Назаре ба рӯзгор ва фаъолияти рӯзноманигор, иштирокчии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Яҳёев
Шахси 75 — сола пушти компютер ончунон андармони эҷоду мутолиа ҳаст, ки кас аз танбалии хеш дар хиҷолат мемонад. Рӯзгори омӯзанда, пурифтихор, фаъолияти густурда ва аз ҳама муҳим аз роҳи дурусту касби писандида зиндагии ибратомӯзеро бо нӯги қалам пушти сар дорад. Имрӯз ӯро ба ҳайси як журналист, адиб, ҳамчун инсони комилу тарбиягар мешиносанд. Номбурда Шералӣ Яҳёев мебошад.
Номи Шералӣ Яҳёев ба алоқамандони воситаҳои ахбори омма шинос мебошад. Ӯ дили гарму нигоҳи пештар аз замон дошта, андешааш фарохтар аз андешаи рӯз, андешаҳои миллист. Фарогири ҷузъиёти касбӣ ва воқеан, симои як насл журналистони боҷуръати даврони худро муаррифӣ мекунад. Кӯлвораш аз неъматҳои беҳисобу бебаҳо, иқдомҳои нек ва ибтикороти чашмгири давронаш пур буда, дар айёми истиқлолияти давлатии кишвар боз ҳам пурғановат гардидааст.
Яҳё Абдулло мегуфтанд падари ӯро, ки соли 1930, баъд аз хатми курси дусолаи муаллимтайёркунӣ ҳамроҳи як гурӯҳ омӯзгорони ҷавон аз шаҳри Конибодом бо супориши Раиси КИМТ Шириншоҳ Шоҳтемур ба ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб фиристода мешаванд.
Шералӣ Яҳёев аввалин фарзанди ин марди фидоии таълиму тарбия буд. Ӯ баъд аз хатми гурӯҳи махсуси журналистикаи Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) корро аз ходими адабии рӯзномаи «Ҳақиқати Кӯлоб» оғоз карда, то ба вазифаи муовини якуми сармуҳаррир ифои вазифа намуд. Соли 1985 ӯро сармуҳаррири рӯзномаи «Субҳи меҳнат»-и ноҳияи Муъминобод таъин мекунанд.
Номбурда дар ноҳияи Муъминобод фазои нопурраи иттилоотиро пурра кард. Неруҳои эҷодӣ қудрати дигар пайдо карданд. Аз як таҳлилаш дар ниҳоди кас қуввату дармони фавқулода пайдо мешуд. Шералӣ Яҳёев ҷасорати хоси журналистӣ дошт.
- Ман ягон бор надидаам, ки ӯ ба идораи прокурор, суд ё милиса рафта бошад. Онҳо ба редаксия меомаданд, барои ҳоҷат ва ниёзҳои нашрӣ, — мегуфт ҷонишини сармуҳаррир Саидакрам Давлатзода. (Рӯҳашон шод бод).
- Ӯ ҳамчун тимсоли роҳбарони озмуда, сахтгиру ҳирфавӣ моро ба содаю равон, оммафаҳм, кӯтоҳу гӯё навиштан ташвиқ мекард,- мегӯяд собиқ котиби масъули рӯзномаи «Субҳи меҳнат» Шодӣ Раҳмонов.
Рӯзнома зери назари сахти муассис қарор дошт. Муассис Кумитаи ҳизби коммунисти ноҳия буд. Азбаски рӯзнома дар матбаа дастӣ чоп мешуд, баъзе вақт пас аз як поси шаб низ ба имзо мерасид. Зеҳни сармуҳаррирро пайваста сари вақт ва бехато баровардани шумора машғул мекард.
Он вақтҳо кор тоби дигар дошт ва хеле душвор буд. Маҷбур мешудӣ хабару мақолаҳои ғайритаъҷилиро шаб дар хона нависӣ.
- Мо нав аз дарстайёркунии ҳаршаба халос шудем, боз гирифтор шудем, — ҳазломез мегуфт хабарнигори ҷавон Тоҳир Неъматов.
Ӯ аз сидқ кор мепурсид. Шеваи хоси роҳбарӣ дошт. Майлу рағбате, ки ба касбаш дошт, камназир буд. Ба ростию ҳалолкорӣ одат карда ва ин одат хислати табиии ӯ гардида буд. Пайваста мехост ба ибтикороте даст занад, то вазъи эҷод дар рӯзнома беҳтар гардад. Ба ин ҳам ноил гардид.
- Журналистика кӯтоҳбаёниро талаб мекунад, — мегуфт ӯ, — яъне бо сухани андаки нишонрасу таъсирбахш хулосаи андеша кардан.
Дӯст намедошт, ки журналист дониши касбӣ ва ҷасорат надошта бошад. Ӯ бояд зеҳни дарк дошта, онро бо забони ҳақбаён, завқи фавқулода, дақиқ ва сода ба мардум расонда тавонад. Дар бораи махсусияти эҷод чунин мегуфт: «Сиришти журналист бояд аз се хислат бархӯрдор бошад — аз дониш ва ҷасорату ҳақиқат. Агар дар раги пайдою пинҳонаш ин хислату сифатҳо шараён надошта бошад, пас ӯ лоиқи ин касб нест ва ӯ як носеҳи латифагӯйро мемонад».
Даҳмарда, омӯзгор, деҳқони хокпош, боғпарвари соҳибтаҷриба дар назди ӯ марҳамат дошт. Таъкид мекард: «Ба баёни матлаби дархӯрди таваҷҷуҳи омма машғул шаведу ба тавсифи зиёд дода нашавед, ки он одат мешавад ва чун одат пир шуд, табиат мегардад. Дар ин ҳол шуморо чун вассоф мешиносанд, на чун рӯзноманигор ва рӯзнома ҷолибияти худро аз даст медиҳад».
16 — уми ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ӯ ҳамроҳи Ҳақназар Ғоибов ва Бобоҷон Абдулвоҳидов ба ҳайси котиби матбуот ва ёрдамчии раиси Кумитаи иҷроияи вилояти Кӯлоб ширкат варзиданд. Аз 13 — уми январи соли 1993 то январи соли 2005 вазифаи сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии «Хатлон» ва ҳамзамон раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар вилояти Хатлонро ба уҳда дошт.
- Журналист бояд мактаби омӯзишро дошта, ба насли оянда аз худ он чӣ боқӣ гузорад, ки мояи омӯзишу таҳсини дигарон бошад. Ин касб пешаи ифтихорӣ аст чун пешаи омӯзгорӣ ва бар хилофи баъзе касбҳои дигар умр ва шуҳрати поянда дорад. Имрӯз аз авроқи корномаҳои журналистон, хислатҳои наҷибу гаронмоя, ки илм асту адаб асту одамият ва одамиёна зиндагӣ кардан метавон дарси зиндагӣ омӯхт.
Ҳузури дил мебуд, агар журналист ба ин поя расаду аз ӯ лаҳзае ёд кунанд ва чӣ гуна метавон дар рӯзи ҷашни касбӣ аз онҳо ёд накард, онҳо аз зумраи устодони ангуштшумори моянд, — мегӯяд Шералӣ Яҳёев ва шукр аз он мекунад, ки шахсиятҳои фарҳангӣ, беғараз аз ӯ ёд мекунанд. Аз ин дида барояш шарафи бузургтаре нест.
Х. МИРЗОЕВ,
«Садои мардум»