14 феврали соли 2023 дар шаҳри Бохтар нишасти матбуотии раиси вилояти Хатлон баргузор гардид. Муовини якуми раиси вилоят Амонулло Салимзода қайд кард, ки нақшаи андоз, бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 103 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 2 миллиарду 54 миллиону 800 ҳазор сомонӣ маблағ гардид.
Ба соҳаҳо 2454,6 миллион сомонӣ маблағгузорӣ шуда, 2116,5 миллион сомонӣ (87,5 фоиз) ба бахши иҷтимоӣ равона шуд.
Дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят соли 2022 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба 26 миллиарду 41 миллиону 918,3 ҳазор сомонӣ расид.
Ҷиҳати шоиста истиқбол намудани ҷашни 35 – солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят бунёду азнавсозии 6206 бинову иншоот ба нақша гирифта шудааст, ки бештари онҳо коргоҳу корхонаҳои саноатӣ мебошанд. Соли гузашта 128 коргоҳу корхонаҳои саноатӣ бо таъсиси зиёда аз 1600 ҷойи нави корӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Рӯзноманигрон вобаста ба омори барзиёди истеҳсоли картошка, тахриб шудани бинои Театри вилоятии ба номи Ато Муҳаммадҷонов, мушкилоти чор оилаи ноҳияи Кӯшониён, косташавии ҳамкории мақомоти вилоят бо журналистон, хушкшавии ниҳолҳое, ки ҳамасола шинонида мешаванд, норасоии омӯзгорон, вокуниши шахсони мансабдор ба маводи таҳлилӣ, сохтани нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ дар маҳали аҳолинишин ва бунёди хонаи матбуот дар ҳудуди вилоят ба муовини аввали раиси вилоят суол дода, ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд.
Вобаста ба суоли хабарнигори рӯзномаи «Садои мардум» дар вилоят 4 ҳазор тонна пиёз захира асту чаро барои муътадил гаштани нарх ба бозор бароварда намешавад?, Амонулло Салимзода чунин посух дод:
- Яке аз сабабҳои баланд шудани арзиши пиёз он аст, ки соли гузашта наздик ба ҳазор гектар дар ноҳияи Ҷайҳун кам кишт шуд. Асосан, дар вилоят пиёзи барвақтӣ кишт мешавад. Нақшаи имсолаи кишти пиёз 10 ҳазору 700 гектарро дар бар мегирад, ки аллакай 8800 гектари он кишт шудааст. Захира асосан аз ҳисоби пиёзе, ки дар вилояти Суғд кишт мешавад, анҷом дода мешавад. Имсол нақша дорем, ки 2 ҳазор гектарро дар моҳи феврал кишт намоем. Айни замон дар анбору сардхонаҳои вилоят 341 тонна пиёз захира мебошад, ки он давра ба давра ба бозорҳои вилоят бароварда мешавад.
Сулаймон СУЛТОНОВ,
«Садои мардум»