Чӣ ҳол доред, афсарону аскарони шуҷои ватан?

№29 (4612) 24.02.2023

WhatsApp Image 2023-02-24 at 10.15.17Қисми ҳарбии 12019 — и Қӯшунҳои зудамали Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахти кишвар — шаҳри Душанбе ҷойгир буда, он ба таркиби баталиони сулҳҷӯёнаи Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дохил аст. Клуби марказии артиши Вазорати мудофиа низ дар ин қисми низомӣ фаъолият дорад, ки варзишгарони он дар мусобиқаҳои байналмилалӣ пайваста иштирок мекунанд.

Дар арафаи ҷашни 30-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ба қисми низомии мазкур сафар карда, аз шароити кору хизмат бо афсарону сарбозон шинос шудем.

МОДАРИ СЕРФАРЗАНД

Сардори анбори хӯрокаи қисми ҳарбӣ Олима Сиярова зиёда аз 23 сол аст, ки дар Қувваҳои Мусаллаҳ хизмат мекунад. Ӯ бо ифтихор аз собиқаи хизмати ҳарбӣ ҳарф мезанад. Мегӯяд, хизмат дар сафи артишро мактаби мардонагӣ меноманд, ки комилан дуруст аст, аммо дар баробари ин нақши занонро дар ташаккули артиш набояд нодида гирифт.

Дар рафти суҳбат бо мавсуф аз рисолати модарӣ сухан кушодем, ки воқеан, зан — модар дар хона ҳам масъули пур кардани дастархон ҳангоми хӯроки саҳару нимирӯзиву шоми оила аст. Аз ин рӯ, дар муддати фаъолияти ҳарбӣ, ки ҳамасола садҳо нафар ба хизмат омадаву ҳамин қадари дигар рухсат мешаванд, апаи Олимаро метавон модари серфарзанди кишвар муаррифӣ кард.  Ӯ комилан ба андешаи мо мувофиқ буданашро иброз дошта, бо ифтихор аз фарзанди зиёд доштанаш ҳарф зад:

- Бале, ман се фарзанд ба дунё оварда, ба воя расонидаам ва аз рӯйи фарҳанги хонадории миллати тоҷик модари серфарзанд ба ҳисоб намеравам, аммо, бо дарназардошти он ки 23 сол бо сарбозон сарукор дорам, метавонед, бе ягон дудилагӣ, маро серфарзандтарин модар муаррифӣ кунед. Дар ин муддат шумораи фарзандҳои ман ҳазорҳо нафарро ташкил медиҳад.

Вақте ки Олима Сиярова ин нуктаро зикр кард, меҳру муҳаббати самимии модарӣ дар чеҳрааш бармало буд. Ӯ бо ҳамон меҳри модарона суханашро идома дод ва зикр кард, ки борҳо дар кӯча ва ё ҷойи дигар одамони зиёди ношинос омада гарм аҳволпурсиаш мекунанд. Вақте ки пай мебаранд, ки нашинохтааст, худашонро муаррифӣ менамоянд. Маълум мешавад, ки чунин нафарон замоне хизмати ҳарбиро дар қисми низомие адо кардаанд, ки масъули хӯрокааш Олима Сиярова аст.

- Ҳамасола садҳо нафар мераванду ҳамин қадар меоянд. Солҳо мегузарад ва бинобар рушди синнусолӣ дар қиёфаи инсон ҳам тағйироте ба вуҷуд меояд. Аз ин рӯ, ҳолате мешавад, ки як нафарро пас аз 5 ва ё 10 сол вомехӯраму дар шинохт душворӣ мекашам», — мегӯяд О. Сиярова.

Вақте мавсуф ин суханро мегуфт, як навъ оҳанги хиҷолатро дар суханаш эҳсос кардем. Хиҷолат аз он, ки ин модари серфарзанд баъзан фарзандонашро то шинос накунанд, намешиносад…

АЗ ХОНАИ ДИДОРБИНӢ ТО ГИРЯИ АСКАРОН

Бино ба гуфти муовини командири қисми ҳарбӣ оид ба ақибгоҳ Нозилҷон Зиёев, дар ин ҷо шароити бисёр хуб ташкил шудааст. Сарбозоне, ки оиладоранд, дар як моҳ ду маротиба ҷавоб дода мешаванд. Дар баробари ин, хонаи дидорбинӣ ташкил шудааст, ки ҳангоми аз минтақаҳои дур ба аёдати сарбозон омадан, метавонанд як шабонарӯз дар ин ҷо истанд. Агар оилаи сарбоз ҳам биёяд, метавонад, як шабонарӯз бо шавҳараш бошад.

