Ноҳияи Сино. Истеҳсоли маҳсулот ба маблағи 1,4 миллиард сомонӣ

№ 24.02.2023

НОХ СИНО4Дар нишасти матбуотии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар соли 2022, ки 16 феврали соли ҷорӣ баргузор шуд, раиси ноҳия Тоҷиддин Саидзода қайд намуд, ки буҷети ноҳия дар умум 103 фоиз таъмин гардида, 996 миллион сомониро ташкил дод, ки 24 миллион сомонӣ аз нақша зиёд аст. Буҷети маҳаллӣ низ 103 фоиз иҷро гардидааст.

Дар ноҳия 243 коргоҳу корхонаи саноатӣ фаъолият дошта, ба маблағи 1,4 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд, ки 121,8 фоизи нақшаи солонаро ташкил медиҳад. Дар корхонаҳо барои 14 ҳазор нафар ҷойи кор  ташкил шуд. Иҷрои корҳои сохтмонӣ ба 1,3 миллиард сомонӣ баробар гардида, дар масоҳати 126 ҳазор метри мураббаъ манзили истиқоматӣ бунёд шуд. 1347 иншооти таъиноташон гуногун бо неруи гармӣ таъмин буда, давоми сол 41 бинои дигар ба шабакаи гармидиҳӣ пайваста гардид.

Ноҳия дорои 664 гектар замини корами обӣ буда, дурнамои кишти асосӣ дар 525 гектар, аз ҷумла 332 гектар баҳорӣ ва 135 гектар тирамоҳӣ пурра иҷро гардид. Ҳамчунин, дар ноҳия 100 ҳазор бех дарахт, 3 миллион гулҳои мавсимӣ шинонда шуд.

-Дар тавозуни МД “Ҳунарҳои мардумӣ” 52 иншоот аст, ки аз ин шумора аз ҷумла 27-тоаш дӯзандагӣ, 6 нонпазӣ ва 4- тоаш ҳунарҳои мардумӣ мебошанд,- зикр намуд Т.Саидзода. Соли 2022 дар муассиса 351 зан ба касбомӯзӣ ҷалб гардиданд.

Н.НИЗОМӢ,

«Садои мардум»