10088 нафар бо ҷойи кор таъмин шуданд

№ 13.02.2023

 Дар ин бора сардори Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар минтақаи Кӯлоб Ҷурабек Қурбонзода иттилоъ дод. Соли сипаришуда 16143 нафар барои дарёфти ҷойи кор муроҷиат намуданд, аз ин шумора 10088 нафар бекорон бо ҷойи кори доимӣ, мавсимӣ ва муваққатӣ  таъмин шуданд.

Зикр шуд, ки соли 2022 ба 1987 бекор дар қайди шуъбаҳои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳру минтақаи Кӯлоббуда, 1 миллиону 554 ҳазору 893 сомонӣ кӯмакпулӣ пардохт гардид.

Ҷиҳати иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қоидаҳои ташкилии низоми тайёрии касбӣ, такмили ихтисос ва бозомӯзии шаҳрвандони бекор» 3590 хоҳишманд ба курсҳои махсуси кутоҳмуддат ҷалб гардиданд.

Бо мақсади рушди ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла қолинбофии дастӣ ва адрасу атласбофӣ дар назди «Маркази таълимии калонсолони Тоҷикистон» курсҳои кутоҳмудат ташкил гардид, ки дар он 34 зану духтари хонашин таҳсил карда, соҳиби шаҳодатнома гардиданд. Феълан дар Марказҳои калонсолони шаҳру минтақаи Кӯлоб фаъолияткунанда 103 таҷҳизоти адрасбофӣ ва 57 таҷҳизоти хурди омӯзишии қолинбофӣ насб гардиданд.

Инчунин, дар 154 ярмаркаи ҷойи кории холӣ, ки дар ҳамкорӣ бо 1918 идораю ташкилотҳои буҷетӣ, корхонаҳои саноатию истеҳсолӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ, ҷамъиятҳои саҳҳомӣ, соҳибкорон ва дигар ташкилоту муассисаҳо доир шуд, 1990 нафар бо ҷойи кор таъмин шуданд.

- Аз ҷониби шуъбаву бахшҳои агентии шаҳру ноҳияҳо ба 386 нафар барои соҳибкорӣ 1 миллиону 678 ҳазору 154 сомонӣ қарз дода шуд, — гуфт Қурбонзода Ҷурабек.

 И. РАҶАБАЛӢ,

«Садои мардум»