- Вазъи иқтисоди глобалӣ соли 2022, бо назардошти мураккаб гардидани ҳолати геосиёсии ҷаҳон, низоъҳову муноқишаҳо байни баъзе кишварҳо, қатъитар шудани таҳримҳои иқтисодӣ нисбат ба баъзе шарикони тиҷоратии кишвар, буҳронҳои глобалии энергетикӣ, озуқаворӣ ва паёмадҳои тағйирёбии иқлим шиддатнок гардид.
Новобаста ба таъсири омилҳои берунии қайдгардида, ба шарофати дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар кишвар таъмин гардида, Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) 8 фоиз афзуд. Дар ин давра рушди ММД асосан аз ҳисоби афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 15,4 фоиз, кишоварзӣ — 8, хизматрасонии пулакӣ — 16, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ — 11,4, гардиши савдо -11,2, боркашонӣ — 26,1 ва мусофиркашонӣ 11,1 фоиз таъмин гардид. Сатҳи таваррум дар соли 2022-юм 4,2 фоизро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2021 (8 фоиз) 3,8 банди фоизӣ кам аст, — иттилоъ дод дар ин бора вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода дар нишасти матбуотӣ 14-уми феврали соли ҷорӣ.
Қайд гардид, ки дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда дар соли 2022 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 42 миллиарду 992 миллиону 600 ҳазор сомонӣ баробар гардида, суръати рушд 15,4 фоизро ташкил дод. Дар ин давра вазорат баҳри таҳлил ва дурнамои нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодии хориҷӣ, танзими савдои хориҷӣ ва дохилӣ, мониторинги барномаҳо ва ҳифзи моликияти зеҳнӣ тадбирҳои заруриро андешид. Аз ҷумла, бо мақсади супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ситоди байниидоравӣ оид ба пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ таҳти роҳбарии вазири рушди иқтисод ва савдо таъсис дода шуд. Дар ин замина бо ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ гуфтушунид гузаронида, соли 2022 — юм 195 млн. доллар маблағи грантӣ ҷалб шуд.
Соли 2022 вазорат 37 лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқиро таҳия ва барои баррасӣ пешниҳод намуд, ки аз онҳо 14 лоиҳа қабул гардид.
Б. КАРИМЗОДА,
«Садои мардум»