонии давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сатҳи баланди ташкилӣ изҳори сипос намуда, гуфт, ки Тоҷикистон ва Қазоқистон дӯстони хуб ва шарикони стратегӣ мебошанд. Халқҳои ҳар ду мамлакатро риштаҳои дӯстии бародарона, ки ба анъана ва арзишҳои умумӣ асос ёфтаанд, мепайвандад.
- Боварӣ дорам, ки мулоқоти навбатии мо ба таҳкими муносибатҳои бисёрҷанбаамон мусоидат хоҳад кард, — афзуд Маҳмадтоир Зокирзода.
Дар мулоқот, ҳамчунин таъкид гардид, ки аз оғоз ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар фазои мутақобилан судманд ва ҳусни тафоҳум ҷараён гирифта, дар ҳоли рушд аст.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки тавассути муколамаҳои доимии сатҳи баланд робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ҳама самт мазмуну мундариҷаи нав касб карда, дар оянда доираҳои зиёди мавриди таваҷҷуҳ ва барои тарафҳо манфиатоварро фаро хоҳанд гирифт.