Бисту дуюми феврали соли равон таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомад баргузор гардид.
Дар оғози чорабинӣ Маҳмадтоир Зокирзода иброз намуд, ки Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1993 бо ибтикор ва талошҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шароити басо ноорому мушкил таъсис ёфта, марҳилаҳои ниҳоят вазнинро тай кардааст. Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат бо вуҷуди мушкилоти зиёде, ки дар тӯли солҳои гузашта дар ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии кишвар ҷой доштанд, тадриҷан ба неруи тавонои ҳарбӣ табдил ёфта, ҳоло ба сипари боэътимоди Ватан ва таъминкунандаи амнияти мамлакат мубаддал гаштааст.
Сипас раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Шоҳмурод Рустам дар бораи таърихи таъсисёбии Артиши миллӣ хотирнишон намуд, ки истиқлолияту озодӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ ба мардуми шарифи Тоҷикистон ба осонӣ муяссар нашудааст. Бо таъсири қувваҳои бадхоҳи дохилию хориҷӣ кишварамон ба ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд, ки боиси қурбониҳои азими ҷонӣ, талафот ва хисороти бузурги сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавӣ гашта, асосҳои давлатдорӣ фалаҷ гардиданд. Таърихи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол низ шаҳодати ин набардҳои шадиди сиёсию геополитикӣ мебошад. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Мо Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар шароити ниҳоят вазнину ҳассоси иқтисодӣ ва ҳарбиву сиёсии кишвар, яъне дар рӯзҳое, ки мамлакатро ҷангу хунрезӣ, беқонуниву беҳокимиятӣ ва буҳрони шадиди иқтисодӣ фаро гирифта буд ва ҳамаи сохтору мақомоти давлатӣ фалаҷ гардида, хатари аз байн рафтани давлати ҷавони Тоҷикистон ва пароканда гардидани миллати тоҷик, воқеан, ба миён омада буд, таъсис додем».
- Баъд аз соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон ҳарчанд роҳбарияти онвақтаи ҷумҳурӣ дар бобати созмон додани Артиши миллӣ кӯшишҳое аз худ нишон дода бошанд ҳам, вале он бо сабабҳои объективӣ ва субъективӣ амалӣ нагардиданд. Аввалин маротиба зарурати таъсиси Вазорати мудофиа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар банди 2 Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон шудани истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 9- уми сентябри соли 1991 пешбинӣ шуда буд. Нахустин кӯшиш дар ин замина Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24- уми декабри соли 1991 «Дар бораи ташкил намудани Горди миллӣ» буд. Баъдтар, 4 — уми январи соли 1992 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ташкил намудани Кумитаи мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон», 10 — уми июни соли 1992 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсиси Горди халқӣ» ва 17- уми сентябри соли 1992 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсиси Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба табъ расида бошанд ҳам, вале вобаста ба авзои носолими сиёсӣ ва мураккаби оғози истиқлолияти давлатӣ имконият ва шароити таъсиси яке аз рукнҳои асосии давлати соҳибистиқлол, яъне Артиши миллӣ ба Тоҷикистон муяссар нагардид, — гуфт Шоҳмурод Рустам.
Зикр гардид, ки аз давлатҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ танҳо Тоҷикистон аз инфрасохтор, техникаю лавозимоти ҷангии артиши собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ бархӯрдор нашуд.
Танҳо баъд аз баргузории Иҷлосияи ХУI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бунёди Артиши миллӣ ба таври воқеӣ корҳои амалӣ сурат гирифтанд.
18 — уми декабри соли 1992 Қарори Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва қарор дар бораи роҳбарии фаврӣ, идоракунии мутамарказ ва сафарбаркунии неруҳои мусаллаҳи сохторҳои низомӣ бо мақсади ҳар чӣ зудтар ба эътидол овардани вазъияти сиёсӣ, таъмини амнияти миллӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон қабул гардид, ки роҳбарии он ба дӯши Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вогузошта шуд. Аз ҷониби дигар ба тасвиб расидани ин қарорҳо заминаи ҳуқуқиро барои ташкили Артиши миллӣ фароҳам овард. Ҳамин тариқ, 23 — юми феврали соли 1993 дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе бори нахуст паради ҳарбӣ баргузор гардид, ки он рӯз расман санаи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шуд.
