Ҳамасола пас аз хатми соли хониш барои хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ таътили тобистона оғоз меёбад. Албатта, ҳар кас мехоҳад ба истироҳатгоҳи беҳтару хубтар рафта, фароғат кунад. Имсол лагеру истироҳатгоҳҳо аз нимаи дуввуми моҳи июн дарҳои худро боз намуданд.
Яке аз навигариҳое, ки дар мавсими имсолаи таътили тобистонаи кӯдакону наврасони ҷумҳурӣ ба чашм мерасад, ин фарогирии теъдоди зиёди хонандагон аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошад.
Тавре аз Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон иттилоъ доданд, алҳол барои ҷалби наврасон аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тадбиру чорабиниҳои мушаххас андешида шудааст. Чанде пеш бори аввал бо супориши Сардори давлат Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон тасмим гирифт, ки марҳила ба марҳила 710 нафар хонандаро аз ВМКБ дар тамоми лагеру мавзеъҳои истироҳатии ҷумҳурӣ ба истироҳат фаро гирад. Алҳол дар басти дуюми таътили тобистона дар истроҳатгоҳҳои марбут ба иттифоқи касаба 178 нафар хонандагон ва нуҳ нафар мураббиён аз ин вилоят ба истироҳату солимгардонӣ фаро гирифта шудаанд. Аз ҷумла дар лагери беруназшаҳрии «Ҷавонӣ»-и назди пансионати муолиҷавии «Қаратоғ» -108 нафар, «Чайка»-и Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи маориф ва илм -30 нафар, «Обшорон»-и Кумитаи марказии иттифоқи касабаи Комплекси агросаноатии Тоҷикистон -29 нафар, «Орбита»-и Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи алоқа — 12 нафар истироҳат карда истодаанд. Ҳамзамон рӯзҳои наздик дар басти сеюми таътили тобистона ҳамин миқдор хонандагон аз ВМКБ ҷалб мешаванд.
Бо мақсади дар сатҳи баланд гузаронидани истироҳати тобистона, масъулини Кумитаи марказии иттифоқи касабаи Комплекси агросаноатии Тоҷикистон барои истироҳаткунандагони лагери беруназшаҳрии «Обшорон» тибқи нақша-чорабинӣ бо шиори «Шиносоӣ бо маркази Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе» сайру саёҳат ташкил намуда, онҳоро бо мавзеъҳои дидании пойтахт шинос карданд.
Х.АБДУВАҲҲОБ, «Садои мардум»