Мулоқоти Сарвазир бо сокинони аз офати табиӣ зарардидаи шаҳри Хоруғ

№ 24.02.2023

332500823_1312129329375489_8779842379572454113_n20-уми феврали соли равон дар асоси ­дастуру супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сафар кард.

Сарвазири мамлакатро роҳбарони як қатор вазорату кумитаҳо ҳамроҳӣ намуданд. Гурӯҳи корӣ аввал мавзеи офати табиӣ дар маҳаллаи Носири Хусрави шаҳри Хоруғро аз назар гузаронд. Баъдан, Сарвазири мамлакат бо роҳбарону фаъолони вилоят, инчунин, оилаҳои зарардида вохӯрд.

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бори дигар аз номи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат ба ҳама оилаҳое, ки бар асари офати табиӣ дар шаҳри Хоруғ наздиконашонро аз даст доданд, ҳамдардӣ баён карда, ба сокинон, роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, ки дар рӯзҳои сахту сангин ғамшарики азиятдидагон буданду баҳри бартарафсозии оқибатҳои офат аҳлона заҳмат кашиданд, миннатдорӣ намуд.

- Дар асоси дастуру супоришҳои Роҳбари давлат аз рӯзи аввали офати табиӣ Комиссияи ҳукуматӣ ба фаъолият шурӯъ намуда, маҳсулоти ниёзи аввал ба миқдори кофӣ захира шуда, дастраси ҳамаи зарардидагон мегардад. Вале дар ин рӯзҳо ҳифзи сиҳатии аҳолӣ ва бехатарии онҳо аз ҳама муҳим мебошад.

Хонаҳое, ки пурра ё қисман бар асари офати табиӣ зарар диданд, дар мадди назари Роҳбари давлат қарор дошта, барқарор мешаванд, — таъкид кард Сарвазири мамлакат.

Раиси шаҳри Хоруғ Ризо Назарзода зимни баромад гуфт, ки аз дақиқаҳои аввали рух додани офати табиӣ дар маркази вилоят бо дастуру супориши Роҳбари давлат ва раиси ВМКБ ситоди вилоятию шаҳрӣ таъсис дода шуда, тамоми кӯшиш бар он равона гашт, ки то ҳар чӣ зудтар шахсони зери тармамонда пайдо ва ба маҳали бехавф кӯчонда шаванд.

Мавриди зикр аст, ки бо талошу фаъолияти дастаҷамъонаи сокинони вилоят, сохторҳои маҳаллию ҳифзи ҳуқуқ ва ғайра имкон фароҳам омад, ки чанд тан аз кӯдакону калонсолон наҷот ёфта, ҷон ба саломат бурданд. Мутаассифона, бо дарназардошти зиёд будани тарма, 15 нафар дар зери тарма ҷонашонро аз даст доданд.

 Ҳоло зарардидагон муваққатан бо ҷойи зист таъмин буда, вазъи баамаломада бевосита зери таваҷҷуҳи доимии Пешвои миллат қарор дорад. Дар маркази вилоят норасоӣ вуҷуд надошта, сокинони азиятдида муваққатан дар хонаҳои наздикону пайвандон ва 9 оила дар меҳмонхонаи марказии шаҳр бо шароити ниёзи аввала таъминанд.

Сарвазири кишвар дастур дод, ки бори дигар ҳамаи эҳтиёҷи оилаҳоро санҷида, сарулибос, озуқа ва дигар маҳсулоти мавриди ниёзи зарардидагон, ки аз ҷониби Пешвои миллат ҷудо шуд, бояд сари вақт дастраси ҳар як оила гардад.

Гурӯҳи кории Ҳукумати мамлакат бо роҳбарии Сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода, инчунин, бо вазъи саломати шахсоне, ки дар натиҷаи фаромадани тарма осеби ҷисмонӣ бардоштанду айни ҳол дар касалхонаҳои шаҳр қарор доранд, шинос шуд. Таъкид шуд, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои табобати саривақтӣ ва босифати ҳар шахси осебдида ба сохторҳои дахлдор дастурҳои мушаххас дода, барои таъмини онҳо бо маводи зарурии доруворӣ чораҷӯӣ шудааст.

М. ИМОМНАЗАР,

«Садои мардум»