- Хизмати Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун бунёдгузори Қувваҳои Мусаллаҳ ва сохтору воҳидҳои ҳарбӣ дар он аст, ки дар марҳилае, ки қувваҳои мусаллаҳи зиддидавлатӣ ва гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ аз рӯи шумораи умумӣ аз неруҳои низомии давлатӣ бартарӣ доштанд, тавонист, ки стратегияи мушаххаси ҳам мубориза бар зидди гурӯҳҳои зиддидавлатӣ ва ҳам созмон додани Артиши миллиро муайян карда, онро амалӣ намояд, — таъкид намуд Шоҳмурод Рустам.
Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Файзалӣ Идизода дар мавзӯи «Асосҳои ҳуқуқии ташкил ва фаъолияти Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» баромад карда, аз ҷумла гуфт, ки дар солҳои аввали истиқлолияти давлатӣ сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби қӯшунҳои сарҳадии Хадамоти федералии амнияти Федератсияи Россия ҳифз карда мешуданд. Ҷиҳати таҳти назорати худ қарор додани сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фармони Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18-уми декабри соли 1992 таҳти № 981 дар назди Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби 1200 нафар аъзои Фронти халқӣ Бригадаи таъиноти махсуси марзбонон таъсис дода шуд. Бо фармони Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28-уми декабри соли 1992 Раёсати ҳифзи сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сохтори Кумитаи давлатии амнияти миллӣ таъсис дода шуда, Бригадаи таъиноти махсус ба сохтори раёсати мазкур ворид гардид.
Дар солҳои аввали ташкили артиш, сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби хизматчиёни ҳарбии Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва шаҳрвандони мамлакат, ки дорои маълумоти ҳарбӣ ва ё дар эҳтиёт қарор доштанд, пурра карда шуда, асосан дар он солҳо Артиши миллӣ бар зидди неруҳои мусаллаҳи мухолифин амалиёти ҳарбӣ мебурд. Ҷиҳати танзими муносибатҳо ва ташкили мақоми ваколатдори давлатӣ дар самти ҳифзи сарҳади давлатӣ, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи феврали соли 1997 Кумитаи ҳифзи сарҳади давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфта, баъдтар он ба Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шуд.
- Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон аз 27- уми июни соли 1997 санади ниҳоят муҳим мебошад, ки дар асоси он низои мусаллаҳонаи дохилӣ дар кишвар хотима ёфта, ваҳдати миллӣ дар кишвар барқарор гардид. Дар ин давра дар ҳайати Артиши миллӣ се навъи Қувваҳои Мусаллаҳ — Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ, Қӯшунҳои хушкигард, Қӯшунҳои зудамал ва воҳидҳои дигари низомӣ ташкил карда шуд, — иброз намуд Файзалӣ Идизода.
Зикр гардид, ки то соли 2005 ҳафзи сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз марзбонони Федератсияи Россия пурра ба зиммаи сарҳадбонони Ҷумҳурии Тоҷикистон гузашта, қувваҳои сарҳадии мамлакат пурра аз иҷрои ҳифзи сарҳади давлатӣ баромада истодаанд.
Муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Гулбаҳор Ашӯрзода дар мавзӯи «Рушди Артиши миллӣ дар даврони соҳибистиқлолии кишвар» баромад карда, гуфт, ки гарчанд Артиши миллии мо пас аз соҳибистиқлолии давлати ҷавонамон дар вазъияти ниҳоят мушкили иқтисодиву иҷтимоӣ таъсис дода шуд, вале дар натиҷаи андешидани ҳамаи тадбирҳои зарурӣ аз ҷониби роҳбарияти Давлату Ҳукумати кишвар ҷузъу томҳои он дар як муддати начандон тӯлонӣ барои ҳифзи марзу буми аҷдодӣ ва дастовардҳои истиқлолияти мамлакатамон омода гардиданд.