- Артиши мо ҷавон аст, сисола шуд. Масалан, ман таҳсилоти олии ҳарбиро дар Федератсияи Россия гирифтам. Бубинед, артиши Россия 300-сола аст, аз мо нав сисола. Аммо дар ҳамин сӣ сол артиши мо ба дастовардҳои зиёд ноил шуд. Имрӯз чӣ яроқу лавозимоти ҷангие, ки дигар давлатҳо доранд, артиши мо ҳам дорад, — иброз дошт дар аввали суҳбат ӯ.

Муовини сардори ситоди Қисми ҳарбии мазкур Шаҳзод Ҷамҳуров дар оилаи афсар ба дунё омадааст. Ӯ мегӯяд, ҳар дафъае ки падарамро дар либоси низомӣ медидам, ифтихор мекардам ва хоҳиши низомӣ шудан дар дилам пайдо шуд. Ӯ касбашро дӯст медорад. Аз он ҷиҳат, ки худ бо нони ин касб ба воя расида, фарзандонашро низ бо нони ин пеша ба камол мерасонад.

Аз Шаҳзод пурсидем, ки барои ба низому тартиб одат кардани навсарбозон чӣ қадар вақт лозим мешавад? Гуфт, ки атрофи як моҳ лозим аст, ки ба тартиботи қисми низомӣ ҷавонон мутобиқ шаванд, аммо баъзеашон чунон ба хизмати ҳарбӣ дилбастагӣ пайдо менамоянд, ки пас аз адои муҳлати сарбозӣ ва рухсат шудан ба хонаҳояшон, ҳатто гиря мекунанд.

Муовини командири қисми ҳарбӣ оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ Зиёвид­дин Шарифзода 18 сол таҷрибаи кор дар Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар дорад. Аз ӯ вобаста ба масъулияташ, оид ба раванди корҳои сиёсиву тарбиявӣ дар қисми ҳарбӣ пурсидем. Дар ҷавоб изҳор дошт, ки машғулиятҳои тарбиявӣ пайваста гузаронида мешавад.

- Аскарон дар тӯли як шабонарӯз шаш соат ба машғулияти тайёрии ҷангӣ машғул мешаванд. Рӯзҳои душанбе ва панҷшанбе ахбори сиёсӣ мегузаронем. Рӯзи шанбе хабарҳои ҳуқуқӣ гузаронида мешавад. Машғулиятҳои тайёрии ҷамъиятии давлатӣ рӯзи ҷумъа доир мегардад. Пеш аз машғулиятҳо аввал хабари сиёсӣ ба ҳайати шахсии афсарон ва пропоршикҳо пешниҳод мешавад, — зикр кард ӯ.

Номбурда вобаста ба шароити хизмат изҳор дошт, ки вақте ки соли 2008 донишкадаро хатм карда, ба хизмати ҳарбӣ шурӯъ намуд, музди маошаш 360 сомонӣ буд, аммо ҳоло танҳо байни як сол ду маротиба 25 дарсадӣ, яъне 50 фоиз зиёд шуд, ки нисбат ба он сол шояд зиёда аз 10 маротиба афзуда бошад.

- Имрӯз ба табрики афсарону аскарони қисми ҳарбии мо аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино, инчунин, хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №54 ва Литсей-интернати президентӣ омада, чорабиниҳои фарҳангӣ-фароғатӣ гузарониданд. Падару модарон барои сарбозон хӯроки идона ташкил карданд. Аз чунин муносибат ҳамаи сарбозон хурсанданд, — зикр кард Зиёвиддин Шарифзода.

ОМӮЗИШУ ТАКМИЛИ САРБОЗОН

Мустафо Орзузода як солу 11 моҳ мешавад, ки дар қисми низомии 12019 хизмат карда истодааст. Ӯ мегӯяд, ки пас аз чанд соли муҳоҷирати меҳнатӣ ба Комиссариати ҳарбии шаҳри Роғун рафта, ихтиёран ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ пайвастааст.

