Панҷ соли фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз соли 2007 дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид карда буданд: «Бо мақсади густариши минбаъдаи раванди демократикунонии ҷомеа, инчунин баланд бардоштани сатҳи ҳимояи ҳуқуқи инсон дар мамлакатамон вақти ҳалли масъалаи таъсис додани институти миллии Ваколатдори ҳуқуқи инсон расидааст. Ин сохтор ҳамчун яке аз институтҳои демократӣ бояд робита ва ҳамкории мақомоти давлатиро ба ҷомеаи шаҳрвандӣ боз ҳам тақвият диҳад. Зарур аст, ки барои таъсиси чунин сохтор тадбирҳои ташкиливу ҳуқуқӣ андешида шаванд».
Баҳри амалӣ намудани ин иқдом Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия ва қабул гардида, аз 4 апрели соли 2008 мавриди амал қарор дода шуд. Дар асоси қонуни мазкур 27 майи соли 2009 бо ризоияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон таъин гардид ва амалан ба кор шурӯъ кард.
Бори нахуст ба ин вазифа Ализода Зариф, ки собиқаи зиёди фаъолият дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқро дорад, таъин гардид. Суҳбати мо доир ба зарурати таъсис ва вазифаҳои ин ниҳод бо Ализода Зариф доир гашт.
- Таъсиси ин мақомот барои давлате, ки ҳадафҳои худро бунёди ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ эълон доштааст, аҳамияти ниҳоят бузург дорад, зеро расидан ба ин ҳадафҳо танҳо тавассути эътироф, эҳтиром, риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд имконпазир аст, — гуфт дар суҳбат Ализода Зариф ва идома дод: — Зарурати таъсиси мақомоти номбурда аз ҳадафҳои зикршуда бармеоянд. Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» омадааст: «Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо мақсади тақвияти кафолатҳои конститутсионии ҳимояи давлатии ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, мусоидат ба риоя ва эҳтироми онҳо аз ҷониби мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот (ҷамоат) ва шахсони мансабдори онҳо, роҳбарон ва шахсони мансабдори корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, сарфи назар аз шаклҳои ташкилию ҳуқуқиашон, таъсис дода шудааст».
Таъсиси чунин мақомот нишон дод, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи ҳифз ва пешрафти ҳуқуқи инсон пайваста қадамҳои устувор гузошта истодааст. Ин амал обрӯ ва эътибори ҷумҳурии моро дар ҷаҳон афзун намуда, муносибати созмонҳои байналмилалӣ ва давлатҳои мутараққии ҷаҳонро, ки ба масъалаи риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон эътибори ҷиддӣ медиҳанд, бо Ҷумҳурии Тоҷикистон боз ҳам таҳким бахшид.
Мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси принсипҳои мустақилият, соҳибкасбӣ, дастрасӣ, шаффофият, баробарӣ ва манъи табъиз амалӣ менамояд ва ба ягон мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва шахсони мансабдор ҳисоботдиҳанда намебошад. Доираи фаъолияти қонунӣ ва ташкилии худро мустақилона муайян ва амалӣ мекунад. Дар асос ва бо тартибе, ки қонун муқаррар намудааст, дар бораи фаъолияти худ ва вазъи риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти дахлдори ҳокимияти давлатӣ ҳар сол маърӯза пешниҳод менамояд.
Ин мақомот, қабл аз ҳама, диққати асосиро ба арзу шикояти шаҳрвандон, ки ҷиҳати ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои худ муроҷиат менамоянд, равона сохтааст. Муроҷиати шаҳрвандон тибқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон» ва «Дастурамали тартиби баррасии муроҷиати шаҳрвандон дар мақомоти Ваколатдор» баррасӣ мегардад. Ба мақомот шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванде, ки ҳуқуқу озодиҳояшон халалдор шудааст ё намояндагони қонунии онҳо дар давоми як сол аз лаҳзаи халалдор шудани ҳуқуқу озодиҳо ё аз ҳамон рӯзе, ки ба онҳо риоя нагардидани ҳуқуқҳояшон маълум шудааст, муроҷиат карда метавонанд.
Аз моҳи сентябри соли 2009 то апрели соли 2014 дар Дастгоҳи Ваколатдор 3450 муроҷиати шаҳрвандон ба қайд гирифта шудааст, ки 1256 адади он шикоятҳои хаттӣ ва 2194 адади дигараш муроҷиатҳои шифоҳӣ мебошанд.
Дар муроҷиатҳои шаҳрвандон нисбати қарор ё амали (беамалии) мақомоти судӣ (388 адад), прокуратура (73 адад), корҳои дохилӣ (95 адад), адлия (54 адад), амнияти миллӣ (21 адад), мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ (32 адад), мақомоти давлатии дигар давлатҳо (31 адад), шахсони мансабдор (22 адад) ва ғайра шикоят оварда шудааст.
