Нигаронӣ

Чаро муассисаҳои буҷетӣ маблағи истифодаи барқро пардохт намекунанд?

№33 (4616) 06.03.2023

20230124_112930Афзоиши қарзи истифодаи неруи барқ аз ҳисоби ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ ва сари вақт напардохтани он дар ноҳияи Восеъ аз мушкилотест, ки кормандони Шабакаҳои барқи ноҳияро нигарон кардааст. То 25-уми январи соли 2023 қарзи истифодаи неруи барқ аз ҳисоби корхонаву ташкилотҳои буҷетӣ дар ноҳия ба 980 ҳазор сомонӣ расидааст. Сабаб чист?

Тавре аз Шабакаҳои барқи ноҳия иттилоъ доданд, алҳол қарзи Беморхонаи марказӣ 108 000 сомонӣ, Шуъбаи фарҳанг — 107 000, КВД ­фаръии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» — 265 000, Идораи обу деҳот — 200 000, Идораи беҳдошти замин ва обёрӣ — 5 миллиону 670 ҳазор ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия 254 ҳазору 732 сомонӣ мебошад.

Сармуҳандиси КДФ «Таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партоб» — и ноҳия Баҳром Самадов дар суҳбат изҳор дошт, ки яке аз сабабҳои афзудани қарз ба тавозуни корхона гузаронидани Идораи обу деҳоти ноҳияи Восеъ мебошад.

- Ин қарз аз солҳои пешин аст. Ҳар моҳ маблағи истифодаи барқро пардохт мекунем. Ҳоло бо 2700 сокини ноҳия шартномаи тарафайн дорем. Дар сурати пайдо шудани маблағ қарзи истифодаи барқро пардохт мекунем, — гуфт ӯ.

 Аҳмадхон Атоев, роҳбари техникии ФҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» дар шаҳри Кӯлоб гуфт, ки қарзи барқ аз ҳисоби ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ дар шаҳру минтақаи Кӯлоб боиси ташвиш мебошад. Зикр шуд, ки ҳар моҳ аз буҷети ноҳияи Восеъ 100 ҳазор сомонӣ пардохт мегардад, ки ночиз аст.

Соли 2022 ҷамъоварии маб­лағи истифодаи неруи барқ аз аҳолӣ дар ноҳияи Восеъ 87,3 фоизи нақшаро ташкил дод, ки нисбат ба соли гузашта, 4 фоиз зиёд мебошад. Дар маҷмӯъ, ин нишондиҳанда ба 73,4 фоизи нақша баробар аст.

Соли 2022 кормандони Шабакаҳои барқи ноҳияи Восеъ 3 ҳазору 700 ҳисобкунаки барқии индуксиониро ба электронӣ иваз карданд. Илова бар ин, оид ба сарфакорона истифода кардани неруи барқ мутахассисони Шабакаҳои барқи ноҳия пайваста корҳои санҷишӣ мегузаронанд.

Исломи РАҶАБАЛӢ,

«Садои мардум»