- Баъди хатми мактаби миёна ба муҳориҷати меҳнатӣ рафта будам. Пас аз бозгашт бо волидон ба хулосае омадем, ки қарзи фарзандиро назди Ватан иҷро кунам ва ба хизмати ҳарбӣ омадам. Ин ҷо омадан замон мисле ки аз як дунё ба дунёи дигар ворид шудам. Рости гап, дар ин ҷо ман бисёр омӯхтам. Ҳама пастиву баландиҳои зиндагиро дарк кардам. Фаҳмидам, ки ҳеҷ муваффақияте бе меҳнат, ҳеҷ натиҷае бе душворӣ ба даст намеояд, — иброз дошт ҳамсуҳбати мо.

Мустафо мегӯяд, ки то ҳол панҷ маротиба волидонаш ба хабаргирӣ омадаанд ва ӯ ҳам ба дидорбинии онҳо рафтааст. Ҳоло ӯ дар қисми низомӣ ронанда аст. Зиёда аз як сол мешавад, ки вазифаи мазкурро анҷом медиҳад ва чун кораш ба фаъолияти қисми низомӣ кумак мекунад, хурсанд аст.

Хушдил Каримов аз ҷумлаи сарбозонест, ки пас аз хатми коллеҷ бо ихтиёри худ ба хизмати аскарӣ омадааст. Ӯ як сол мешавад, ки дар қисми низомии мазкур хизмати Ватан — Модарро адо намуда истодааст. Аз шароити хизмат ва муносибати афсарону сарбозон розист.

- Дар ин ҷо рӯзи мо бисёр хуб мегузарад, зеро аз рӯи нақша аст. Обутоби бадан мекунем, дарси ҳарбӣ мехонем, корҳои қисми низомиро анҷом медиҳем ва истироҳатро низ фаромӯш намекунем, — гуфт ӯ дар суҳбат.

Хушмеҳр Бадалов нав чор моҳ мешавад, ки ба хизмат омадааст. Ӯ Донишгоҳи молия ва иқтисоди Тоҷикистонро бо ихтисоси кори бонкӣ хатм кардааст. Ният дорад, ки пас аз итмоми хизмати ҳарбӣ таҳсилро давом диҳад.

Ҳамчунин, ҳамсуҳбати мо нақл кард, ки дар қисми низомӣ барои сарбозон омӯзиши забони англисӣ ба роҳ монда шудааст, ки яке аз он толибилмон аст.

Муродбек Муҳиддинов ҳам аз ҷумлаи сарбозони маълумоти олидор аст. Ӯ хатм­кардаи Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон буда, моҳи панҷум мешавад, ки хизмат карда истодааст.

-Хизмати ҳарбӣ василаест, ки мо ба қадри волидону наздиконамон мерасем. Ҳаёти ин ҷо аҷиб аст, — илова кард ӯ.

Довудҷон Қосимов бо вуҷуди хатми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо ихтисоси андоз ва андозбандӣ ҳоло дар қисми низомӣ дарси кимиёшиносӣ меомӯзад. Майдонҳои махсусро, ки шояд амалиёте гузаронида шавад, месанҷад, ки ба ҷони сарбозону афсарон хатаре таҳдид накунад. То ҳол санҷидани обу хокро омӯхтааст. Мегӯяд, ки дар назар аст барои беҳтар омӯхтани касбаш шашмоҳа ба дигар қисми низомӣ интиқол ёбад.

Зубайдулло Раҳмонов дар қисми низомӣ ёрдамчии норинҷакандоз аст. Оиладор буда, мувофиқи қонун сари ҳар чанд вақт ба дидорбинии оилаву фарзандаш меравад.

Фикр дорад, ки дар оянда аз рӯи ихтисос фаъо­лият кунад ва хизмат ба Ватанро идома диҳад.

Ҳамин тариқ, дар қисми ҳарбии 12019 афсарону аскаронро бо рӯҳияи болидаи идона ва вуҷуди пур аз ифтихори ватандорӣ  дарёфтем. Аз суҳбат бо онҳо ба хулоса омадан мумкин аст, ки онҳо ҷавонмардони ғаюру сарсупурдаи Тоҷикистон буда, барои ҳимояи ҳар ваҷаб хоки Ватан омодаанд.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

Шарофат АБДУЛВОҲИДОВА,

Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ,

«Садои мардум»