агар маърифати экологии сокинони он боло равад
Ба пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе сабзу хуррамӣ хос аст. Мутобиқ ба меъёрҳои ҷаҳонӣ шаҳрҳое, ки аз 500 ҳазор зиёд аҳолӣ доранд, ҳудуди 14-15 фоизи масоҳати он бояд кабудизор бошад. Дар шаҳри Душанбе ин рақам 22,2 фоизро ташкил мекунад. Бо вуҷуди сердарахт будан ҳар сол боз ҳазорҳо бех ниҳолҳои гуногун ва гулу гулбуттаҳо шинонда мешавад. Айни ҳол гулҳои Душанбе бисёр кӯчаю хиёбонҳоро оро дода, ҳусни пойтахтро дучанд кардаанд. Соли ҷорӣ барои сазовор пешвоз гирифтани 90-солагии пойтахт корҳои ободонию кабудизоркунӣ вусъат ёфтааст. Ин ва дигар мавзӯъҳо вобаста ба вазъи экологии пойтахт дар мусоҳибаи хабарнигорамон бо сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе Абдусалим Ҷӯраев матраҳ гардиданд.
- Айни ҳол вазъи умумии экологӣ дар пойтахти кишвар чӣ гуна аст?
-Тавре маълум аст Душанбе дар мавқеи хуби географӣ ҷойгир мебошад. Гирду атрофи онро талу теппа ва кӯҳҳо печондаю дар миёна ва канори шаҳр дарёчаҳо мавҷуданд, дарахти зиёд дорад ва ҳамаи ин табиист, ки ба вазъи экологӣ таъсири мусбат мерасонад. Илова бар ин, ҳамасола зимни ҳашарҳои умумӣ теъдоди дарахтон ва гулҳои ороишӣ афзоиш меёбанд. Барои мисол, аз тарафи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе соли ҷорӣ аз Шоҳигарии Белгия 3100 бех дарахту ниҳолони гуногун оварда, дар кӯчаву хиёбонҳо ва боғҳои истироҳатии ҳудуди шаҳри Душанбе шинонида шуд. Аз тарафи нозирони Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе якҷоя бо бахшҳои ноҳиявӣ оид ба сабзиш ва нигоҳубини дарахтони аз хориҷи кишвар овардашуда корҳои назоратӣ гузаронида мешавад. Муайян гардид, ки қисме аз ин дарахтон дар ҳолати сусти сабзиш қарор доранд. Аз тарафи нозирони Раёсат санад тартиб дода, ба мақомоти дахлдори шаҳрӣ ва ноҳиявӣ барои нигоҳубини дуруст ва сари вақт андешидани чораҳои агротехникӣ амрнома дода шудааст. Ҳамагӣ 481 бех дарахт ҳангоми интиқол ба кишварамон, бинобар таъсири сардӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Қазоқистон хушк шуданд, ки дар ин бора санад таҳия шуд. Ширкати ин корро анҷомдода онҳоро ҷуброн месозад. Ҳамзамон дар мавсими кабудизоркунии соли ҷорӣ дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе то санаи 20 апрели соли 2014 беш аз 43200 бех ниҳоли ороишӣ, сояафкан ва мевадиҳанда шинонида, масоҳати 50405 метри мураббаъ майсазор карда шуд. Дар доираи «30 моҳи ободонӣ» ба истиқболи 90-солагии пойтахт дар ҳамкорӣ бо Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе ва Ташкилоти ҷамъиятии экологии «Асри XXI» дар боғи Маркази кӯдакон ва наврасон, Хоҷагии ҷангал ва боғи фарҳангӣ-истироҳатии «Ғалаба», боғи «Дӯстии халқҳо» ва маҳаллаи Чортут ба миқдори 460 бех ниҳолҳои ороишӣ шинонида шуд, ки айни замон дар ҳолати хуби сабзиш қарор доранд.
Яке аз омилҳои асосии олуда шудани ҳавои атмосфера ин партовҳои истеҳсолӣ аст. Имрӯз дар шаҳри Душанбе таъсири корхонаҳои саноатӣ нисбат ба солҳои пеш ба муҳити зист хеле паст аст. Сабаби ин аз фаъолият бозмондани бисёр корхонаҳои бузург мебошад, ки даврони шӯравӣ фаъолият мекарданд. Соли 1991 вуруди партовҳо ба ҳавои атмосфера дар шаҳри Душанбе дар як сол зиёда аз 13 ҳазор тоннаро ташкил медод. Тибқи ҳисобҳои оморӣ дар соли 2013 ин рақам ба 2 ҳазору 800 тонна баробар шуд.
-Имрӯзҳо баъзе корхонаҳои хурди истеҳсолкунандаи пластмасса ва оҳангудозӣ пайдо шудаанд, ки аз худ дуди ғализ мебароранд ва ҳаворо ифлос мекунанд.
