Моддаи 55 — уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, ки Президент дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон бо Паёмашон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» баромад менамоянд.
Аз ин лиҳоз, Паёми Президенти кишвар, бо назардошти ҷанбаҳои таҳлилӣ ва ояндабинӣ дар низоми давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона манзалати баланд дорад. Бо дарки масъулият метавон гуфт, ки дар Паёми Роҳбари давлат ягон масъала аз мадди назар дур намонда, сармашқи кору зиндагӣ қарор гирифтанаш аз ҷониби тамоми қишрҳои ҷомеа заруру ногузир ва ба манфиати кор аст.
Дар замони муосир мавқеъ, моҳият ва нақши Паёми Президенти мамлакат тамоюли афзоишро касб намуда, метавон онро таҳрикбахши рушди тамоми соҳаҳо арзёбӣ намуд. Татбиқи саривақтии ин ҳуҷҷати муҳиму сарнавиштсоз замина фароҳам меорад, ки пешрафти соҳаҳо таъмин ва рӯзгори мардум беҳбудӣ ёбад. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки дар вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳое, ки татбиқи нуктаҳои Паём дуруст ба роҳ монда шудааст, пешравиҳои зиёд рӯйи кор омадаанд.
Таҳаввулоти азиме, ки тайи 31 соли охир дар кишвар ба чашми ҳар як фарди соҳибватан мерасаду боиси ба куллӣ рушд ёфтани Тоҷикистон мегардад, маҳз самараи татбиқи нуктаҳои Паёмҳои ҳамасолаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Паёми навбатӣ низ чун солҳои қаблӣ бо ҳадафи созанда имкон фароҳам овардааст, ки зиндагии шоиста ва ваҳдати мардуми кишвар пурра таъмин гардида, рушди бонизоми ҳамаи соҳаҳо вусъат ёбад.
Аз муҳтавои Паём бармеояд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ ба дастовардҳои нав ба нав ноил мегардад ва истиқлолияти давлатӣ боз ҳам қавитар мешавад. Дар оғози Паём Президенти мамлакат таъкид карданд, ки соли 2022 барои Тоҷикистон, дар маҷмӯъ, соли бобарор буд. Аз он қаноатмандӣ шуд, ки «Ба шарофати заҳмати содиқонаи мардуми кишвар раванди созандагиву ободкорӣ бомаром идома ёфта, нақшаву барномаҳои пешбинигардида ҷиҳати таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат ҳадафмандона амалӣ карда шуданд».
Солҳои охир вазъи сиёсиву иқтисодии ҷаҳон хеле мураккаб гардида, ҳоло инсоният дар давраи ниҳоят ҳассос ва душвортарини таърихи қариб сад соли охири худ қарор дорад. Вобаста ба ин Роҳбари мамлакат ёдрас шуданд, ки дар панҷ соли охир таъсири манфии бархӯрдҳои геосиёсӣ, низоъҳои тиҷоратӣ, паҳншавии бемориҳои сироятӣ, инчунин, пайомадҳои тағйирёбии иқлим ба иқтисоди кишварҳои ҷаҳон шиддат ёфта, яроқнокшавии бошитоб ва оғози марҳилаи «ҷанги сард» боиси халалдор шудани низоми муносибатҳои иқтисодиву тиҷоратии байни давлатҳо ва ба вуқӯъ омадани буҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ гардид.
Яке аз ҷанбаҳои Паём таҳлили амиқ, дурандешона ва аз нигоҳи илмӣ асосноки рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат ва вазифаҳо барои оянда мебошад. Аз ҷумла зикр шуд: «Сарфи назар аз таҳаввулоти дар иқтисоди ҷаҳон идомадошта ва таъсири манфии омилҳои берунӣ ба иқтисоди миллии мо, дар натиҷаи татбиқи самараноки ислоҳоти иқтисодӣ, амалӣ намудани стратегияву барномаҳо ва тадбирҳои зиддибуҳронӣ дар панҷ соли охир рушди иқтисодиёти Тоҷикистон ҳамасола ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7,3 фоиз таъмин гардида, Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 71 миллиард ба 115 миллиард сомонӣ расид ва ба ҳар сари аҳолӣ 1,5 баробар афзоиш ёфт».
