Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум

Ба қонун дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку тағйиру иловаҳо ворид гардид

№31 (4614) 01.03.2023

CTX_8426Якуми марти соли 2023 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ­Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи навбатии Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баргузор гардид.

РАИС: — Вакилони арҷманд!

Хоҳиш мекунам, аз қайд гузаред.

Ҳоло дар толор 59 вакил ҳузур доранд.

Имкон шуд, ки ба кори ҷаласа шурӯъ намоем.

Чӣ гуна андешаҳо ҳаст? Нест.

Мутобиқи моддаи 34 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷаласаи навбатии Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро кушода эълон менамоям.

Вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Дар ҷаласа Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода, муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулмуродзода Карим Гулмурод ва дигар шахсони даъватшуда иштирок доранд.

Вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Ба рӯзномаи ҷаласа ду масъала пешниҳод шудааст, ки нусхаи он дар дасти шумо ҳаст.

Доир ба рӯзнома таклифу пешниҳоди дигар нест? Набошад, хоҳишмандам нисбат ба рӯзнома мавқеатонро муайян намоед.

Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо фарогирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон қабул гардид:

1. Дар хусуси Протокол байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Конфедератсияи Швейтсария дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конвенсия байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Конфедератсияи Швейтсария оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата нисбат ба андозҳо аз даромад ва сармоя аз 23 июни соли 2010

2. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку».

РАИС: — Ба баррасии масъалаҳои рӯзнома шурӯъ менамоем. Аз рӯи масъалаи якум сухан ба муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулмуродзода Карим дода мешавад. Марҳамат.

Карим ГУЛМУРОДЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Ба баррасии шумо лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумхурии Тоҷикис­тон «Дар хусуси Протокол байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Конфедератсияи Швейтсария дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конвенсия байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Конфедератсияи Швейтсария оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата нисбат ба андозҳо аз даромад ва сармоя аз 23 июни соли 2010» пешниҳод шудааст.

Он 23 — юми июни соли 2010 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон аз 22 — юми декабри соли 2010 таҳти №259 тасдиқ (ратификатсия) гардида, қувваи эътибор пайдо намуда, ҷиҳати мутобиқ намудани муқаррароти санади асосӣ ба талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалӣ дар самти андозбандӣ бо ташаббуси ҷониби Швейтсария таҳия шудааст.

Протоколи мазкур тағйиру иловаҳо ба муқаддима, моддаҳои 3 (Мафҳумҳои умумӣ), 1 (Фоида аз фаъолияти соҳибкорӣ), 9 (Корхонаи муттаҳидкардашуда), 26 (Кормандони намояндагиҳои дипломатӣ ва хадамоти консулгарӣ), инчунин илова намудани банди 4 бо истинод ба моддаи 26 «Протоколи баимзорасонидашудаи Конвенсия» ва моддаи нав -28 (Пешгирии суиистифода аз шартнома) — ро пешбинӣ менамояд.

Мақсад аз таҳияи лоиҳаи протоколи мазкур мукаммалгардонӣ ва рушди табодули ахбор байни мақомоти дахлдори давлатҳои аҳдкунанда, аз байн бурдани монеаҳои вуҷуддошта нисбат ба амалҳои андозбандишавандаи резидентҳои давлатҳои аҳдкунанда, инчунин ба танзим даровардани фоидаи андоз­бандишаванда ба шумор меравад.

Қобили қайд аст, ки протоколи мазкур мутобиқи расмиёти муқарраршуда бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 — уми августи соли 2020 таҳти №1581 маъқул дониста, 4 — уми июли соли 2022 аз тарафи намояндагони сатҳи олии ҳар ду ҷониб дар шаҳри Бад-Рагази Швейтсария ба имзо расида, тасдиқи онро аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олиии Ҷумҳурии Тоҷикистон тақозо менамояд.

Бо арзи эҳтиром хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қарори пешниҳодшударо ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Ба маърӯзачӣ ягон савол ё пешниҳод ҳаст? Нест.

Сухани навбатӣ ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Абдусаломзода Мунаввар дода мешавад. Марҳамат.

Мунаввар АБДУСАЛОМЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини арҷманд!

