Аз нишастҳои матбуотӣ

Рашт дигар гашт

№ 17.02.2023

Рашт ниш- Соли 2022 истеҳсоли маҳсулот 939 миллиону 135 ҳазор сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли гузашта 6 миллиону 180 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад, — гуфт зимни нишасти матбуотӣ узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ноҳияи Рашт Раҳимҷон Муқимӣ.

Зикр шуд, ки дар ин давра 17 гектар боғу токзори нав ­бунёд намуданд, ки ин 106 дарсади иҷрои нақшаи дурнаморо ташкил медиҳад. Ҳоло дар ҳама шакли хоҷагидории ноҳия 5 ҳазору 173 гектар боғ мавҷуд мебошад.

Кишт дар ҳама шакли хоҷагидорӣ ба 8065 гектар расид, ки нисбат ба соли 2021-ум 403 гектар зиёд аст.

 Дар маҷмӯъ, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ соли 2022 ба 617 млн. 171 ҳазор сомонӣ баробар гардид, ки дар қиёс ба соли ­гузашта 33 млн. 589 ҳазор сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш 105,8 фоизро ташкил медиҳад.

Барои сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35 — солагии Истиқлолияти давлатӣ нақшаи чорабиниҳо таҳия шуд, ки дар асоси он сохтмони 203 иншооти соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, варзиш ва амсоли инҳо ба нақша гирифта шудааст. Аз ин шумора 54 иншоот соли 2022 мавриди истифода қарор дода шуд, ки 32-тоаш аз ҳисоби соҳибкорон, 5 иншоот аз ҳисоби Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт 2 иншоот бо саҳми аҳолӣ, 12 иншоот бо ҷалби шарикони рушд сохта шуданд.

Ин муддат 4 корхонаи истеҳсолӣ — ҶДММ «Баҳодур-2013», «Абдураҳимиён» ва «Сандуқи заррин», ҶДММ «Хишти пухта» ба фаъолият оғоз намуда, шумораи корхонаҳои истеҳсолӣ ба 20 адад расид.

Хурсандиовар аст, ки Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт «КВД Матбаа» — и ноҳияро, ки солиёни зиёд фаъолият намекард, бо таҷҳизоти калонҳаҷми чопӣ таъмин намуданд.

Диловари МИРЗО,

«Садои мардум»