Ё барои ғасбу бунёди ғайриқонунии манзили зист болои абадӣ хуфтагони «Мазори шаҳидон»-и Шарора, кӣ ҷавоб мегӯяд?
Заминларзаи сахти сию чор сол қабл соати 5:02 дақиқаи субҳ дар шаҳраки Шарора ва деҳаҳои Оқули болою Оқули поёни ноҳияи Ҳисор рухдода на танҳо сокинони Тоҷикистонро, балки мардуми кишварҳои сайёраро ғамгин кард. Дар он шабу рӯзҳои фоҷиа аз тамоми гӯшаву канори ҷаҳон, новобаста ба мансубияти миллию нажодӣ ва динию мазҳабӣ, сели барқияҳои ҳамдардӣ ирсол мешуданд. Он субҳ гӯё балои азиме падид омад. Осмони пурситора якбора тира гардид. Бар асари заминларза пораи азими кӯҳ канда шуда, селобаи лойқа хурду калонро чун ботлоқ фурӯ мебурд. Мардум дар муқобили деви офат даҳшатзадаю оҷиз буданд ва ягона коре, ки онҳо карда тавонистанд аз таги хок берун баровардани ягона каси зиндамонда — Шарора буд.
Комиссияи ҳукуматии таъҷилан таъсисёфта ба ҷойи ҳодиса омад ва дар рӯзи дуюми ин фоҷиа, ки кофтуков дигар маъно надошт, мавзеи офат мазори умумии шаҳидон эълон шуд. Баъдан атрофи мазор, як қисми хонаҳои барҷомонда, фермаи чорводории бо 23 говдӯшу чорвояш зери хокмонда, девор гирифта шуд. Дар ниҳоят «Мазори шаҳидон» осорхонаи кушода эълон гардид. Ин ҷо аз оҳан «Лавҳаи хотира» сохтанду дар як канори он санги хоро гузошта, ба хотири шаҳидон чанд сатр навиштанд, ки алҳол аз он нишоне намондааст. Дар атрофи лавҳа барои зиёраткунандагон дарахтони сӯзанбарг шинонда, курсиҳо гузошта, роҳрав бунёд намуданд. Ҳамон сол барои хонаводаҳои зиндамондаю зарардида дар ҷойи дигар манзил сохта доданд.
Беш аз понздаҳ соли баъд аз ҳодиса мазор дар ҳолати муқаррарӣ қарор дошт, вале баъдан ба ҳолати риққатовар расид. Барои баъзе сангдилон макони чаронидани чорво, манбаи ҳосил намудани гӯшту шир, инчунин, партовгоҳ шуд. Илова бар ин, болои мазор хонаҳои истиқоматӣ сохтанд. Мазор аз мадди назари масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Ҷамоати шаҳраки Шарора дур монда, маҳале гардидааст, ки ба он чашм ало кардаанд.
Дар рӯ ба рӯи мазор шанбеи ҳар ҳафта бозори чорво баргузор мешавад.
То даромадгоҳи мазор тавассути роҳи калон тақрибан 100-150 метр роҳ рафтан лозим меояд. Дар заминҳои паҳлуи девори он бахшида ба 20 — солагии фоҷиаи «Заминларзаи Ҳисор» ҳанӯз моҳи феврали соли 2009 бо ташаббуси масъулини Ҷамоати шаҳраки Шарора ва сокинону хешу ақрабои зерихокмонда бештар аз 300 ниҳоли гуногуни мевадиҳанда шинонида, ба қавле боғ бунёд карданд. Мутаассифона, аз бемасъулиятии сокинони маҳаллаҳои атрофи мазор қисме аз дарахтон хушкидаву бештари онро решакан кардаанд.
Дарвоза ва деворҳояш ниҳоят таъмирталабанд. Ба чанд хонаи истиқоматии болои мурдагон сохташуда наздик шудем. Аз дохили ҳавлӣ ва ҳар гӯшае ба мо менигаранду вале ба рӯямон дари ҳавлиро боз намекунанду сӯямон омадан намехоҳанд. Ба ҳар ҳол тавонистем, ки бо чанде аз онҳо дар суҳбат шавем. Тамоми ҳуҷҷатҳои лозима сертификати замин, шиносномаи техникии манзил ва ғайраро бо муҳру имзо дар даст доштанд. Шахсони масъул ба ҳуҷҷатҳои мазкур муҳру имзо пахш карда, хуб медонистанду ва медонанд, ки дар ин мавзеъ бунёди манзили истиқоматӣ манъ аст. Вале ин корро раво дидаанд. Дар асоси кадом қонун? Шояд гӯед, ки ғами имрӯзиёнро хӯрдаанд. Ҳаргиз! Касе, ки ба гузаштагон эҳтиром намегузорад, барояш зиндаҳо ҳам қадре надоранд. Ҳама хуб медонанд, ки соҳиб шудан ба як ваҷаб замин ба чӣ арзише ба даст меояд, агар не, ниёзмандон дар ҳудуди Ҷамоат нестанд, ки аз дигар ҷойҳо омада, маскун мегарданд? Аҷиб, ки ин ҳама «бартарият» дар пеши чашми мақомоти давлатӣ сурат гирифтаву касе ба он монеъ нашуд.
