Аз нишастҳои матбуотӣ

Ошкор гардидани 247 миллион сомонӣ зарари молиявӣ

№29 (4612) 24.02.2023

Коррупсия (3)- Мутахассисони самти назорати давлатии молиявӣ дар вазорату идораҳо, мақомоти ­иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, субъект­ҳои хоҷагидори давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ 483 тафтишу санҷиши молиявӣ гузаронида, 247 миллион сомонӣ зарари молиявиро ошкор намуданд, — гуфт зимни нишасти матбуотӣ 17-уми феврали соли равон директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Султонзода.

Бино ба гуфти ӯ, тавассути чораҳои андешидашуда аз ин маблағ 264 миллион сомонӣ ба манфиати давлат барқарор карда шудааст.

Воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи агентӣ 2155 ҷинояти коррупсионӣ ва иқтисодии хусусияти коррупсионидошта нисбат ба 1176 нафар, инчунин бо дигар моддаҳои Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ки 918-тои он ба гурӯҳи ҷиноятҳои вазнин шомиланд, ошкор намуданд.

Муфаттишони агентӣ 901 парвандаи ҷиноятиро ба пешбурд қабул намуда, тафтиши пешакии 681 адади онро нисбат ба 826 нафар ба анҷом расонидаанд.

Дар давраи сипаригардида баррасии саривақтии 3513 муроҷиати шахсони воқеию ҳуқуқӣ таъмин гардидааст, ки 1104 талаботи арзкунандагон қонеъ ва нисбат ба 2257 муроҷиат қарорҳои дахлдори қонунӣ қабул шуда, 152 муроҷиат бо сабаби беном будан мавриди баррасӣ қарор дода нашуда, як муроҷиат дар баррасӣ қарор дорад. Дар як вақт аз ҷониби роҳбарияти агентӣ 402 шаҳрванд қабул гардида, аз рӯи муроҷиати онҳо чораҳои қонунӣ андешида шудааст.

Шарофат АБДУЛВОҲИДОВА,

«Садои мардум»