-Шумо дуруст мушоҳида кардед. Бо вуҷуди он ки хориҷшавии партовҳо аз чунин корхонаҳои навпайдошуда он қадар зиёд нест, аммо ба вазъи экологӣ таъсир мерасонанд, зеро фаъолияти бисёрии онҳо хилофи талаботу меъёрҳои экологӣ мебошад. Дар чунин корхонаҳо техника ва таҷҳизоте истифода бурда мешавад, ки онҳо дар хориҷа фарсуда шудаанд ва соҳибкорони мо ин технологияро бо нархи арзон харидорӣ карда меоранд. Дуюм, дар чунин корхонаҳо аксар вақт қоидаҳои коркард риоя намешавад. Масалан, пеш аз гудохтани оҳану пластмассаҳои ҳархела, ранги онҳо бояд бо истифода аз маҳлули кислота дар ҳавзҳои махсус хориҷ карда шавад. Ин маҳлул нархи гарон дорад, ки истифодаи он барои соҳибони чунин корхонаҳо манфиатовар нест. Бинобар ин, якбора ашёро мегудозанд, ки дар натиҷа дуди ғализу зараровар истеҳсол мешавад. Мо якчанд маротиба рейдҳо гузаронида, тибқи санадҳои тартибдода, танҳо соли ҷорӣ фаъолияти ҳашт корхонаро қатъ намудем.
-Яке аз манбаъҳои дигари ифлосшавии ҳаво ин нақлиёт мебошад. Имрӯз теъдоди нақлиёт дар пойтахт хеле зиёд шудааст…
-Бале, ин ҳолат айни ҳол нигаронкунанда аст. Умуман, дар миқёси дунё хориҷшавии партовҳо аз нақлиёт ба ҳавои атмосфера аз 78 то 82 фоизро ташкил медиҳад. Дар шаҳри Душанбе он наздики 80,2 фоиз мебошад. Бахши милитсияи экологии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми шаш моҳи соли ҷорӣ нисбати соҳибони воситаҳои нақлиёт 133 адад протоколҳои маъмурӣ тартиб дода, барои чораҷӯйӣ ба Раёсат ирсол намуд. Қонунвайронкунандагон ба маблағи 130200 сомонӣ ҷарима супориданд.
- Масъалаи асосӣ дар самти тоза нигоҳ доштани муҳити зисти шаҳр баровардани партовҳои маишист. Дар ин самт чӣ корҳо анҷом дода мешавад?
-Воқеан ҳам, ин проблемаи асосӣ ва ҷиддист. Ҳоло дар шаҳри Душанбе 1168 нуқтаи (майдончаҳо ва шахтаҳои хонаҳои баландошёна) партовҷамъкунӣ мавҷуд аст. Барои қабул ва баровардани партовҳо панҷ корхона – КВД «Партовҳои сахти маишӣ» ва дар ҳар як ноҳияи пойтахт яктоӣ чунин корхона фаъолият мебаранд. Ин корхонаҳо худмаблағгузор ҳастанд. Баъди роҳандозӣ шудани Барномаи «Идоракунии партовҳои сахти маишӣ дар шаҳри Душанбе», ки аз ҷониби Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд маблағгузорӣ мешавад, аз соли 2011 маблағгузорӣ аз Буҷети давлатӣ қатъ карда шуд.
Мушкилот дар он аст, ки пардохти маблағҳои барои сокинони пойтахт муқарраркардашуда хеле суст буда, ба пешрафти кор монеа эҷод мекунад. Дар шаҳри Душанбе барои як сокини хонаҳои заминӣ (ҳавлиҳо) 2 сомонию 20 дирам, хонаҳои баландошёна 1 сомонию 80 дирам ва хонаҳои баландошёнаи шахтадор қариб 2 сомонӣ муқаррар гардидааст. Сарфи назар аз ин омил, бисёриҳо сари вақт маблағҳоро пардохт намекунанд. Ба як нукта таваҷҷуҳи шуморо ҷалб мекунам. Тарзи ҳаёти мардуми мо чунин аст, ки ба хонаи бисёр шаҳрнишинҳо мунтазам аз деҳа меҳмон меояду баъзан зиёд меистанд. Дар ин муддат табиист, ки онҳо ғизо истеъмол мекунанд ва менӯшанд. Фарз кардем, агар бошандагони як хона рӯзе ним тарбуз истеъмол кунанд, ба шарофати меҳмонон ин рақам ба як ё ду дона мерасад. Аз ин ҳисоб партовҳо низ зиёд мешаванд. Масъалаи дигаре, ки боиси ташвиш ва монеаэҷодкунӣ гардидааст, он аст, ки соҳибони мошинҳои шахсӣ (сокинони муқимӣ ва меҳмонон) шабҳо автомобилҳои худро дар ҷое мемонанд, ки роҳи шахтаҳоро маҳкам мекунанд. Мошинҳои партовкашон бошанд, одатан шабона аз чунин ҷойҳо партовҳоро мекашонанд. Мушоҳида мекунем, ки баъзеҳо баъди истеъмоли нӯшокиҳои ташнашикан дар дохили мошин ва ё ҳангоми истироҳат дар соҳили дарёҳо ба куҷое, ки рост ояд, зарфро мепартоянд. Дар назари аввал ин чизҳо одӣ менамояд, вале дар маҷмӯъ ба низому тартиби партовҷамъкунию аз ҳудуди шаҳр баровардани он таъсир мерасонад.
