Фоизи онҳо баъд аз таъкиди Роҳбари давлат паст мешавад?
«Ҳар қадар ки аз ҷониби бонкҳо ва ташкилотҳои қарзӣ ба аҳолӣ ва субъектҳои хоҷагидор қарзҳои дастрас зиёд пешниҳод карда шаванд, суръати рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва сатҳи зиндагии аҳолӣ ҳамон қадар баланд мегардад».
Аз Паёми Президенти мамлакат муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
23-юми декабри соли 2022
Мувофиқи маълумоти расмӣ, қарзи дар соли 2022 аз ҷониби низоми бонкии кишвар ба аҳолӣ додашуда 14,1 миллиард сомониро ташкил кард, ки дар муқоиса бо соли 2018-ум 85 фоиз зиёд мебошад. Ҳамчунин, дар панҷ соли охир шумораи қарзгирандагон аз 564 ҳазор то ба 2 миллиону 336 ҳазор расид. Дар ин давра маблағи умумии қарзҳои додашуда 55 миллиард сомониро ташкил кард, ки 36 фоизи он ба соҳибкории истеҳсолӣ рост меояд.
Бақияи пасандозҳои низоми бонкӣ то 31-уми декабри соли 2022-юм 15 миллиарду 507,8 млн. сомониро ташкил додааст, ки дар муқоиса ба ҳамин санаи соли 2021-ум 5 миллиарду 348,5 млн. сомонӣ зиёд аст.
Бо вуҷуди афзудани рақамҳо Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд карданд, ки ҳанӯз ҳам талабот дар самти рушди фаъолияти низоми бонкӣ ҷавобгӯй нест. Аз ҷумла: «Бонки миллӣ якҷо бо Вазорати молия, КВД «Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ва «Саноатсодиротбонк» вазифадор карда мешаванд, ки ҷиҳати ҳавасмандгардонии пасандозгузорон ва паст намудани фоизи қарзҳои ба соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт, махсусан, ба соҳибкории истеҳсолӣ пешниҳодшаванда, инчунин, бо фоизи дастрас афзоиш додани пешниҳоди қарзҳои ипотекӣ чораҷӯӣ намояд».
СЕ БОНКИ МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲИ ПРЕЗИДЕНТ ЧӢ ЧОРА АНДЕШИДАНД?
Вобаста ба таъкиди Сарвари давлат мо бо масъулини Бонки миллии Тоҷикистон, КВД «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ва «Саноатсодиротбонк муроҷиат кардем.
Аз шуъбаи матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон дар мавриди ҷалби пасандозгузорон иттилоъ доданд, ки бонки мазкур ба ташкилотҳои қарзӣ пайваста тавсия додааст, то дар самти ҷалби бештари маблағи озоди аҳолӣ ҳамчун пасандоз, аз ҷумла аз ҳисоби маблағҳои интиқолии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз хориҷи кишвар, чораҳои дахлдор андешанд. Ташкилотҳои қарзӣ низ як қатор корҳоро доир ба ҳавасманд кардани муштариён, аз қабили ҷорӣ кардани шаклҳои нави маҳсулоти пасандозӣ, аз ҷумла гузоштани маблағҳои интиқолгардидаи муҳоҷирон ба пасандоз, паҳн намудани варақаҳои таблиғотӣ, пахши аудиороликҳо бо пешниҳоди ҳавасмандкунанда, баланд бардоштани меъёри фоизи пасандозҳо, пешниҳоди хизматрасониҳои муосири бонкӣ, аз қабили ҳамёнҳои электронӣ, ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ аз тариқи «QR-рамз», «бонкинги мобилӣ», ҳамкории зич бо низомҳои бонуфузи байналмилалии пардохтӣ ба сомон расонида истодаанд.
- Бо мақсади аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ паст кардани фоизи қарзҳои ба соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт додашаванда дар Бонки миллии Тоҷикистон аз соли 2017 гурӯҳи корӣ таъсис дода шудааст. Аз ҷониби гурӯҳи мазкур таҳлилҳои зарурӣ дар самти муайян кардани меъёри фоизи қарз, истифодаи пурраи иқтидори ташкилотҳои қарзӣ ва коҳиш додани ҳиссаи хароҷоти дуюмдараҷа гузаронида мешаванд. Дар натиҷаи чораҳои андешидаи Бонки миллии Тоҷикистон, аз соли 2017 то охири соли 2022 меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ аз 28,18 фоиз то 23,34 фоиз ва бо асъори хориҷӣ аз 21,05 фоиз то 11,97 фоиз паст шуд, — гуфтанд аз Бонки миллии Тоҷикистон.
- «Амонатбонк» дар иртибот бо иҷрои дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбатиашон ба бонк доданд, чораҳои дахлнопазир андешида, фаъолиятро дар самти ҳавасмандгардонии пасандозгузорон ва паст кардани фоизи қарзҳои ба соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт, махсусан ба соҳибкории истеҳсолӣ пешниҳодшаванда, инчунин, бо фоизи дастрас афзоиш додани пешниҳоди қарзҳои ипотекӣ ба роҳ мондааст, — гуфт муовини раиси бонки мазкур Шаҳло Сайфзода.
Аз «Амонатбонк» иттилоъ доданд, ки дар натиҷаи ба таври муосир ба роҳ мондани хизматрасониҳо бақияи амонатҳои шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ 4,9 млрд. сомониро дар соли 2022 ташкил намуд, ки нисбат ба соли 2021-ум 51,8 фоиз афзудааст. Аз ҷумла, пасандозҳои аҳолӣ зиёда аз 2 млрд. сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба соли 2021-ум 24,1 фоиз зиёд мебошад.
- Бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои ба пасандоз ҷалб намудани маблағҳои интиқолии ба ҷумҳурӣ воридшаванда, пасандози муҳлатноки «Ҳамватани бурунмарзӣ» роҳандозӣ шудааст.
Ҳоло дар бонки мазкур 7 навъи пасандози 3-моҳа, 6-моҳа, 1-сола, 2-сола ва 3-сола, «Пасандозҳои то дархостӣ», «Пасандози кӯдакона», «Пасандози нафақавӣ», «Ҳамватани бурунмарзӣ», «Пасандози муҳлатнок», «Пасандози муҳлатнок бо пардохтҳои иловагӣ» ва «Пасандози ҷамъшаванда» мавриди истифодаанд, — иброз дошт номбурда.
Аз моҳи январи соли ҷорӣ дар «Амонатбонк» барои таъмини аҳолӣ бо шуғли доимӣ ва рушди соҳибкории хурду миёна дар соҳаи кишоварзӣ 50 миллион сомонӣ қарз бо 10 фоизи солона пешниҳод шуд.
Алҳол пешниҳоди қарзҳои КВД «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ба муштариён аз 18 то 24 фоизи солона бо пули миллӣ ва аз 4,5 то 10 фоизи солона бо асъори хориҷӣ муайян шудааст.
Мувофиқи оиннома, самти афзалиятноки фаъолияти «Саноатсодиротбонк» дастгирии молиявии корхонаҳои саноатии навтаъсис, амалкунанда ва соҳибкорони инфиродии ба истеҳсоли молу маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва ба содирот нигаронидашуда ба ҳисоб меравад.
Муовини якуми раиси раёсати бонки мазкур Азизшо Ғарибшозода дар мавриди дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин гуфт:
- «Саноатсодиротбонк» бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақшаи чорабиниҳои дохилиидоравиро таҳия карда, онро бо фармоиши дахлдори раиси раёсати бонк тасдиқ намуд. Нақшаи чорабиниҳо аз 7 банд ва 15 зербанд иборат буда, дар доираи он тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад. Аз моҳи январи соли ҷорӣ қарзи «Имконият» барои фаъолияти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки ба хариду фурӯши молу маҳсулот, хизматрасонӣ, ҳунарҳои мардумӣ машғул мебошанд, то 50 ҳазор сомонӣ пешниҳод шуда, фоизи солонааш 10 фоиз аст ва муҳлат то 18 моҳ мебошад.
Ҳамчунин, бонки мазкур навъи дигари қарзро бо номи «Кишоварз» бо мақсади хариди тухмӣ ва нуриҳои минералӣ, боғдорӣ, токпарварӣ, пиллапарварӣ, сохтан ё васеъ гардонидани гармхонаҳои замонавӣ пешниҳод мекунад, ки то 500 ҳазор сомонӣ ва бо 18 фоизи солона дода мешавад. «Рушди истеҳсолот ва содирот» низ аз ҷумлаи қарзҳои пешниҳодкардаи «Саноатсодиротбонк» буда, меъёри фоизи солонааш 16 фоиз аст.
ДИГАР БОНКҲО БА муштариён ЧӢ ПЕШНИҲОД МЕКУНАНД?
Дар баробари бонкҳои зикршуда бо фоизи қарзҳои дигар бонкҳои кишвар низ шинос шудем.
«Бонки Эсхата» бо мақсади дастгирии фаъолияти соҳибкории занҳо қарзи «Имкон»-ро то 500 ҳазор сомонӣ ба муҳлати то 24 моҳ ва бо фоизи солонаи аз 29 то 24 фоиз пешниҳод мекунад. Қарзи «Манзилӣ» барои таъмир ва сохтмони хонаи истиқоматӣ аз 10 ҳазор то 200 ҳазор сомонӣ ба муҳлати то 60 моҳ ва бо 36 фоизи солона, иловатан, дар ин бахш барои харидани хонаи истиқоматӣ аз 10 ҳазор то 350 ҳазор сомонӣ то 120 моҳ бо 26 фоизи солона дода мешавад.
ТАҚХ «Ҳумо» «Қарзи манзилӣ»-ро аз 40 ҳазор то 250 ҳазор сомонӣ ба муҳлати то 60 моҳ ва бо 30 фоизи солона медиҳад. Инчунин, «Ҳумо» «Қарз барои хоҷагии қишлоқ»-ро пешниҳод менамояд, ки барои киштукор дар деҳот ва «Старт Бизнес» нигаронида шуда, ба тоҷир имкон медиҳад, то воситаҳои асосии худро зиёд намояд. Қарзҳо бо фоизи солонаи 30 то 35 пешбинӣ шудаанд.
«Спитаменбонк» ҳам барои мизоҷон навъҳои гуногуни қарзро пешниҳод мекунад. Барои мисол, қарзи махсус бо номи «Ба тиҷорати хурд ва миёна» барои рушди тиҷорати хурд ва миёна то 3 миллион сомонӣ, ки аз 300 ҳазору як сомонӣ то 500 ҳазор сомонӣ бо 22 фоизи солона ва аз 500 ҳазору як сомонӣ то 3 миллион сомонӣ бо 20 фоизи солона мебошанд. Бонки мазкур бо доллари амрикоӣ ва бо 15 фоизи солона қарзи ипотекӣ пешниҳод мекунад.
Сокинон аз «Аввалин бонки молиявии хурд» ҳам барои соҳибкорӣ аз 20 то 27 фоизи солона то 3 миллион сомонӣ ва барои хариди хона бо 20 фоизи солона қарз гирифта метавонанд.
Дар баробари ин, «Бонки Арванд» ҳам қарз барои тиҷорат аз 25 то 36 фоизи солона ва барои манзил аз 28 фоиз пешниҳод мекунад.
БА ҶОЙИ ХУЛОСА
Дар кишвари мо қарз, бахусус қарзҳои ипотекӣ, то андозае дастнорас ҳисобида мешавад. Ба он маъно, ки аз сабаби баланд будани фоизҳо на ҳар муштарӣ аз хизматрасониҳои бонкӣ истифода карда метавонанд. Дар баробари ин, мавзӯи ҷалби пасандозгузорон, ки яке аз омилҳои асосии рушди кори бонкист, ба таври бояду шояд ба роҳ монда нашудааст.
Ҳоло дар кишвар фоизи миёнавазни қарзҳои ипотекӣ ба 20 фоиз баробар буда, нишондиҳандаи мазкур нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта (20,6 фоиз) ба андозаи 0,6 банди фоизӣ камтар мебошад.
Дар баробари ин, масъулини Бонки миллии Тоҷикистон мутмаинанд, ки қарзи ипотекӣ дар ҷумҳурӣ чандон маъмул набуда, яке аз монеаҳои рушди он, агар қобилияти сусти пардохтпазирии аҳолӣ бошад, аз тарафи дигар надоштани манбаи арзону дарозмуҳлати қарздиҳӣ аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ садди дигар маҳсуб мешавад, зеро яке аз сарчашмаҳои захираҳои қарзии ташкилотҳои қарзӣ пасандозҳои кӯтоҳмуҳлати (то 1 сол) ҷалбшуда ба ҳисоб мераванд. Номувофиқатии муҳлати захираҳои ҷалбшуда ва ҷойгиркунии онҳо метавонад боиси дар ташкилотҳои қарзӣ ба вуҷуд омадани хавфи пардохтпазирӣ гардад.
Бояд ёдовар гашт, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини заминаи ҳуқуқии харидории манзили истиқоматӣ бо истифода аз институтҳои қарздиҳии бонкӣ ва ипотека Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ипотека» амал намуда, талаботи иловагӣ бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон, аз ҷумла дастурамали №186 «Дар бораи тартиби додани қарз ва ҳисоб кардани фоиз дар ташкилотҳои қарзӣ» ва «Тавсияҳо оид ба тартиби додани қарзи ипотекии манзил дар ташкилотҳои қарзӣ» танзим гардидааст.
Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ,
«Садои мардум»