Чаро ду корхона аз фаъолият бозмонданд?

№ 24.02.2023

ШАМСИДДИН ШОХИН- Соли 2022 нақшаи қисми даромади буҷет дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин 110,6 фоиз таъмин ва ба буҷет 20 миллиону 727 ҳазору 987 сомонӣ ворид шуд. Иҷрои нақшаи андози иҷтимоии буҷетӣ 96 фоиз ва андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 104 фоизро ташкил дод.

Дар ин бора Гулзода Зафар, раиси ноҳияи Шамсиддин Шоҳин 14 феврали соли равон зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Зикр гардид, ки дар соли сипаришуда аз ҳисоби маблағи мақсадноки буҷетӣ ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ (субвенсия) ба буҷети ноҳия 41 миллиону 933 ҳазору 772 сомонӣ ворид гардид, ки 100 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.

Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия барои солҳои 2021 — 2025 қабул гардид, ки он 124 лоиҳаро дар бар гирифта, маблағаш 361,8 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Дар ҳама шаклҳои хоҷагидории ноҳия истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба 420 миллиону 606 ҳазор сомонӣ баробар гардид. Соли гузашта, дар 14 ҳазору 225 гектар зироати кишоварзӣ кишт гардид, ки нисбат ба соли 2021 -ум 963 гектар зиёд мебошад. Кишоварзони ноҳия дар ин давра 32011 тонна ғалладонагӣ, 4405  картошка, 2534 сабзавот, 2477 полезиҳо, 15 ҳазору 893 меваҷот ва 2880 тонна ангур ҷамъоварӣ намуданд.

Дар давраи мавриди назар ба хориҷи кишвар 1000 тонна маҳсулоти кишоварзӣ  содирот намуданд, ки 300 тоннаи он меваи хушк мебошад.

- Айни замон дар ҳудуди ноҳияи Шамсиддин Шоҳин 13 корхонаи саноатӣ ба қайд гирифта шуданд, ки ду корхона -Корхонаи фаръи давлатии «Кони ангишти Шурообод» бинобар манъ кардани фаъолият аз тарафи Вазорати саноат ва технологияи нави ҷумҳурӣ ва ҶДММ «Шоҳин — С» (истихроҷи тилло) аз сабаби гузаронидани корҳои геологӣ фаъолият накарданд, — иброз намуд раиси ноҳия.

Исломи РАҶАБАЛӢ,

«Садои мардум»