Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода зимни сафари кории худ ба вилояти Суғд нахуст бо вазъи пойгоҳҳои обкашӣ ва ҳолати таъмини хоҷагиҳои кишоварзии ноҳияи Зафаробод бо оби полезӣ шинос шуд.
Барои таъмини фаъолияти мунтазам ва беҳдошти сатҳи обрасонӣ дар ноҳия Сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода масъулини соҳаро вазифадор кард, ки лоиҳаи ба таъмири пурра фаро гирифтани қубурҳои калонҳаҷми асосии обрасонро таҳия карда, асосноккунии техникӣ-иқтисодӣ гузаронанд. Дар баробари ин, таваҷҷуҳи асосӣ ба масъалаи таъминоти доимии иншооти обрасон бо барқ нигаронида, супориш дода шуд, ки корҳои тоза намудани каналу қубурҳо сари вақт ба анҷом расонида шаванд.
Ҳамзамон Қоҳир Расулзода бо ҳолати нашъунамои зироатҳои кишоварзӣ ва таъминоти хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Мастчоҳ бо оби полезӣ шинос гардид. Қоҳир Расулзода дар маҷмӯъ вазъи кишоварзӣ ва ҳолати таъминоти соҳаро бо об муътадил арзёбӣ карда, роҳбарияти ноҳия ва шахсони масъулро барои таъмини саривақтии хоҷагиҳои кишоварзӣ бо об, тақсимоти дуруст ва истифодаи самараноки оби полезӣ, афзун намудани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ вазифадор намуд.
Мухтори АБДУЛЛО, «Садои мардум»