Сабоҳат Раҳимзода аз арбобони маъруфи давлатӣ ва ҷамъиятии ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, дар рушду нумӯи Ватани азизамон саҳми босазо гузоштааст. Тӯли беш аз 60 сол дар вазифаҳои гуногуни давлативу ҷамъиятӣ бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва ватанпарварӣ фаъолият намуда, имрӯз низ сарварии ду созмони ҷамъиятиро ба уҳда дорад.
Фаъолияти меҳнатии ӯ овони мактабхонияш — соли 1961 ба ҳайси китобдори китобхонаи ноҳияи Файзобод оғоз гардида, дар вазифаҳои гуногуни ҳизбиву давлатӣ идома ёфтааст. Муддате дар мактаби миёнаи №1-и ноҳияи Қумсангир ба ҳайси омӯзгор дертар мудири шуъбаи кор бо занон, оила ва ҳифзи модару кӯдаки Девони вазирони РСС Тоҷикистон ва муовини вазири маорифи халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Аз соли 1992 то соли 1999 роҳбарии гурӯҳи ҷамъиятии «Кадбону» ва солҳои 1993 — 1995 роҳбарии ширкати серсоҳаи «Сабоҳат»-ро ба уҳда дошт. Аз соли 1999 то имрӯз ба ҳайси раиси созмони ҷамъиятии Ассотсиатсияи миллии занони соҳибкори «Кадбону» ва аз соли 2008 ҳамчун сарвари Иттифоқи занони россиягии ҳамватанони Тоҷикистон фаъолият дорад.
Қаҳрамони матлаб эксперти масъалаҳои гендерӣ ва яке аз аввалин гирандагони Гранти президентӣ оид ба соҳибкорӣ дар байни бонувон ба ҳисоб меравад. Дар таҳия, баррасӣ ва иҷрои чандин барномаҳои давлатӣ оид ба масъалаҳои соҳибкорӣ ва гендерӣ иштирок карда, ҳамчун омӯзгор ва мураббӣ асосҳои соҳибкориро ба бонувон ройгон меомӯзонад.
Дар давраи фаъолият ба ҳайси муовини вазири маориф (солҳои 1991-1993) ба масъалаи тарбия ва донишомӯзии духтарони деҳот таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир менамуд. Шукр мегӯяд, ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои соҳибмаълумот гардидани духтарони деҳот квотаҳои президентӣ ҷудо гардида, ҳазорон нафар духтарон ба ин восита дар донишгоҳу донишкадаҳои мамлакат таҳсил мекунанду соҳибкасб мегарданд.
Бо ташаббус ва роҳбарии ӯ беш аз 20 лоиҳа ва барномаҳои гуногун амалӣ гардидаанд. Ҳоло дар ҳамкорӣ бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе лоиҳаи иҷтимоии «Дастгирии занони Тоҷикистон дар худмашғулӣ бо ёрии технологияи рақамӣ»- ро дар шаҳри Душанбе амалӣ менамояд. Дар доираи лоиҳа ҷиҳати дастгирии хонаводаҳое, ки занон сарварӣ мекунанд, технологияҳои рақамӣ барои таъсис додани тиҷорати хурди ошпазӣ ва қаннодӣ пешниҳод гардида, омӯзиши ин технология бо тарзи оффлайн ва онлайн, ройгон ба роҳ монда шудааст.
Аз он ифтихор дорад, ки дар чандин мулоқоти Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо занон ва соҳибкорон ширкат варзида, барои рушди соҳа пешниҳоди мушаххас намудааст, ки аксари онҳо дастгирӣ ёфтаанд.
Аз ҷумла, соли 2013 дар Форуми ҷумҳуриявии занони соҳибкор таҳти унвони «Бонувони соҳибкори Тоҷикистон: таҷриба, мушкилиҳо, дурнамо» Барномаи давлатии дастгирии соҳибкории бонувонро пешниҳод намуд. Он аз ҷониби Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастгирӣ ёфт.
Дар давраи мавҷудияти худ Ассотсиатсияи миллии занони соҳибкори «Кадбону» барои беҳтар шудани сатҳи зиндагии беш аз 36 ҳазор зан ва оилаҳои онҳо мусоидат карда, ба зиёда аз 3 ҳазор зану духтарон касбу ҳунар омӯзондааст. Илова бар ин, барои якуним ҳазор нафар ҷойҳои нави корӣ фароҳам овардааст.
Ӯ муаллифи беш аз 50 корҳои илмӣ, асарҳои таълимиву методӣ, брошураҳо, буклетҳо ва мақолаву видеофилмҳост. Борҳо вакили шӯроҳо ва маҷлисҳои вакилони ноҳиявӣ ва шаҳрӣ интихоб гардидааст.
Сабоҳат Раҳимзода аз тарғибгарони фаъоли сиёсати пешгирифтаи Ҳукумат бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Имрӯз чор фарзандаш низ дар паҳлуи модари ватандӯст ба нафъи халқу Ватан софдилона заҳмат мекашанд.
Н. НИЗОМӢ,
«Садои мардум»