Раиси ноҳияи Муъминобод П. Зарифӣ бо мардуми деҳоти «Деҳбаланд» вохӯрӣ баргузор намуд.
Раҳмоналӣ Ҳакимов – раиси Ҷамоати деҳоти «Деҳбаланд» вохӯриро ҳусни ифтитоҳ бахшида, оид ба муваффақияту камбудиҳои деҳот дар шаш моҳи соли ҷорӣ маълумот пешниҳод кард.
Муовини раиси ноҳия Лутфия Ҷумъаева аз нуктаҳои асосии Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар шуд.
Сипас, раиси ноҳия П. Зарифӣ дар бораи омодагӣ ба ҷашнҳои 20-солагии Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, 600 -солагии шоир ва мутафаккир Абдураҳмони Ҷомӣ ва ҷашну маросимҳои дигар муфассал андешаҳояшро иброз дошт. Раис ҳамчунин ба ҳозирин мужда расонид, ки Ташкилоти хориҷии «ИФАД» аз нав фаъолияташро оғоз кард. Рӯзҳои наздик ба ноҳия 41 трактор бо тамоми олоти зарурӣ ворид карда мешавад, ки меҳнати деҳқононро хеле осон хоҳад кард. Сипас, дар бораи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 декабри соли 2013 «Дар бораи рушди ноҳияҳои кӯҳистони минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон», ки 33 банди он ба ноҳияи Муъминобод дахл дорад, мухтасар ҳарф зада, мардумро ба меҳнати софдилонаю ободкорона даъват кард.
Прокурори ноҳия Ҷумъаназар Саидаҳмадов, сардори Идораи амнияти миллӣ дар ноҳия Саидаҳмад Пиров оид ба қонуншиканиҳои баъзе шаҳрвандон, махсусан ҷавонон изҳори ақида намуданд.
Баъдан тавассути микрофони озод шаҳрвандони деҳоти «Деҳбаланд» оид ба мушкилоти деҳаҳои худ ба раис арз карданд ва ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд.
Тоҷиддин Қурбонов, ноҳияи Муъминобод