Аксарияти муроҷиатҳо нисбати санадҳои судӣ буда, шаҳрвандон оид ба норизо будан аз ҳукми судӣ бинобар таъини ҷазои вазнин, нодуруст банду баст намудани кирдорҳои содиршуда, беасос ба ҷавобгарӣ кашида шудан, ҳангоми тафтишот таъмин накардан бо ҳимоя, норизо будан аз ҳалномаҳои судӣ вобаста ба парвандаҳои гражданӣ, ба кашолкорӣ роҳ додан дар баррасии парвандаҳо ва истеҳсолоти иҷро шикоят намудаанд. Ҳамчунин ҳолатҳои мавриди азобу шиканҷа қарор додани гумонбаршудагон ҳангоми гузаронидани таҳқиқ ва тафтишоти пешакӣ иброз шудаанд.
Дар натиҷаи ҳамкории якҷояи мақомоти Ваколатдор бо мақомоти ҳокимияти давлатӣ нисбати барқарорсозии ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон чораҳои дахлдор андешида, 123 муроҷиат ба таври мусбӣ ба фоидаи муроҷиаткунандагон ҳал карда шуд. Ба унвони Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нуҳ адад мактуби миннатдорӣ ворид шуд, ки барои мусоидат дар ҳалли ин ё он мушкилот арзи сипос менамоянд.
Дар идомаи суҳбат Ализода Зариф афзуд, ки мусоидат дар такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ҳуқуқу озодиҳои инсон яке аз самтҳои дигари фаъолияти Ваколатдор мебошад.
Аз моҳи сентябри соли 2009 то 1 январи соли 2014 бо ин мақсад кормандони Дастгоҳи Ваколатдор 314 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқиро мавриди омӯзиш қарор дода, нисбати онҳо хулосаву пешниҳодҳо таҳия намуданд.
Бо мақсади таҳкими фаъолияти мақомоти мазкур якчанд маротиба ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» тағйиру иловаҳо ворид карда шуд. Дар доираи иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ваколатдор ва кормандони Дастгоҳи он дар таҳия ва муҳокимаи маърӯзаҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Ваколатдор ва кормандони Дастгоҳи он аъзои гурӯҳҳои корӣ оид ба таҳияи лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон», лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ» ва «Дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак» мебошанд.
Ҳамчунин иштироки кормандони Ваколатдор дар мурофиаҳои судӣ низ ба роҳ монда шудааст. Кормандони Ваколатдор дар асоси муроҷиатҳои шаҳрвандон, созмонҳои байналмилаливу ҷамъиятӣ ва бевосита бо ташаббуси худ дар вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо, сарфи назар аз шакли моликияташон, санҷишҳо гузарониданд.
Танҳо соли 2013 бо мақсади санҷиши риояи ҳуқуқи инсон ва мусоидат ба рушди он 34 маротиба дар муассисаҳои пӯшида, қисман пӯшида ва хона-интернатҳо санҷишҳо гузаронида шуд. Аз натиҷаи санҷишҳо ба мақомоти дахлдор гузоришҳои муфассал ирсол карда, ҷиҳати бартараф намудани камбудиву норасоиҳои мавҷуда тавсияҳои мушаххас пешниҳод шудаанд. Аз ҷумла дар Муассисаи давлатии хона-интернати пиронсолон ва маъюбони Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд, Маркази бемориҳои рӯҳии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва Беморхонаи рӯҳӣ-асабии ВМКБ камбудиҳои зиёд ошкор шуданд, ки баъди мусоидат ва мактуби Ваколатдор ба мақомоти дахлдор бартараф гардиданд.
Бо мақсади мусоидат ба риояи ҳуқуқи кӯдак пайваста аз ҷониби кормандони Ваколатдор фаъолияти комиссияҳо оид ба ҳуқуқи кӯдаки мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва муассисаҳои дахлдор мавриди санҷиш қарор мегиранд. Аз ҷумла соли 2012 дар ҳамкорӣ бо Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ), Институти «Ҷомеаи кушода» — Хазинаи мусоидат дар Тоҷикистон ва Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази ҳуқуқи кӯдак» мониторинги ҳуқуқ ба озодӣ аз шиканҷа дар низоми адлияи ноболиғон гузаронида шудааст.
Яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти мақомоти мазкур мусоидат ба баланд бардоштани донишҳои шаҳрвандон дар соҳаи ҳуқуқи инсон ва омодагии онҳо ба ҳифзи ҳуқуқҳои худ мебошад. Бо ин мақсад лоиҳаи «Барномаи нави таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2013-2020» таҳия гардид ва он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2012 тасдиқ шуд. Барнома ба тавсеа ва такмили марҳилавии низоми иттилоотӣ, маърифатӣ ва таълимӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон, гузаштан ба сатҳу сифати нави тарбияи кадрҳо мутобиқи талаботи қонунгузории миллӣ ва стандартҳои байналмилалӣ равона гаштааст.
