Шаҳри Ваҳдат: Қарзи истифодаи неруи барқ дар афзоиш аст

№29 (4612) 24.02.2023

ВАХДАТ- Соли 2022 Шабакаҳои барқи шаҳри Ваҳдат 454,9 миллион кВт/соат неруи барқ қабул карда, 323,3 миллион кВт/соати онро ба маблағи 102 миллиону 303 ҳазор сомонӣ фурӯхтааст.

Талафоти барқ 131,5 миллион кВт/соатро ташкил медиҳад, ки 28,9 фоиз буда, ҷамъоварии маблағи неруи барқи истифодашуда 81 фоиз, аз ҷумла аз ҳисоби аҳолӣ 71,5 фоизро ташкил медиҳад. Қарздорӣ аз истифодаи неруи барқ аз ҳисоби ташкилоту муассисаҳо ва аҳолӣ 110 миллиону 574 ҳазор сомонӣ ва корхонаву идораҳо 29 миллиону 502 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли қаблӣ 18 миллиону 730 ҳазор сомонӣ ё 15,4 фоиз афзудааст, — гуфт раиси шаҳр Мирзо Исмоилзода 15-уми феврали соли 2023 зимни нишасти матбуотӣ.

Зикр шуд, ки бахшида ба ҷашни 35 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди 808 иншооти гуногун, аз қабили корхонаҳои саноатӣ, тандурустӣ, маориф, варзиш, фарҳанг, хизматрасонӣ ва бинои истиқоматӣ, ба нақша гирифта шуд. Дар ин давра 25 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, дар 157 иншоот корҳои сохтмонӣ идома доранд.

Ба ифтихори солҳои 2022 — 2026 «Солҳои рушди саноат» соли 2022 бо ташаббуси соҳибкорони маҳаллӣ нуҳ корхонаи саноатӣ дар самти истеҳсоли хӯроки моҳӣ, равғани растанӣ, хишти пухта, маҳсулоти сохт­монӣ ва сангҳои ороишӣ ба истифода дода шуд.

Мирзо Исмоилзода иброз дошт, ки «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Ваҳдат барои солҳои 2021- 2025» 220 лоиҳаро ба маблағи 1 миллиарду 71 миллион сомонӣ дар бар мегирад. Солҳои 2021- 2022 бояд 200 лоиҳа ба маблағи 441 миллиону 742 ҳазор сомонӣ амалӣ мегардид. Мутаассифона, дар ду сол 126 лоиҳа ба маблағи 272 миллиону 300 ҳазор сомонӣ (61,6 фоиз) ба иҷро расидааст.

М. ЗОКИР,

 «Садои мардум»