Пешрафт бе саҳмгузории занон ғайриимкон аст

№33 (4616) 06.03.2023

IMG_7099Сеюми марти соли равон дар толори китобхонаи Маҷлиси намояндагон бо иштироки вакилони ­парлумони касбии мамлакат, кормандони ­масъули дастгоҳи он дар мавзӯи «Ҷанбаҳои ҳуқуқии иштироки занон дар хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» ҳамоиш баргузор гардид.

Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Файзалӣ Идизода иброз дошт, ки занон яке аз иштирокчиёни асосии муносибатҳои ҷамъиятии замони муосир ба ҳисоб рафта, пешрафти аксари ҷанбаҳои ҳаёт бе иштироки онҳо ғайриимкон мебошад.

Бино ба гуфти ӯ, баробарии занону мардон дар сатҳи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаи 17) кафолат дода шуда, минбаъд дар тамоми санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва санадҳои зерқонунӣ ба ин масъала таваҷҷуҳи хоса зоҳир шуд. Тибқи меъёри Конститутсия, ба хизмати давлатӣ шаҳрвандон ҳуқуқи баробар доранд (моддаи 27). Гарчанде дар моддаи мазкур калимаи зан оварда нашуда бошад ҳам, шаҳрванд мафҳуми васеъ буда, фарогири ҳам ҷинси мард ҳасту ҳам зан.

Гуфта шуд, ки соли 1998 бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабули духтарон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат тибқи Квотаи президентӣ оғоз ёфт. Аз соли 1997 то соли 2011 тибқи Квотаи президентӣ 7211 духтари деҳоти дурдаст дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба таҳсил фаро гирифта шуда, пас аз хатми донишгоҳҳо ба соҳаҳои гуногун, аз ҷумла хизмати давлатӣ, ҷалб гардиданд.

Бо мақсади тарбияи занон дар соҳаи хизмати давлатӣ ва баланд бардоштани мавқеи онҳо дар ҷомеа сеюми декабри соли 1999 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» ба тасвиб расид. Дар фармони мазкур ба масъалаи тарбияи кадрҳо аз ҳисоби занон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.

Иштироки занони тоҷик дар паради низомӣ ба муносибати 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фаъолияти онҳо дар вазорату идораҳои қуд­ратӣ, иштироки фаъоли занон дар намудҳои гуногуни варзиш, аз қабили бокс, футбол, камонварӣ, тирпаронӣ, собит сохт, ки занон низ дар баробари мардон дар пешрафти мамлакат ва ҳифзи музаффариятҳои истиқлолияти давлатӣ саҳми бориз доранд, — зикр кард номбурда.

Шарофат АБДУЛВОҲИДОВА,

«Садои мардум»