Албатта, Қувваҳои Мусаллаҳ дар ҳар давру замон барои ҳар як кишвари соҳибистиқлол пояи матин, кафили бехатарию таъминкунандаи ҳаёти осоиштаи мардум ба ҳисоб меравад ва ин мактаби мардонагӣ меҳру муҳаббати фарзандро нисбат ба падару модар боз ҳам бештар намуда, ба онҳо дарси зиндагиву ҷавонмардиро меомӯзад. Аз ин рӯ, ҳар як падару модарро зарур аст, ки ҳисси ватандӯстиро аз хурдӣ дар дили фарзандони хеш ҷо намуда, онҳоро баҳри иҷрои қарзи шаҳрвандӣ ба хизмати ҳарбӣ раҳнамоӣ ва аз адои хизмати онҳо дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, ифтихор намоянд, то ин ки ба дигарон намунаи ибрат гардад, — гуфт Гулбаҳор Ашӯрзода.
Узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Абдуҳалим Ғаффорзода аз мушкилиҳои солҳои аввали соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ ёдрас шуда, таъкид кард, ки сарфи назар аз вазъи номусоиди ҳарбию сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ, дар кишвар Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба тақвияти Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат имкониятҳои мавҷударо оқилона ва дурандешона дар амал татбиқ намуданд. Дар натиҷа, мушкилиҳо паси cap гардида, ҳайати Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба яке аз артишҳои касбии минтақа табдил ёфт.
- Ватандӯстию садоқат бояд барои ҳар як фарди ҷумҳурӣ мактаби бузурги эътиқод, далерию ҷавонмардӣ бошад, зеро фарзандони ватандӯсту ба арзишҳои олии инсонӣ садоқатманд ва нигаҳдорандаи оини ватандорӣ метавонанд дар лаҳзаҳои душвор ҷон ба каф гирифта, марзу буми Ватанро дифоъ кунанд,- иброз намуд Абдуҳалим Ғаффорзода.
Мушовири калони Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Моҳираи Гулмурод зикр кард, ки ягон давлат бе Артиши миллии муқтадир ва муҷаҳҳаз пойдор нест, зеро артиш сипари боэътимоди давлат, кафили амният ва зиндагии осоиштаи мардум ба ҳисоб меравад.
- Баробари соҳибистиқлол шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи аввалин иқдомоти Пешвои миллат, сарфи назар аз ҳама мушкилот, ба вуҷуд овардани Қувваҳои Мусаллаҳ буд. Яке аз нахустин қарорҳое, ки таҳти раёсати Роҳбари тозаинтихоби давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, ташкил намудани Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, — гуфт Моҳираи Гулмурод.
Дар хотима Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода таъкид кард, ки Артиши миллӣ сипари боэътимоди давлату ҳукумат ба ҳисоб рафта, таърихи ба даст овардани он ба кору пайкори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайвандӣ дорад.
- Имрӯз бо ифтихор изҳор менамоем, ки мардуми шарифи Тоҷикистон дар симои Қувваҳои Мусаллаҳ ҳомиёну муҳофизони боэътимоди худро мебинанд ва дилпурона бо роҳи бунёдкориву созандагӣ пеш мераванд. Итминони комил дорам, ки афсарону сарбозони шуҷои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба савганди худ содиқ монда, минбаъд низ бо сарварию роҳнамоиҳои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рисолат ва уҳдадориҳоро дар назди давлат ва мардуми кишвар бо сарбаландӣ иҷро намуда, тамоми донишу таҷриба ва малакаву маҳорати худро ба хотири ҳифзи дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ сафарбар менамоянд,- иброз намуд Маҳмадтоир Зокирзода.
Хӯҷаназар АМИНИЁН,
Сайфиддин СУННАТӢ,
«Садои мардум».
Суратгир Неъматулло АЛИЕВ