Ҳамдардии Пешвои миллат ва таъсиси Комиссияи давлатӣ оид ба бартараф кардани оқибатҳои офати табиӣ дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

№25 (4608) 15.02.2023

15-уми феврали соли 2023 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба офатҳои табиӣ, аз ҷумла фаромадани тарма дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки боиси талафоти ҷонӣ ва хисороти моддӣ гардид, ба пайвандону наздикони шахсони ҳалокшуда изҳори тасаллият карданд.

Бо супориши Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳисоби шахсони масъули Ҳукумати ҷумҳурӣ ва роҳбарони аввали як қатор вазорату кумитаҳо Комиссияи давлатӣ оид ба бартараф кардани оқибатҳои офати табиӣ таъсис дода шуд.

Дар асоси дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аъзои Комиссияи давлатӣ оид ба бартараф кардани оқибатҳои офати табиӣ вазифадор шуданд, ки дар муҳлати кӯтоҳтарин оқибатҳои офати табииро бартараф карда, ба оилаҳои зарардида кумаки моддии Ҳукумати мамлакатро, аз қабили маҳсулоти хӯрока, сарулибоси гарм ва дигар ашёи зарурии рӯзгор, дастрас намоянд.

Таъкид бояд кард, ки рафти бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ таҳти назорати шахсии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

www.president.tj