Ин гуна таҳлили оморӣ ва муқоисавӣ, ки дар низоми муҳокимаҳои таҳқиқӣ арзиши ниҳоят баланд доранд, ба мо имкон медиҳанд, ки дар муқоиса ташаккул ва таҳаввули ҳаёти ҷомеаро дуруст дарк намоем. Аз рақамҳо ва муқоисаи онҳо вазъияти соли пешин равшан мешавад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Сарвари оқилу хирадманди хеш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ниҳоят пеш рафта, нишондодҳои макроиқтисодӣ ва микроиқтисодиаш боиси таҳсин мебошад. Сарвари давлат бо ҳамин мақсади созанда ва ибтикороти наҷиб бори дигар ба ниҳодҳои марбутаи давлатӣ ҷиҳати иҷрои саривақтии барномаҳо, стратегияҳо ва консепсияҳо дастурҳои мушаххас доданд. Ин талаботи қатъӣ арзиши Паёмро боз ҳам баландтар намудааст.
Сардори давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон аз он нигаронӣ карданд, ки «Имрӯзҳо гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ барои даъват ва ҷалб намудани шаҳрвандон ба сафҳои худ бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ роҳу усулҳои навро истифода карда, ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳро бо ғояҳои тундгароӣ гумроҳ месозанд.
Ҳамзамон дастур доданд, ки мақомоти дахлдор ҳамоҳангсозии фаъолиятро дар самти ошкор ва пешгирӣ намудани хавфу хатарҳои террористиву экстремистӣ боз ҳам вусъат бахшида, бо роҳи тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ пеши роҳи гароидани ҷавононро ба равияҳои ифротгаро гирифта, онҳоро дар рӯҳияи садоқат ба халқу Ватан ва эҳтиром ба арзишҳои умумиинсонӣ тарбия намоянд.
Хулосаи Пешвои миллат дар ин мавзӯъ он аст, ки «ҷиҳати пешгирӣ намудани ҷиноятҳои хусусияти экстремистиву террористидошта ва ҷиноятҳое, ки бо истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ содир карда мешаванд, зарур аст, ки Маркази ягонаи иттилоотӣ таъсис дода шавад».
Экстремизм ифодаи мафкура ва фаъолияте маҳсуб мешавад, ки нияти барои бо роҳи зӯроварӣ ва амалҳои дигари зиддиқонунӣ ҳал намудани масъалаҳои сиёсӣ, ҷамъиятӣ, иҷтимоӣ, миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва диниро дорад. Фаъолияти экстремистӣ, тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат бо экстремизм» ва таснифи коршиносон, «гуногунҷанба» буда, аз фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ё динӣ, воситаҳои ахбори омма, созмонҳои байналмилалӣ ва шахсони воқеӣ оид ба банақшагирӣ, ташкил, тайёр кардан ва иҷрои амалҳое, ки ба ноустувор сохтани амнияти миллӣ ва қобилияти мудофиавии давлат, инчунин, даъвати оммавӣ ҷиҳати бо роҳи зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимияти давлатӣ ва ҳаракатҳое, ки ба барангехтани кинаву адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ё динӣ равона шудааст, таркиб меёбад.
Бояд неру ва имкониятҳои мавҷударо ба он равона созем, ки ҷавонон зери таъсири ғоявии равияҳои динӣ-экстремистӣ намонанд. Барои ин зарур аст дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ корҳои фаҳмондадиҳиро оид ба исломи анъанавии ҳанафиасос, айният ва фарқияти он аз дигар равияҳои дини ислом тавсеа дода, механизми ҳамкорӣ муайян шавад. Дар доираи мубориза бо идеологияи ифротгароии динӣ-сиёсӣ мо бояд, пеш аз ҳама, бо унсурҳое, ки таҷовузу зӯровариро тарғиб менамоянд, мубориза барем. Тарҳрезӣ ва амалинамоии барномаҳое, ки дар онҳо ғояҳои ватанпарварию худшиносӣ меҳвар аст, метавонанд таҳрикбахши ташаккули шуури ҷамъиятии мусбат ва садди паҳншавии ғояҳои динӣ — ифротгароӣ гарданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо уламои кишвар барҳақ гуфта буданд, ки «ифротгароӣ, таассуб, хурофот, коштани тухми хусуматҳои динӣ ва мазҳабӣ, дар роҳи дин қурбон шудани одамон, суиистифода намудан аз ислом бо мақсадҳои сиёсӣ, шахсӣ, гурӯҳӣ ва дигар амалҳои манфии барои ҷомеаи муосир хавфнок моро водор месозанд, ки дар ин самт тадбирҳои қатъӣ андешем».
