Аз нишастҳои матбуотӣ

Ноҳияи Рӯдакӣ: 2200 гектар замин бе об монд

№29 (4612) 24.02.2023

Раиси н. Рудаки 2Иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Рӯдакӣ Абдуғаффор Ҳикматуллозода дар нишасти матбуотие, ки 15-уми феврали соли равон доир гардид, ба хабарнигорон оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия дар соли 2022 маълумот дод.

Бино ба гуфти ӯ, дар ин давра буҷети ноҳия 201 миллиону 818 ҳазор сомонӣ ё 109 фоиз иҷро гардид, ки аз нақша 16 миллиону 245 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Нақшаи қисми даромади буҷети ноҳия 176 миллиону 456 ҳазор сомонӣ ё 109,2 фоиз таъмин гардид, ки ин аз нақша 14 миллиону 983 ҳазор сомонӣ зиёд аст. Қисми хароҷот бошад, 221 миллиону 543 ҳазор сомонӣ иҷро шуд, ки 99,3 фоизи нақшаро нишон медиҳад.

Маълум гардид, ки дар ин давра корхонаҳои саноатии ноҳия истеҳсоли маҳсулоти саноатиро ба маблағи 612,6 миллион сомонӣ ё 117,1 фоиз таъмин намуданд, ки дар қиёс ба соли қаблӣ 94,6 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Нақшаи андози иҷтимоӣ 60 миллиону 223 ҳазор сомонӣ ё 103 фоиз иҷро гардида, қарздорӣ ва ба таъхир мондани пардохти музди меҳнат ва андози иҷтимоии кормандони ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ вуҷуд надорад.

Бино ба гузориши иҷрокунандаи раиси ноҳия, истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳама шакли хоҷагидорӣ ба 661 миллиону 924 ҳазор сомонӣ расидааст. Дар ин давра 35 ҳазору 727 тонна ғалладона, 10 ҳазору 248 тонна картошка, 27 ҳазору 42 тонна сабзавот, 7847 тонна меваҷот ва 1760 тонна ангур истеҳсол шудааст.

Соли 2022 чун солҳои пешин дар баъзе минтақаҳои заминҳои обёришавандаи кишоварзии ноҳия мушкилоти беобӣ боқӣ мондааст. Аз ҷумла, 400 гектар замини корами обӣ дар деҳоти «Гулистон», 1200 гектар дар деҳоти «Лоҳур» ва 600 гектар дар деҳоти «Султонобод» бе об монданд.

Муҳаммад ЗОКИР,

«Садои мардум»