17-18 июли соли равон бо ибтикори Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид дар дараи хушманзараи Варзоб семинар-машварат баргузор гардид, ки дар он намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, СММ, вазорату идораҳо, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва воситаҳои ахбори омма иштирок доштанд.
Муовини вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Умеди Давлатзод оид ба иқдомҳои Ҳукумати кишвар ҷиҳати расидан ба Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола ҳарф зада, изҳор дошт, ки маҳз Ҳукумат баҳри таъмини шароити арзандаи зиндагии шаҳрвандон замина фароҳам овард. Номбурда паст шудани сатҳи камбизоатӣ дар ҷумҳурӣ, дастрасӣ ба таҳсилоти миёнаи умумӣ, коҳиши фавти модару кӯдак, мубориза бар зидди бемориҳои сироятӣ, баробарии гендерӣ ва дигар ҳадафҳоеро, ки кишвари мо дар амалисозии он муваффақ шудааст, зикр намуд. Ҳамоҳангсози доимии СММ ва намояндаи доимии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон Александр Зуев, мушовири СММ Шаҳбону Тоҷбахш, роҳбари намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон Лайло Моширӣ ва дигарон оид ба рушди соҳаҳои гуногун ва истифодаи имкониятҳои мавҷуда суханронӣ намуданд.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»