-Дар ҳамин самт, яъне баланд бардоштани маърифати экологии мардум чӣ корҳо анҷом меёбанд?
- Давоми нимсолаи якуми соли 2014 ҷиҳати иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маърифати экологии аҳолӣ» ва «Дар бораи иттилооти экологӣ», инчунин дар асоси талаботи қарорҳои раиси шаҳри Душанбе «Дар бораи ба роҳ мондани системаи ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ, интиқол, безараргардонӣ ва коркарди лампаҳои люминессентӣ ва симобдори аз истифода баромада дар ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе», «Тартиби ҷамъоварӣ, баровардан, коркард ва безарар гардонидани партовҳои сахти маишӣ дар ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе» дар муассисаҳои таълимӣ оид бо баланд бардоштани маърифат ва тарбияи экологии хонандагон 22 суҳбату вохӯриҳо гузаронида шуд. Ҳамзамон барои риояи Маромномаи сокини пойтахт дар доираи баланд бардоштани маърифати шаҳрнишинӣ ва иҷрои Қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе таҳти № 150-15 «Оид ба қоидаҳои тартиботи ҷамъиятӣ, ободонӣ ва санитарӣ дар шаҳри Душанбе» дар шаҳраку маҳаллаҳо суҳбат доир намудем.
Мутобиқ ба нақшаи чорабиниҳои муштараки Раёсати ҳифзи муҳити зист бо Раёсати маорифи шаҳри Душанбе моҳи феврал дар панҷ муассисаи таълимӣ дарсҳои экологӣ гузаронида шуд. Дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Иди байналмилалии «Наврӯз» викторинаи экологӣ дар мавзӯи «Наврӯз – зебоии табиат» дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 60-и ноҳияи Сино бо иштироки намояндагони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати маорифи шаҳри Душанбе, шуъбаҳои маорифи ноҳияҳои пойтахт ва бо иштироки фаъоли мактабиён баргузор ва хонандагони фаъоли муассисаҳои таълимӣ бо ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.
-Имрӯз дар дунё дастрасӣ ба оби тоза ва нигоҳдорию истифодаи ин манбаи ҳаёт боиси ташвиш гардидааст. Ин масъала дар шаҳри Душанбе дар кадом ҳолат қарор дорад?
-Шуъбаи назорати истифода ва ҳифзи захираҳои оби Раёсат дар шаш моҳи соли ҷорӣ тибқи дастуру супоришҳои раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе ва сардори Раёсат барои тозаю пок нигоҳ доштани захираҳои об дар ҳудуди шаҳри Душанбе якҷоя бо бахшҳои ҳифзи муҳити зисти ноҳияҳои шаҳр дар ҳамкорӣ бо Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокуратураи ноҳияи Фирдавсӣ дар самти истифода ва ҳифзи захираҳои об фаъолияти 62 обистифодабарандагонро дар ҳудуди шаҳри Душанбе санҷид. Тибқи нақшаи чорабиниҳои Раёсат дар мувофиқа бо Маркази назорати эпидемиологӣ ва санитарии шаҳри Душанбе каналу дарёҳои ҳудуди шаҳр мавриди санҷиш қарор дода шуд. Дар натиҷа, аз тарафи гурӯҳҳои корӣ 46 санад тартиб дода, барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта 121 пешниҳод ирсол гардид. Нисбати қонуншиканӣ нуҳ адад протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва ба маблағи 960 сомонӣ парванда тартиб дода, аз ин маблағ 780 сомониаш рӯёнида шуд.
Барои вайрон кардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист» ва Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати 270 нафар шахсони мансабдор ва воқеӣ протокол ва қарор дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд, ки маблағи умумии ҷаримаҳо 22180 сомониро ташкил медиҳад. Барои саркашӣ кардан аз супоридани маблағи ҷаримаҳо ба судҳои ноҳиявии шаҳри Душанбе 95 мавод барои рӯёнидани маблағи 9600 сомонӣ пешниҳод гардидааст. Аз ин маблағ 3960 сомониаш тавассути ҳалномаи судҳои ноҳиявӣ рӯёнида шуд. Боқимондааш дар марҳилаи ҳалшавӣ мебошад.
Б.КАРИМЗОДА, «Садои мардум»