Ҳаштуми март Рӯзи Модар таҷлил мешавад. Рӯзи шодӣ, андеша, иҷобати дуо, қадршиносӣ ва рӯзи худшиносист…
Модар арзандаи ҳар гуна ситоиш ва қадрдонист, зеро моро нуҳ моҳу нуҳ руз дар батни худ нигоҳ медорад ва бо хости Худованд ба дунё меорад.
Якшаба он ранҷе, ки модар кашид,
Бо ду ҷаҳонаш натавон баркашид.
«Модар розӣ, Худо розӣ» — мегӯянд:
Гар ҳамехоҳӣ ризои Кирдигор,
Рав, ризои волидайнро гӯш дор.
Чун дили эшон зи ту хушнуд шуд,
Гардӣ андар охират худ растагор.
Пас, эй ҷавони зебою таҳамтан, фаромӯш накун, вақте ба дунё омадӣ, гурусна мешудӣ, майл сӯйи пистони модар мекардӣ, дар оғӯши гарму нарми модар меорамидӣ. Маҳз Модар туро сер кард, пӯшонд, алла гуфту парвариш кард. Имрӯз бузург шудӣ, вале қомати модар хамида. Акнун вай муҳтоҷи дасту бозуи пурқувват ва ғамхориву меҳрубониҳои туст. Пас, бишитоб, дуои модарро бигир, дасти модарро бибӯс.
Сар зи модар макаш, ки тоҷи шараф,
Гарде аз роҳи модарон бошад.
Агар модар дар ҳаёт набошад, бо дуо рӯҳашро шод гардон.
Хушо ба ҳоли онҳое, ки модарашон барҳаёт аст. Ба қавли Саъдии Шерозӣ:
Канору бари модари дилпазир,
Биҳишт асту пистон дар ӯ ҷӯйи шир.
Дарахтест болои ҷонпарвараш,
Валад меваи нозанин дар бараш.
На рагҳои пистон даруни дил аст,
Пас ар бингарӣ, шир – хуни дил аст.
Б. КАРИМЗОДА,
«Садои мардум»