Солҳои аввали давлатдориро бояд ба ҳеҷ ваҷҳ аз хотир набарорем. Он айём бадхоҳон тавонистанд бо истифода аз неруҳои дохилии ноогоҳу беҳувияту ифротгаро давлати тозабунёдро ба коми оташи ҷанги шаҳрвандӣ кашанд. Бар асари нооромиҳо аркони давлатдорӣ фалаҷ, беҳокимиятӣ ҳукмфармо, мардум сарсону саргардону иҷборан муҳоҷир ва даҳҳо мушкили дигар домангири халқамон гардид. Бояд ҳар чӣ зудтар тадбир андешида мешуд, то низом барқарор гардад. Ба эътидол овардани вазъияти ногувор ва дар кӯтоҳтарин фурсат хотима бахшидан ба ҷангу барпо кардани сулҳу субот аз умдатарин вазифаҳо ба шумор мерафт. Ҳамон вақт Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, ки тавре Роҳбари давлат иброз доштанд: «…дар ҷараёни он нахустин қарорҳо ҷиҳати қатъи ҷангу хунрезӣ, таъмин намудани суботу оромӣ, сарҷамъ сохтани миллати тоҷик ва барқарорсозии сохти конститутсионӣ қабул карда шуданд».
Мо бояд ҳушёру зирак ва сарҷамъу муттаҳид бошем, Ватани азизро аз ҷон бештар дӯст дорем, бо истифода аз мавқеи шаҳрвандӣ бо меҳнати ҳалолу содиқона барои таҳкими пояҳои давлатдории навину соҳибистиқлоламон саҳми бориз гузорем ва фарзандонро дар ҳамин рӯҳия ба воя расонем.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсияти барӯманд, диловар, ояндабин ва сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ мебошанд, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ роҳи мушкил, пурмашаққат, тоқатшикан ва хатарнокро бо ҳамроҳии мардуми диёр якҷоя тай карда, дар ҷодаи сарварӣ муваффақ шуданд. Бо кӯшишҳои пайваста, ҷонбозӣ, ҷоннисориҳои ӯ мо ба ин рӯзҳои муборак, сулҳ, ваҳдат, якдилӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, ҳамдигарбахшӣ, бунёдкорӣ ва созандагӣ расидаем. Одамони қадршинос ва дардошно таърихи гузаштаро омӯхта, хотири фарзандони содиқ ва барӯманди миллатро пос медоранд.
Нотавонбинон ба ғайр аз бечоранолӣ ва таънаю маломат барои мардуми тоҷик ягон кори шоиста ва арзандаро анҷом надодаанд. Медонем, ки ин тоифа аз шуҷоату ҷасорату мардонагии пойдору устувори Сарвари давлат ҳарос доранд, зеро ин марди соҳибдил миллати пошхӯрдаву дилсардгардидаро ба ҳам оварданду талошҳои ғаразноки бегонагон ба боди фано рафт. Ҳазорон шукр, ки ба қалбҳои сӯхтаю дардолудаи мардуми азияткашидаи кишвар ваҳдати миллӣ даво гашт. Инро тамоми сарварони давлатҳои дунё, Созмони Милали Муттаҳид, сиёсатшиносони шинохтаи олам эътироф ва ҷонибдорӣ кардаанд, ба ғайр аз ба ном мухолифон, зеро онҳо дили пуркину сиёҳ доранду нотавонбинанд.
Парвиз ТАҒОЕВ,
корманди Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии мақомоти гумрук