Аз нишастҳои матбуотӣ

Бақияи қарзи андозҳо кам гардид

№29 (4612) 24.02.2023

НАЛОГ (2)Соли 2022 аз ҳисоби андоз ва пардохтҳои дохилӣ ба буҷети давлатӣ 15 млрд. 387 миллион сомонӣ ворид шуд, ки нисбат ба нақшаи тасдиқшуда 594 миллион сомонӣ ва нисбат ба нақшаи аниқшуда, бо назардошти дар баъзе аз шаҳру ноҳияҳо қабул гардидани буҷетҳои иловагӣ 537 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин бора раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Давлатзода 16-уми феврали соли равон зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Номбурда афзуд, ки иҷрои қисми даромади буҷети давлатӣ нисбат ба солҳои қаблӣ беҳтар гардида, дар ин давра нақшаи андози иҷтимоӣ аз ҳисоби корхонаҳои ғайрибуҷетӣ ва андоз аз арзиши иловашуда таъмин нагардид.

Иттилоъ дода шуд, ки бақияи қарзи андозҳо то якуми январи соли 2023, дар маҷмӯъ, 728 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 78 миллион сомонӣ кам мебошад.

Соли 2022 аз тарафи мақомоти андоз нисбат ба андозсупорандагони қарздор зиёда аз 13 ҳазор қарор оид ба маҷбуран ситонидани андозҳо ба маблағи 886 миллион сомонӣ қабул гардида, аз ин ҳисоб ба буҷет 884 миллион сомонӣ ворид шуд, ки нисбат ба маблағҳои дар соли 2021 воридшуда 21 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Дар давраи зикршуда зиёда аз 17 ҳазор ҳолати ҳуқуқвайронкунӣ ошкор ва шахсони дахлдор ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, ба онҳо ба маблағи умумии 206,6 миллион сомонӣ ҷаримаҳои маъмурӣ татбиқ гардид. Аз ин ҳисоб он ҷаримаҳо, инчунин, аз ҳисоби ҷаримаҳои солҳои қаблӣ ба буҷети ҷумҳуриявӣ 251 миллион сомонӣ маблағ ворид шуд, ки нисбат ба соли 2021- ум 25 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Шарофат АБДУЛВОҲИДОВА,

«Садои мардум»