Аз нишастҳои матбуотӣ

Бунёди мактаб аз ҷониби Туркманистон дар ноҳияи Дӯстӣ

№27 (4610) 20.02.2023

Даврон НишонзодаБо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Туркманистон дар ноҳияи Дӯстӣ барои ба таҳсил фаро гирифтани 540 хонанда дар як баст мактаб бунёд мешавад.

Дар ин бора раиси ноҳияи Дӯстӣ Даврон Нишонзода 10 — уми феврали соли равон зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Иншоот бо харҷи ҳашт миллион доллар бунёд ва бо лавозимоти таълимӣ муҷаҳҳаз хоҳад шуд. Мактаб аз се ошёна иборат буда, барои бунёдаш дар деҳоти «Ҷиликӯл» се гектар замин ҷудо шудааст. Қарор аст, ки он соли 2024 мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шавад.

Ёдовар мешавем, ки аз 112 ҳазор нафар аҳолии ноҳияи Дӯстӣ 18 ҳазорашро туркманҳо ташкил медиҳанд.

Сулаймон СУЛТОНОВ,

«Садои мардум»