Аз нишастҳои матбуотӣ

Истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар шаҳри Душанбе афзуд

№28 (4611) 22.02.2023

Хукумати Шахр 12«Ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6-уми январи соли 2022 таҳти №309 «Дар бораи «Солҳои рушди саноат» эълон намудани солҳои 2022-2026» сохтмон ва бунёди 71 коргоҳу корхонаи саноатӣ бо таъсиси беш аз панҷ ҳазор ҷойи кор дар шаҳри Душанбе пешбинӣ гардидааст, ки аз ин шумора то ҳол 17 корхона ба истифода дода шуданд», — гуфт муовини якуми раиси шаҳри Душанбе Ҷамшед Табарзода зимни нишасти матбуотӣ, ки 17-уми феврали соли равон баргузор гардид.

Номбурда, ҳамчунин, афзуд, ки бо мақсади амалисозии ҳадафҳои миллӣ ва саноатикунонии босуръати мамлакат фаъолияти корхонаҳои муосири истеҳсоли маҳсулоти гӯштӣ, ҳасиб, асфалтбарорӣ, сангмайдакунӣ, бетон ва қолинбофӣ оғоз бахшида шуд.

Зикр гардид, ки истифодаи самараноки иқтидорҳои нав, роҳандозии истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир, воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда ҷиҳати афзоиш ёфтани соҳаи саноати шаҳр дар соли 2022 заминаи мусоид фароҳам овард.

Дар давраи мавриди назар ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар соҳаи коркард, аз ҷумла нассоҷӣ, дӯзандагӣ, чарм, маснуот ва пойафзол 102,5 фоиз, коркарди чӯбу тахта ва истеҳсоли маҳсулот аз чӯб, фаъолияти табъу нашр ва коғаз 123,2 фоиз, истеҳсоли маҳсулоти фарматсевтӣ 2,6 маротиба, металлургӣ ва маснуоти тайёри филизӣ 1,8 маротиба, таҷҳизоти барқӣ 1,9 маротиба ва истеҳсоли воситаҳои нақлиёт 141,1 фоиз афзуд.

Мувофиқи маълумоти оморӣ, Маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ дар ин давра ба 22,5 миллиард сомонӣ баробар гардида, суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 108,1 фоиз ва саҳми он дар Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 19,5 фоизро ташкил дод.

Т. Ҳафизуллоҳ,

«Садои мардум»