Соли сипаришуда Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдори мамлакат, сафоратхонаҳои ҷумҳурӣ дар давлатҳои хориҷа ва шарикони рушд дар ташкилу таъмини иштироки намояндагони ширкату корхонаҳои ватанӣ дар 26 намоишгоҳи байналмилалӣ мусоидат намуд. Ин намоишгоҳҳо дар 13 мамлакат, аз ҷумла дар Амороти Муттаҳидаи Араб, Кореяи Ҷанубӣ, Малайзия, Ҷумҳурии Халқии Хитой, Эрон, Покистон, Ҳиндустон баргузор гардиданд.
Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷумъахонзода 9 — уми феврали соли равон иброз намуд, ки дар намоишгоҳи байналмилалии «Дубай ЭКСПО» беш аз 1 миллион ба ғурфаи Тоҷикистон ташриф оварда, ба имкониятҳои сайёҳӣ, фазои сармоягузорӣ, истеҳсоли хушкмеваҳо, сифати оби «Сиёма» ва тамъи асали кӯҳии кишварамон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуданд.
- Соли сипаришуда роҳнамои тиҷоратии Тоҷикистонро дар шакли флеш — корт нашр кардем, ки дар он оид ба захираҳои сайёҳии мамлакат, ширкатҳои бузурги ватании маҳсулоташон ба содирот нигарондашуда, имкониятҳои сармоягузорӣ, ба забонҳои русию англисӣ маълумот мавҷуд аст. Мақсад дорем, ки соли равон онро бо маълумоти нав мукаммал гардонем, — гуфт Ҷамшед Ҷумъахонзода.
Дар ин давра ҷиҳати шинос шудан бо навигариҳои технологияи муосири истеҳсолӣ ва пайдо намудани шарикони тиҷоратӣ аз дигар кишварҳо бо мусоидати Палата 1480 соҳибкор ба таври ҳузурӣ ва маҷозӣ (онлайн) дар намоишгоҳҳои хориҷӣ ва бизнес — форумҳо фаъолона иштирок намуданд.
- Ҳоло дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия Намоишгоҳи 30- юми байналмилалии озуқаворӣ, нӯшокӣ ва ашёи хом барои истеҳсоли онҳо таҳти унвони «Прод ЭКСПО- 2023» идома дорад. Дар он аз 35 кишвар 2000 ширкат маҳсулоташонро пешкаш менамоянд. Аз кишвари мо ширкатҳои «Экофрукт Исфара», «Субҳи Ватан», «Ҳариф», «Витаминҳои Тоҷикистон» ва ҶДММ «Абдулҳакимов», ки ба коркарду истеҳсоли хушкмева, сабзавот ва маҳсулоти консервашуда машғуланд, маҳсулоташонро муаррифӣ намуданд, -иброз намуд Ҷамшед Ҷумъахонзода.
Сайфиддин СУННАТӢ,
«Садои мардум»