Бо чанде аз ишғолгарони мазор ҳамсуҳбат шудем, ки оё шабҳо осуда хобашон мебарад ва ғизоҳои гӯшту шири аз алафу сабзаҳои мазор ҳосилгардида аз гулӯяшон мегузарад. Посух гирифтем, ки албатта, чунки ин бори аввал нест, ки қабристонҳоро ба маҳали зист табдил медиҳанд. Дуруст, лекин ин ҷо на онҳое хуфтаанд, ки бо марги муқаррарӣ фавтидаанд, балки қабристони бародарист, «Мазори шаҳидон», на қабристони одӣ. Қабристонҳои куҳнаро баъд аз 40 – 50 сол кофтаву боқимондаҳои ҷасадҳоро гирифта, дар дигар дафнгоҳҳо гӯр мекунанду баъд иморату иншооте месозанд. Дар ин мазор бошад, дар болои қабри мурдаҳо хона ва оғилу ҳоҷатхонаҳо сохта истодаанд.
Аз дарвозаи болопӯшидаи даромадгоҳи мазор ва дарахтони зиёди атрофи он ному нишоне намонда буд. Аз рӯи нақли ҳамсуҳбатонам на танҳо шабонгаҳ, ҳатто дар рӯзи равшан ҳамаро кандаю бурида буданд. Тавре маълум гардид, албатта, ин кор бо иҷозати масъулини Шуъбаи ҳифзи муҳити зисти вақти шаҳри Ҳисор сурат гирифта будааст.
Бо супориши раиси вақти ноҳияи Ҳисор соли 2012 ба ин ҳудуд кӯчонидани бозори калони масолеҳи сохтмонии ноҳия сурат гирифта, нуқтаи сӯзишворӣ, корхонаи истеҳсоли «сементблок» ва чанд адад мағоза қомат афрохтанд. Ишғолгарон худсарона деворҳои бетонии атрофи мазорро канда, роҳи мошингузар ҳам сохтанд. Ҳатто дар паҳлуи девор аз дохили мазор боз як нуқтаи дигари хиштрезӣ ташкил карда, аз хоки дохили мазор истифода мекарданд. Имрӯз дар ҷои он хонаи истиқоматӣ бунёд ёфтааст.
Ҳамроҳонам қабристони муқаррарию умумии деҳаҳои атроф ва шаҳраки Шарора (воқеъ дар паҳлуи «Мазори шаҳидон») — ро нишон доданд, ки бо мурури замон пур гаштааст. Қабристон дар ҳолати ниҳоят хуб қарор дошт. Нишонае аз таҳқир ва беҳурматӣ нисбат ба хуфтагони ин манзили хомӯшон дида намешуд. На партовгоҳ ба назар мерасиду на чорвое он ҷо мечарид, зеро барои тозаю озода нигоҳ доштани қабристони умумии деҳа нафареро масъул таъин карданд. Барои нигоҳдории «Мазори шаҳидон» низ дар давоми даҳ — дувоздаҳ соли аввал як нафар шахси ботақворо вобаста карда буданд, ки дохил ва атрофи онро хеле хуб нигоҳубин мекард. Намегузошт нафаре бе иҷозаи ӯ ба дохили мазор сар халонад. Мутаассифона, баъдан шахсони ҳузарбу худписанд пайдо гашта, боғу роғро вайрону гулҳои рангоранги даромадгоҳро решакан карда, заминҳои пушти девори мазорро байни худ тақсим ва ба сохтмони худсарона оғоз намуданд.
Бо раиси Ҷамоати шаҳраки Шарора оид ба ҳолати ҳузнангези имрӯзаи «Мазори шаҳидон» ва дар мавзеи оромгоҳ манзили истиқоматӣ бунёд кардани сокинон суҳбат кардем. Ӯ дар ҷавоб чунин гуфт: — Ғасби «Мазори шаҳидон»-и Шарора аз ҷониби шаҳрвандон ҳанӯз солҳои 2005 — 2006 оғоз гардида, онҳо болои мурдагон хона сохта, ҳатто дохили оромгоҳро ба чарогоҳ табдил додаанд. Мо кӯшиш ба харҷ дода истодаем, ки бо дастгирии роҳбарияти имрӯзаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор ва соҳибкорони ватанӣ дохил ва атрофи оромгоҳи шаҳидони Шарораро ба танзим дарорем.
Раиси шаҳраки Шарора хуб медонад, ки «Мазори шаҳидон» бо «ташаббус»-и масъулини идораҳои дахлдори вақти Ҷамоати шаҳраки Шарора ба ин ҳол гирифтор шудааст, зеро шиносномаи техникии манзил баъди бо сертификати ҳуқуқи истифодаи замин таъмин шудани шаҳрванд дода мешавад. Сертификати ҳуқуқи истифодаи заминро пас аз баровардани қарори раиси шаҳр медиҳанд. Қарори раиси шаҳр низ баъд аз баррасии аризаи шаҳрванд аз тарафи комиссияи ноҳиявӣ оид ба манзил хулосабарорӣ шуда, муроҷиат қонеъ карда мешавад. Дар поёни қарор бошад, имзои раис ё муовини ӯ ҳатман гузошта мешавад. Мурдаҳоро таҳқиру зиндаҳоро фиреб додан чӣ маънӣ дошта бошад? Ё дағал шавад ҳам, магар ишғолгарони мазор худ сутуни дунё шуданӣ ҳастанд?
Шояд баъд аз рӯи чоп омадани матлаби зер масъулин ба хулосае меоянд ва то ҷашни 35 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ободу зебо гардондани «Мазори шаҳидон»-и Шарора саҳми босазо мегузоранду рӯҳи шаҳидонро шод мегардонанд.
Чӣ хуб гуфта шоир:
Зиндаҳо бе мову ту худ зиндаанд,
Мурдаҳоро шод кардӣ, зинда бош!
Муҳаммад ЗОКИР,
«Садои мардум»