Дар тантанаи ҷашнӣ ба ифтихори 30 — солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар қисми низомии №0124-и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қисми низомии 41008В-и Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Ҳисор, доир гардид, намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, шуъбаи кор бо занон ва оила, бахши кор бо ҷавонон, собиқадорони меҳнат ва ҷанговарони башардӯст, падарону модарон ва муҳассилини муассисаҳои таълимии шаҳр ширкат намуда, афсарону сарбозони ин қисмҳои низомиро табрику таҳният гуфтанд.
Сипас, намояндагони Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, падару модарон, ҷавонон ва хонандагони муассисаҳои таълимӣ бо шароити зисти сарбозон, аз ҷумла хонаи хоб, ошхона, ҷойи шустушӯй, китобхона ва варзишгоҳ шинос шуданд.
Муҳаммад ЗОКИР,
«Садои мардум»