Протокол байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Конфедератсияи Швейт­сария дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конвенсия байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Конфедератсияи Швейтсария оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата нисбат ба андозҳо аз даромад ва сармоя аз 23 — июни соли 2010 дар шаҳри Бад-Рагаз 4 — уми июли соли 2022 ба имзо расида, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Мақсаду муҳтавои протокол дар баромади муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бозгӯӣ гардид ва такрори онро зарур намешуморам.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон протоколи зикргардидаро мавриди баррасӣ қарор дода, онро ҷонибдорӣ намуданд.

Он дар кумита бо тартиби муқарраргардидаи Дастури Маҷлиси намояндагон баррасӣ гардида, расмиёти дохилиро гузашта, ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ буда, ба талаботи санадҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад. Аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоям, ки протоколи мазкурро ҷонибдорӣ намуда, барои тасдиқи он овоз диҳед.

РАИС: — Ба маърӯзачӣ ягон савол ё пешниҳод ҳаст? Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Нест.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси Протокол байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Конфедератсияи Швейтсария дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конвенсия байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Конфедератсияи Швейтсария оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата нисбат ба андозҳо аз даромад ва сармоя аз 23 июни соли 2010» ба овоз монда шуда, тасдиқ гардид.

РАИС: — Ба баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку» шурӯъ менамоем.

Сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи сиҳатӣ Ашӯрзода Гулбаҳор дода мешавад. Марҳамат.

Гулбаҳор АШӮРЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

 Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку» бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид дар ҷомеа бо роҳи муқаррар намудани принсипҳои асосии пешгирӣ, маҳдуд намудани истифода ва ба танзим даровардани муомилоти маҳсулоти тамоку таҳия гардидааст. Он бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Ҷамшед Муртазозода, Рустам Шоҳмурод, Равшан Раҷабзода ва Гулбаҳор Ашӯрзода пешниҳод гардидааст.

Тағйиру иловаҳои пешниҳодгардида чораҳои пешбининамударо вобаста ба таъмини солимии аҳолӣ, алалхусус нисбат ба ҷавонон, тақвият бахшида, онҳоро аз хатари зарар ба саломатӣ эмин дошта, ба рушди минбаъда мусоидат хоҳад намуд.

Лоиҳаи қонуни мазкур расмиёти ҳуқуқиро мутобиқ ба Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кумитаҳо ва раёсатҳои дахлдори Маҷлиси намояндагон пурра гузашта, барои такмили он 113 пешниҳод манзур кардаанд, ки аз онҳо 85 таклиф қабул, 18 — қисман қабул ва 10 таклифи дигар қабул нашуд.

Бо назардошти таклифу пешниҳодҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон лоиҳаи қонуни мазкур мукаммал ва ба талаботи техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ мутобиқ гардонида шуд.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мутобиқ мебошад. Бо арзи эҳтиром хоҳиш менамоям, ки ба ҷонибдории он овоз диҳед.

РАИС: — Ба маърӯзачӣ ягон савол ё пешниҳод ҳаст? Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад?

Сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Ғаффорзода Абдуҳалим дода мешавад. Марҳамат.

Абдуҳалим ҒАФФОРЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Хусусиятҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҳдуд кардани истифодаи маҳсулоти тамоку» он аст, ки ба солимии аҳолии кишвар равона шудааст. Аммо бояд қайд кард, ки ин қонун баъзан аз ҷониби шахсони масъул риоя намешавад. Масалан, мувофиқи моддаи 5 қонуни мазкур фурӯши маҳсулоти тамоку ба ҷавонони то синни 18 ва истифода аз маҳсулоти тамоку дар бисёр ҷойҳои ҷамъиятӣ манъ аст, аммо риоя намешавад.

Чун лоиҳаи қонуни мазкур барои беҳтар кардани ҳаёт ва саломатии мардум нигаронида шудааст, аз вакилони гиромӣ хоҳиш менамоям, ки ба ҷонибдории он овоз диҳанд.

РАИС: — Ба маърӯзачӣ ягон савол ё пешниҳод ҳаст? Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад?

Сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Бобоҷониён Ранохон Маҳмудзода дода мешавад. Марҳамат.

