Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот, ҳамзамон роҳбари ҳайати Тоҷикистон дар Ассамблеяи парлумонии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо Саидмурод Фаттоҳзода дар 22 - юмин ҷаласаи зимистонаи АП САҲА, ки дар шаҳри Венаи Ҷумҳурии Австрия баргузор шуд, ширкат кард.
Дар ҷаласаҳои кумитаҳои умумӣ наздик ба 250 вакил аз 50 кишвари дунё масъалаҳои сиёсӣ, амниятӣ, иқтисодӣ, илмиву технологӣ, гуманитарӣ ва муҳити зист, инчунин демократияву ҳуқуқи инсонро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Муҳаммадато Султонов,
мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон