Шукри даврони истиқлолият, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯз то рӯз ободу шукуфон ва зиндагии сокинонаш беҳтар мегардад. Бо соҳибистиқлол гардидани кишварамон робитаҳои фарҳангии давлатҳо низ густариш меёбад. Дар ин замина аз 23 феврал то 17 марти соли равон дар бинои Сирки давлатии Тоҷикистон ҳунармандони Сирки калони Москва бо барномаи «Дар олами ҳайвонҳои ромшуда» аз Федератсияи Россия ҳунарнамойӣ менамоянд. Мавриди зикр аст, ки дар ҳайати ҳунармандони сирк инчунин масхарабоз Виктор Василев аз Фаронса низ иштирок карда, бо ҳунару истеъдоди ҷаззобаш диққати тамошобинонро ба худ ҷалб менамояд.
-Дар барнома инчунин ҳунарнамойии дорбозҳо (акробатҳо), гимнастҳои ҳавойӣ ва бозиҳои ҳайвонҳои ромшуда- хирси сибирӣ, маймуни африқоӣ, паланги форсӣ, кенгуруи австралиягӣ ва шутурмурғ ҷой дорад ва хеле ҷалбкунанда мебошад, -гуфт муовини директори Сирки давлатии Тоҷикистон Қурбон Зоиров.
Мирзомалик МУРОДОВ,
донишҷӯйи курси
панҷуми факултети