Дар нишасти матбуотии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун миёни хабарнигорони воситаҳои ахбори оммаи кишвар ва роҳбарияти шаҳр роҷеъ ба бурдубохти ҳамаи соҳаҳо дар соли 2022 суҳбати озоду ошкоро сурат гирифт.
Хабарнигори рӯзнома вобаста ба иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби ошкор кардан ва ба ҳисоб гирифтани партовҳои бесоҳиб» таҳти №626 аз 2-юми ноябри соли 2012 суол дод. Ҳамчунин, дар хусуси вазъи тозагӣ ва ба талаботи санитарию эпидемиологӣ ҷавобгӯ набудани биноҳои баландошёнаи маҳали аҳолинишини шаҳр ва оби ошомиданӣ, ки аз ҷониби мутахассисони Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ва Бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Роғун беаҳамиятӣ зоҳир гардида, зери назорат гирифта намешавад, савол пешниҳод шуд. Роҳбарони ниҳодҳои номбурда мавҷуд будани камбудиҳои ҷойдоштаро эътироф карда, аз тадбирҳои вобаста ба ин масъалаҳо андешидашуда чанд далел оварданд. Маълум гардид, ки соли сипаригардида бо ташаббусу чораандешиҳои роҳбарияти Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун аз ҳудуди шаҳр беш аз 15 тонна партовҳо бароварда шуданд.
Зикр шуд, ки бо мақсади ноил гардидан ба дастовардҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳр «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Роғун барои солҳои 2021-2025» таҳия ва бо қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Роғун аз 12-уми апрели соли 2021 таҳти №72 тасдиқ карда шудааст, ки тибқи нақша 88 лоиҳаи рушди хоҷагии халқ ба маблағи 204,8 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шудааст. Рафти иҷрои лоиҳаҳои барномаи рушд нишон дод, ки соли сипаришуда 32 лоиҳа, дар маҷмӯъ 36 фоизи лоиҳаҳо, мавриди иҷро қарор дода шуд, ки ин нишондиҳанда азхудкунии 20,7 миллион сомониро дар бар мегирад.
З. Муҳаммад,
«Садои мардум»