Ҳамкориҳои байналмилалии мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Барномаи рушди СММ, Хазинаи нуфуси аҳолии СММ, ЮНИСЕФ, СММ – Занон, Ташкилоти Байналмилалии Муҳоҷират, Раёсати Комиссари Олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, Ниҳоди Даниягӣ оид ба ҳуқуқи инсон, Институти «Ҷомеаи кушода» — Хазинаи мусоидат дар Тоҷикистон, Агентии Швейтсария оид ба рушди байналмилалӣ, Вазорати рушди байналмилалии Британияи Кабир, Ҳукумати Шоҳигарии Нидерландия ва ғайра назаррас мебошад.
Давоми панҷ сол аз тарафи Ваколатдор зиёда аз 160 вохӯриву мулоқоти судманд бо роҳбарон ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ анҷом дода шуд.Дар самти ҳамкориҳои байналмилалӣ аз тарафи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чандин санади дуҷониба ва бисёрҷониба, аз ҷумла Эъломияи Душанбегии Ваколатдорон оид ба ҳуқуқи инсони мамлакатҳои Осиёи Марказӣ оид ба ҳамкориҳо, ки тибқи он Шӯрои Ваколатдорон оид ба ҳуқуқи инсони давлатҳои Осиёи Марказӣ таъсис дода шуд, Созишнома оид ба таъсис додани Ассотсиатсияи АвруОсиёии Омбудсменҳо бо Омбудсмени Ҷумҳурии Қирғизистон, Созишнома оид ба ҳамкорӣ бо Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Федератсияи Россия, созишномаҳо оид ба ҳамкорӣ бо Ваколатдорон оид ба ҳуқуқи инсони шаҳри Санкт-Петербург, вилоятҳои Свердловск, Самара ва Оренбург, меморандумҳои ҳамкорӣ бо як қатор созмонҳои ҷамъиятӣ ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба имзо расонида шудаанд.
Бо ибтикори мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ якчанд чорабиниҳои калони минтақавӣ ва байналмилалӣ доир гардиданд. Семинари минтақавии Ваколатдорон оид ба ҳуқуқи инсони Осиёи Марказӣ дар мавзӯи «Мутобиқати мақомотҳои миллӣ оид ба ҳуқуқи инсон ба принсипҳои Париж ва нақши онҳо дар пешгирии шиканҷа дар Осиёи Марказӣ» (соли 2011), бо дастгирии Дафтари Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон, аввалин семинари байналмилалӣ дар мавзӯи «Ҳифзи ҳуқуқи инсон ва шаҳрвандон» (соли 2011), дар ҳамбастагӣ бо Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои миллии Итолиё оид ба тадқиқоти илмӣ (CNR), конференсияи минтақавии Омбудсменҳои Осиёи Марказӣ ва Федератсияи Россия (соли 2012), дар ҳамкорӣ бо Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ ва СММ –Занон, семинари минтақавӣ дар мавзӯи «Ҳамкориҳои ниҳодҳои миллии ҳифзи ҳуқуқи инсон бо ҷомеаи шаҳрвандӣ» (соли 2013), бо дастгирии Иттиҳоди Аврупо ва ғайраҳо аз ҷумлаи чунин чорабиниҳо мебошанд.
Боиси қаноатмандист, ки 28 марти соли 2012 дархости мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мувофиқат ба Принсипҳои Париж дар зеркумитаи аккредитатсионии Кумитаи байналмилалии ҳамоҳангсозии фаъолияти ниҳодҳои миллӣ оид ба ҳуқуқи инсони СММ дар шаҳри Женева баррасӣ шуда, аввалин маротиба дар байни Омбудсменҳои Осиёи Марказӣ ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми «В» дода шуд.
Фаъолияти мақомот дар минтақаҳои ҷумҳурӣ низ сол то сол густариш меёбад. Алҳол бо ин мақсад дар ҳашт шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ қабулгоҳҳои ҷамъиятӣ таъсис дода шудаанд. Фаъолияти қабулгоҳҳои ҷамъиятии Ваколатдор дар шаҳрҳои Хуҷанд, Қӯрғонтеппа, Хоруғ, Кӯлоб, Турсунзода, Роғун ва ноҳияҳои Айниву Рашт тибқи лоиҳаҳои якҷоя бо ҳукуматҳои Британияи Кабир, Финляндия, Швейтсария ва Ниҳоди Даниягӣ оид ба ҳуқуқи инсон ба роҳ монда шудааст. Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти се қабулгоҳи ҷамъиятӣ дар марказҳои вилоятҳои Хатлон, Суғд ва ВМКБ аз 1 январи соли 2014 аз ҳисоби Буҷети давлатӣ маблағгузорӣ шуда истодааст.
Бо мақсади ҳифзи ҳуқуқ, озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба таваҷҷуҳи мақомоти дахлдори давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ чаҳор маротиба маърӯзаҳои солона пешниҳод карда, вобаста ба самтҳои ҳуқуқи инсон 335 тавсияи мушаххас нишон дода шуд. Мақомоти дахлдори давлатӣ дар ҳамбастагӣ бо созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷиҳати амалӣ намудани тавсияҳое, ки дар маърӯзаҳои солонаи Ваколатдор омадаанд, чораҳои зарурӣ андешида, саҳми худро мегузоранд.
Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»