Ранохон БОБОҶОНИЁН:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку» панҷ сол мешавад, ки мавриди амал қарор дорад. Имрӯз бошад, ба баррасӣ лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба қонуни мазкур бо ташаббуси ҳуқуқи қонунгузорӣ аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷ. Муртазозода, Р. Шоҳмурод, Р. Раҷабзода ва Г. Ашӯрзода пешниҳод гардида, ба ҳифзи саломатии инсон, хусусан ноболиғон ва занони ҳомила, равона мегардад. Дар ҳама замону макон дар паси истеҳсол, воридот, содирот, нигоҳдорӣ, фурӯши яклухт ва чаканаи маҳсулоти тамоку манфиатҳои иқтисодӣ меистад. Дар дуди тамоку тахмин 3000 элементи химиявӣ вуҷуд дорад. Солҳои охир дар баробари тамоку системаҳои электронии таҳвили никотин истифода мегардад, ки гӯё камзарар аст. Лоиҳаи қонуни мазкур ҷорӣ намудани муносибати ягона ҷиҳати танзим, фурӯш ва истифодаи ҳама намуди маҳсулоти тамоку, аз ҷумла нос, кашидани тамоку бо чилим, инчунин сигорҳои электронӣ, пешбинӣ менамояд. Ҳамчунин, лоиҳаи мазкур як қатор маҳдудиятҳо барои истифодаи маҳсулоти тамоку ва системаҳои электронии таҳвили никотинро пешниҳод менамояд. Тибқи моддаи 6 истифодаи он дар дохили бино ва ҳудуди ташкилотҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фарҳангӣ, варзишӣ, сайёҳӣ, динӣ ва илмию таълимӣ, дар дохили биноҳои маъмурӣ, утоқҳои кории ташкилотҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ, дар дохили бинои меҳмонхонаҳо, хобгоҳҳо ва корхонаҳои хӯроки умумӣ, ба истиснои ҷойҳои махсуси барои тамоку кашидан ҷудокардашуда, дар дохили ҳамаи намуди нақлиёти ҷамъиятӣ ва таксӣ, дар дохили бино ва дар ҳудуди фурудгоҳҳо, истгоҳҳои роҳи оҳан ва нақлиёти автомобилӣ, ба истиснои ҷойҳои махсуси барои тамокукашӣ ҷудокардашуда, дар нақлиёти истифодаи шахсӣ, ки дар онҳо кӯдакони то ҳаждаҳсола ё зани ҳомила ҳузур доранд, дар дохили бинои осоишгоҳҳо, ҳудуди майдончаҳои кӯдакон, даромадгоҳҳои биноҳои истиқоматӣ, лифт, гузаргоҳҳои зеризаминӣ манъ аст.

Хоҳиш менамоям, ки ба ҷонибдории лоиҳаи қонуни мазкур овоз диҳед.

РАИС: - Ба маърӯзачӣ ягон савол ё пешниҳод ҳаст?

Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Нест.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку» ба овоз монда шуда, қабул гардид.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку» ба овоз монда шуда, тасдиқ гардид.

РАИС: — Масъалаҳое, ки ба рӯзномаи ҷаласа пешбинӣ гардида буданд, баррасӣ шуданд.

Доир ба рафти ҷаласа эроду пешниҳод ҳаст? Нест.

Вакилони муҳтарам, як қатор вакилон ва кормандони Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ифтихорнома ва медалҳои Ассамблеяи парламентии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил қадрдонӣ шудаанд. Ҳоло бо истифода аз фурсат мукофотҳои мазкур супорида мешаванд.

Сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Матробиён Саодатшо дода мешавад. Марҳамат.

Муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъи­ятӣ ва иттилоот Саодатшо Матробиён қарорҳои шӯроҳои Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Ассамблеяи парлумонии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъиро дар бораи сарфароз гардонидани як қатор вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва кормандони Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон, медал ва ифтихорномаҳо қироат намуда, мукофотҳо аз ҷониби Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Маҳмадтоир Зокирзода дар вазъияти тантанавӣ супорида шуд.

РАИС: — Онҳоеро, ки тибқи қарорҳои шӯроҳои Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Ассамблеяи парлумонии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ бо нишон, медал ва ифтихорномаҳо сарфароз гардиданд, табрик мегӯям.

Барои иштироки фаъолона миннатдорӣ намуда, ҷаласаро пӯшида эълон менамоям.

Хӯҷаназари АМИНИЁН,

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